Дар кишвари Босния ва Ҳерсоговина аз 24 то 28 август Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштии ҷудо баргузор мегардад, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа танҳо Аминҷони Абдулфайёз намояндагӣ мекунад.
Тавре Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз 6 қитъаи олам ба ҳам меоянд. Интизор меравад, ки дар ин мусобиқа 484 варзишгар аз 60 кишвар аз рӯи 16 вазн (8 вазн миёни писарон ва 8 вазн миёни духтарон) ширкат варзанд. Тоҷикистонро Аминҷони Абдулфайёз дар вазни то 73 кг зери роҳбарии мураббӣ Аслон Худоиев намояндагӣ мекунад.
Ҳамчунин дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ довари тоҷик – Рамзӣ Шамилов ҷараёни рақобатҳоро доварӣ хоҳад кард.
Варзишгари кишвар Аминҷони Абдулфайёз (-73 кг) рӯзи дуюм сабқатро оғоз менамояд. Рақиби паҳлавони тоҷик ғолиби ҷуфти Тарас Ниелзиев аз Украина ва Наҳид Таргулийев аз Озарбойҷон хоҳад буд.