13-14 август дар шаҳри Актауи Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё (Aktau Asian Open 2022) ба хотираи Турар Жолдибаев баргузор шуд, ки тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон иборат аз 8 нафар дар ин мусобиқа иштирок карда, танҳо як нафар – Абубакр Шеров дар вазни -66кг ба гирифтани медали нуқра даст ёфт.
тавре Кумитаи миллии олимпӣ хабар медиҳад, дар мусобиқа 154 варзишгар аз шаш давлат ширкат карданд.
Абубакр нерусанҷиро аз даври дуюм оғоз карда, бар варзишгари мизбон Азамат Зулжалелов, дар чорякниҳоӣ бар ҷудокори дигари мизбон Болат Билол ва нимфинал бар сеюм ҷудокори мизбон Алмас Галимов пирӯз шуд, вале дар финал аз ҷудокори пуртаҷрибаи мизбон Сунгат Жубаткан бо дарёфти се «шидо» мағлуб ва барандаи медали нуқра гардид.
Варзишгари дигарамон Наврӯз Каримзод дар вазни -73кг ҷои ҳафтумро гирифт.