Рӯзи 24-август дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кулоб бозии мавқуфмондаи даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кулоб баргузор гардид. Дидори дастаҳо бидуни гол бо натиҷаи мусовии — 0:0 ба поён расид.
Ин ду дастаи беҳтарини Чемпионати Тоҷикистон рӯзи 28-август, боз бо ҳамдигар вориди майдон мегарданд. Ин навбат дар марҳилаи 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон «Истиқлол» дар майдонаш дастаи «Равшан»-ро қабул менамояд.
Чемпионати Тоҷикистон
Даври 2-юм
«Равшан» – «Истиқлол» — 0:0