Сафари кории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳри Конибодом оғоз гардида, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ иштирок намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Раҳбари кишвар, нахуст Президенти мамлакат дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №10 (Кӯдакистони “Зангӯла”)-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави кӯдакистони “Зангӯла” аз ҷониби мақомоти шаҳри Конибодом ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Иншооти нав дуошёна буда, дорои ҳуҷраҳои алоҳидаи хоб ва машғулиятгузаронӣ, ошхона ва нуқтаи тиббӣ мебошад. Он барои таълиму тарбияи 150 нафар кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Дар идома Сарвари давлат дар маросими ба истифода додани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Конибодом Паранда” ширкат намуданд.
ҶДММ “Конибодом Паранда” дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом бо сармоягузории соҳибкорони вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Самарқанди Ӯзбекистон таъсис дода шуда, барои истеҳсоли гӯшти парҳезии паранда пешбинӣ гардидааст. Фабрикаи парандапарварӣ дар як сол иқтидори истеҳсоли 2 ҳазор тонна гӯшти мурғро дорад.
Фабрикаи парандапарварӣ дорои чор бино буда, дар ин ҷо имкон аст, ки дар як давра 100 ҳазор ва дар панҷ давра, яъне давоми як сол 500 ҳазор сар чӯҷаи гӯштии зоти бройлерӣ парвариш карда шавад.
Баъдан бо ҳузури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимови шаҳри Конибодом хати оби полезиро ба истифода дода шуд.
Хати оби полезӣ барои обëрӣ намудани беш аз 20 гектар замини хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов ва майдони киштзори атроф пешбинӣ шудааст. Чуқурии чоҳ 80 метрро ташкил медиҳад ва бо хати барқи алоҳида таъмин аст. Хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов дар деҳоти Куҳандиëр дорои 19 гектар замини корами обӣ ва 15 гектар боғи зардолу мебошад. Аз масоҳати умумии боғот беш аз 7 гектараш ҳосилдиҳанда аст.
Сипас Пешвои миллат аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони шаҳри Конибодом боздид карданд.
Хоҷагидорон ва дигар сокинони шаҳр дар растаҳои алоҳида ҳосили зироат, аз қабили ғалладонагиҳо, лӯбиëдонагиҳо, сабзавоту полезиҳо, ҳосили зироати техникӣ, картошка, меваҳои шаҳдрез, асал ва дигар маҳсулоти бо меҳнати ҳалол ба дастовардаи хешро ба маъраз гузоштанд.
Пасон бо иштироки Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Маданияти деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом бинои нави муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 15 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иншоот масоҳати беш аз 2 гектарро дар бар мегирад. Бинои асосии муассиса аз ду ошëна иборат буда, дорои 13 синфхонаи умумӣ ва фаннии таълимӣ, инчунин ҳуҷраҳои корию ëрирасон мебошад. Корҳои сохтмонӣ бо дастгирии соҳибкорон ва ҳашари дастҷамъии сокинони маҳаллӣ анҷом ëфтааст.
Гуфта мешавад, бинои нав барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Синфхонаҳои фаннии физика, химия, математика, биология, технологияи иттилоотӣ ва таълими меҳнат бо таҷҳизоту аёнияти замонавӣ таъмин буда, барои хонандагон шароити мусоиди аз худ кардани дониш мавҷуд мебошад.
Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат либосҳои ягонаи мактабӣ ва варзишии дар коргоҳҳои дӯзандагии шаҳри Конибодом истеҳсолшуда муаррифӣ карда шуд.