Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба радиои “Тоҷикистон” гуфтанд, дигар дар бозору дӯконҳо, китобҳои дарсӣ фурӯхта намешавад. Аз ин пас хонандагон тамоми китобҳоро аз мактаб дастрас мекунанд.
Тибқи як қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон фурӯши китобҳои дарсӣ дар мағозаву дӯконҳо манъ карда шуд.
Наврўзи Ҷумъамурод мутахассиси пешбари маркази таҳия нашр ва муомилоти китобҳои дарсии илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои «Тоҷикистон» гуфт, то ин дам Вазорат бо тоҷирони китобфурўш шартнома дошт ва онҳоро бо китобҳои дарсӣ таъмин мекард, вале аз моҳи апрели соли равон фурўши китобҳо дар дӯкону мағозаҳо куллан манъ шуд, зеро фурӯш дар бозору дўконҳо боиси сар задании амалҳои коррупсионӣ гардид: «Тоҷирон як қисми ками китобҳоро аз анбори Вазорати маориф ва илм мегирифтанд, аммо баъдан китобҳоро нусхабардорӣ менамуданд. Ин боиси сар задании амалҳои коррупсионӣ шуд, баъдан сифати китобҳо низ паст гардид ва он ба саломатии кўдакон зарар дошт. Сабаби дигараш арзон фурӯхтани он дар бозор буд, зеро вақте онҳо ғайриқонунӣ нашр мекарданд ва боҷи давлатиро намесупориданд, ба ин хотир фурўши он манъ карда шуд».
Вале баъзе аз волидон мегўянд, мутаассифона китобҳое, ки барои се сол маблағаш аз сӯи муассисаи таълимӣ ситонида мешавад хеле гарон аст, ба ин хотир барои рақобат пайдо шудан фурўши озоди онро дар бозор ман намекарданд.
Сӯҳроб як сокини шаҳри Ҳисор, ба радиои «Тоҷикистон» гуфт, барои як фарзандаш, ки дар синфи ибтидоӣ таҳсил мекунад бо 110 сомонӣ аз бозор китоб харид, вале аз мактаб барояш гуфтанд, он қабул нест ва бояд аз муассисаи таълими китоб харад. Сўҳроб мегўяд маҷбур шуд аз мактаб низ китоб харад ва арзишаш мисли бозор аз сад сомон бештар гардид. Сўҳроб мегўяд ҳарчанд ба китобро ба соҳибаш баргардонидан хост, вале китобфурўш онро дубора нагирифт.
Шоҳин яке аз волидайни дигар гўфт: «мутаассифона нархи китоб дар ҳамаи мактабҳо як хел нест, агар як китоби забонро дар як мактаб 15 сомон харед, дар муассисаи таълимии дигар он 20 сомон ва аз он бештар аст». Наврўзи Ҷумъамурод корманди масъули Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гарон шудани нархи китобро рад накард, вале сабабашро дар гарон шудани нархи маҳсулоти палиграфӣ марбут донист: «Баъди маҳдудиятҳо дар даврони бемории КОВИД-19 ва ҷанг миёни Руссияву Украина ноширон як рўлон қоғазро то 1850 доллар ворид мекунанд, дар ҳоле, ки қаблтар арзиши он 1300-1400 доллар буд. Ин боиси он шуд, ки нархи китобҳои дарсӣ низ то 10- 12-фисад боло равад».
Шарифа модари дигар бошад мегўяд Вазорат наметавонад тариқи мактабҳояш тамоми хонандагонро бо китобҳои дарсӣ таъмин кунад, зеро ҳамасола мушкили нарасидани китоб дар мактабҳо мушоҳида мешавад. Ба ин хотир мегўяд ў бояд тариқи дигар василаҳо низ пайдо кардани китобҳои дарсӣ низ вуҷуд медошт. Аммо Наврўзи Ҷумъамурод мутахассиси пешбари маркази таҳия нашр ва муомилоти китобҳои дарсии илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ба хотири рафъи камбудӣ онҳо 2 миллиону 772 ҳазору 740 нусхаи дигар китоб чоп карданд:
Ёдрас мекунем, дар мактабҳои миёнаи кишвар ҳудуди 2 300000 (ду миллиону сесад ҳазор) хонанда таҳсил мекунанд ва дар маҷмўъ ба ҳаммаи макотиби ҷумҳурӣ 3470121 (се миллиону чорсаду ҳафтод ҳазору як саду бисту як) нусха китоб фиристода шуд, вале коршиносон мегўянд барои як талаба, ки аз рўи беш аз 15-17 фан дарс мехонад бояд ба беш аз 10-12 китоб таъмин шавад ва ин миқдор китобҳои фиристодаи Вазорати маориф ба муассисаҳои таълимӣ нокифоят аст.
Саидэҳсони Ҷалолиён радиои «Тоҷикистон»