Футболбози тоҷик – Шериддин Бобоев ба дастаи «Санат Нафт»-и Эрон гузариш кард

Ҳамлагари тими мунтахаби Тоҷикистон Шериддин Бобоев фаъолияти футболбозиашро дар чемпионати Эрон идома медиҳад. Футболбози тоҷик бо бошгоҳи эронии «Санат Нафт»-и шаҳри Ободон шартнома ба имзо расонид.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Эрон боз ду бозингари тими мунтахаби Тоҷикистон — ҳимоятгар Ваҳдат Ханонов дар дастаи «Персеполис» ва нимҳимоятгар Эҳсони Панҷшанбе дар бошгоҳи «Зоб Оҳан» ҳунарнамоӣ мекунанд.

                   Сорбон Амонуллозода