Аз 15 то 18 августи соли ҷорӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» барои довталабон аз шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тавре Вазорати фарҳанг хабар медиҳад, ба даври дуюми озмун 228 нафар довталабон аз рӯи номинатсияҳои навозандагӣ, сарояндагӣ ва композиторӣ баромад намуданд.
Ба иттилои манбаъ довталабон бо ҳунару истеъдоди баланди эҷодӣ баромад карда, дар иҷрои оҳангу суруд ва навохтани созҳои мусиқӣ аз худ маҳорату истеъдоди баланд нишон доданд.
Ҳайати ҳакамони озмун таҳти роҳбарии Амирбек Мусозода-оҳангсози маъруфи кишвар ба маҳорати иштирокчиён баҳогузорӣ карда, беҳтаринҳоро ба даври ниҳоӣ роҳхат доданд. Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон ба даври ҷумҳуриявии озмун 80 нафар довталабони бомаҳорату соҳибистеъдод роҳхат гирифтанд.
Акс аз Вазорати фарҳанг