Бо он ки ба тадриҷ арзиши орд дар бозорҳои истеъмолии кишвар боло меравад, Вазорати кишоварзӣ хабар медиҳад, ҳосили умумии гандуми ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 682808 тоннаро ташкил медиҳад.
Ин вазорат дар хабарномаи худ бо эълони ҳосили ҷамъоваришудаи кишти гандум нагуфтааст, ки ин ҳаҷм дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар кадом сатҳ аст, аммо соли гузашта ҷамъоварии умумии гандум 684,8 ҳазор тоннаро ташкил дода буд. Бо назардошти он ки ҳосили гандум дар баъзе аз минтақаҳои кишвар ҷамъоварӣ нашудааст, шояд имсол ҳам аз сатҳи соли гузашта гандуми бештар рӯёнида шавад.
Ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ майдони кишти гандум дар соли 210438 гектар буда, ба ВМКБ 2059 гектар, вилояти Суғд 46153 гектар, вилояти Хатлон 122581 гектар, Душанбе 524 гектар ва ба НТҶ 39121 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 12.08.2022 майдони даравидашуда дар ҷумҳурӣ 200262 гектар буда, ба ВМКБ 412 гектар, ба вилояти Суғд 42025 гектар, вилояти Хатлон 121090 гектар, Душанбе 524 гектар ва ба НТҶ 36211 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 34,6 сентнер буда, ба ВМКБ 15 сентнер, ба вилояти Суғд 36 сентнер, вилояти Хатлон 36 сентнер, Душанбе 26 ва ба НТҶ 28,5 сентнер рост меояд.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон танҳо ба ҳадди 50-60 фоизи талаботи ҷомеа гандуми мерӯёнад, боқӣ воридотӣ аст.
Тоҷикистон дар сол наздик ба ду миллион тонна гандум ниёз дорад.