Дар ҳошияи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо сафири Швейтсария Мартин Саладин баргузор гардид.
Тавре Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар иттилоъ медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкории дуҷониба барои рушди тиҷорат ва иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ, маориф ва тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
“Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдо пешниҳод гардид, ки бо дарназардошти таъсири омилҳои берунӣ маблағгузории Швейтсария барои дастгирии соҳаҳои иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар карда шавад”, – омадааст дар иттилоия.
Швейтсария яке аз шарикони асосии низоми тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар шаш моҳи соли 2022 гардиши савдои дуҷониба 281,7 млн доллари ИМА-ро ташкил дод.