Дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” се мошин ба ҳам бархӯрд

Бар асари садамаи маргбор дар шоҳроҳи “Душанбе-ХуҷандЧаноқ” дар километри 300-ум як нафар ҷон бохтаву чанд тани дигар осеб дидаанд.

Бино ба гузориши маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомобили “Тойота Прадо”, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба худрави “Мерседес-Бенс”-и сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрда, аз роҳ баромада, боз ба худрави “Тойота Раф-4”, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст.

Дар пайи ин мусофири автомобили “Тойота Прадо”, Бунафша Ҳабибуллоева, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.

Манбаъ афзуд, ронандаи автомобили “Тойота Прадо” ва мусофираш ноболиғ, Ҳасанзода Манижа, соли таваллудаш 2010, сокини пойтахт, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.