Варзишгари тоҷик Нуралӣ Эмомалӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Гуаякили Эквадор баргузор гардида истодааст, медали тилло ва 2500 доллари амрикоӣ ба даст овард. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ин варзишкор дар қувваозмоиҳои вазни -66кг дар даври аввал бар намояндаи Италия Валерио Аккоглӣ пирӯз шуда, дар даври дуюм варзишгари Фаронса Максиме Моунданга шикаст дод. Номбурда дар чорякфинал бо варзишгари турк Муҳаммад Демирел вориди рақобат шуда, ӯро низ ноком намуд. Дар нимфинал бар Раду Извориану аз Молдова ва дар финал бар Азизбек Ортиқови узбекистонӣ дастболо шуда, унвони чемпиони ҷаҳонро сазовор гардид.
Қобили зикр аст, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон рӯзи 10-уми август оғоз гардида, дар он 373 варзишгар – 208 писар ва 165 духтар аз 63 кишвар иштирок доранд.
Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 6 варзишгар – Нуралӣ Эмомалӣ (-66кг), Масъуди Аҳмадзод (-73кг), Суннатулло Лоиқов (-81кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81кг), Эмомризо Анварзода (-100кг) ва Мансур Раҳмон (+100кг) намояндагӣ доранд.
Қарор аст, ки Масъуди Аҳмадзод имрӯз, Суннатулло Лоиқов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов 12 август, Эмомризо ва Мансур 13 август нерӯозмоӣ намоянд.