Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти як қатор муассисаҳо оғоз бахшиданд

Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои нави шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳуриро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои навбунёди шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Истаравшан аз 3 ошёна иборат аст.

Ҳамчунин барои таъмини кормандони ин ниҳод бо манзили зист дар ошёнаи 3-юми бино 4 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зисту зиндагонӣ муҳайё карда шудааст.

Ин бинои дорои маҷлисгоҳ барои 90 нафар, китобхона, ошхона, ҳаммом ва толори варзиш буда, барои кормандон пешбинӣ шудааст.

Сипас Роҳбари кишвар дар маросими баҳрабардории бинои нави шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Истаравшан иштирок намуданд.

Иншооти мазкур аз се ошёна, таҳхона ва 9 утоқи корӣ иборат буда, дар масоҳати умумии зиёда аз 900 метри мураббаъ бо тарҳи зебо сохта шудааст.

Бо мақсади дастгирии кормандон ва таъмини онҳо бо манзили истиқоматӣ, дар ошёнаи 3-юми бинои тозабунёд 4 хонаи 2 ҳуҷрадори муҷаҳҳаз бо тамоми шароити зисту зиндагонӣ сохта шудааст, ки ин амал боиси рӯҳбаландии кормандон гардид.

Пасон Сарвари давлат бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.

Иншоот дар масоҳати 312 метри мураббаъ бо тарҳи муосир аз ҷониби Кумитаи марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, аъзои Ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шудааст.

Бинои нав аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои 8 ҳуҷраи корӣ, ду маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад.

Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан Маҷмааи хизматрасонии “Истаравшан Плаза”-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Эшонов Аскар бо харҷи 8 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Иншоот аз таҳхона ва 13 ошёна иборат буда, иншоот дар майдони 0,9 гектар сохта шудааст. Дар ошёнаи якуми бино мағоза ва маркази хизматрасонӣ, дар ошёнаи дуюм ва сеюм меҳмонхона иборат аз 16 ҳуҷра, аз ошёнаи 4 то 13-ум 36 хонаи истиқоматии 1, 2 ва 3-ҳуҷрадор ҷойгир мебошад.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуд.

Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 110 нафар ятим, ки 89 нафараш хонандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан ва 21 нафари дигар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр мебошанд, мулоқот намуданд.

Ба ятимони муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан сару либоси мактабӣ ва туҳфаҳои пулӣ тақдим гардид.

Бо иштироки Пешвои миллат дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан Маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии “Суғдиён” ифтитоҳ карда шуд, ки он бо харҷи 2 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Зафар Умаров бунёд гардидааст.

Иншоот аз 3 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум фурӯшгоҳи компютерҳои муосир, камераҳои мушоҳидавӣ ва маркази омӯзиши барномаҳои компютерӣ ҷойгир аст. Дар ин ҷо 6 нафар бо кор ва маоши миёнаи аз 1500 то 1800 сомонӣ таъмин гардиданд.

Дар ошёнаи дуюм аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хайрулло Исломов сехи дӯзандагӣ барои истеҳсоли куртаҳои мардона ва бачагона ташкил гардидааст.

Дар коргоҳ 20 адад дастгоҳи дӯзандагӣ ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ харидорӣ ва васл карда шудааст.

26 нафар занони маҳаллӣ бо ҷойи нави корӣ ва бо музди миёнаи меҳнат аз 1200 то 1800 сомонӣ таъмин гаштанд.

Аз тарафи соҳибкорон барои кормандони маркази инноватсионӣ дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои корӣ, ошхона ва маркази истироҳатӣ ташкил гардидааст.

Пасон Раҳбари мамлакат дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан” иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, бинои замонавии Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ бо сарфи 7 миллиону 755 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 1,40 гектар бунёд шудааст.

Корҳои паймонкории биноро коргарони Ҷамъияти саҳомии “МПМК — Уротеппа” анҷом додаанд.

Бинои муассиса аз 3 ошёна иборат буда, коллеҷ аз рӯи 13 ихтисосу равияҳои ҳунарҳои мардумӣ: санъат ва ҳунарҳои бостонии гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, адрасу атласбофӣ ва қолинбофӣ мутахассисони соҳибмаълумот тайёр менамояд.