Масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ имрӯз таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб намуда, ҳамчун масъалаи доғ боқӣ мондааст. Дар нишастҳои матбуотии макотибҳои олии ҷумҳурӣ низ бештар ҳамин масъала мавриди назари намояндагони ВАО қарор гирифт. Посухи роҳбарияти донишгоҳҳои ҷумҳурӣ низ мухталиф мебошад. Дар матлаби худ мо кӯшиш кардем, посухи аксар роҳбарони донишгоҳҳои ҷумҳуриро ба ин масъала пешниҳоди шумо намоем.
Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Қудрат Давлатзода роҷеъ ба масъалаи таъминоти хатмкунандагон бо ҷойи корӣ гуфт, ки “талабот ба мутахассисоне, ки мо омода менамоем, хеле зиёд мебошад. Агар гӯем, ки 90 фисади донишҷӯёни мо бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд, хато намекунем ва бояд гуфт, ки ҳозир хатмкардаи мо бо 1,5 ҳазор сомонӣ кор намекунад, чунки 2,5-3 ҳазор сомонӣ дар иншоотҳои гидроэнергетикиву сохтмони роҳу ва дигар корҳо маош мегиранд”.
Масъалаи норасоии омӯзгорони фаннӣ дар мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ низ нигаронкунанда мебошад, ҳарчанд ҳамасола шумораи зиёди донишҷӯён Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айниро хатм менамоянд. Дар нишасти хабарии ДДОТ ба номи С.Айнӣ зикр шуд, ки хатмкунандагоне, ки тариқи буҷетӣ дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, ҳамасола аз 500 то 540 нафар мебошанд ва ба ҳамаи онҳо роҳхати вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дода шуда, ба шаҳру навоҳии мамлакат сафарбар карда мешаванд. Аммо бо сабабҳои наомадан ба ҷойи кор, даъват шуданашон ба хизмати ҳарбӣ, рафтан ба муҳоҷират ва дигар сабабҳои маълум тарки ҷойи кор мекунанд, ки фоизи камро ташкил мекунанд. Ҳамзамон Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ ба номи С.Айнӣ илова намуд, ки он нафароне, ки тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд, барои рафтан ё нарафтан ба кор озод мебошанд, вале ҳастанд онҳое, ки талабгори ҷойи корӣ ҳастанд ва ҳангоми рафтан ба муассисаи таълимӣ директорону мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо онҳоро бе роҳхат қабул намекунанд. Роҳбарияти донишгоҳ нақша дорад, ки ба вазорати маориф ва илм пешниҳод намояд, то барои донишҷӯёне, ки дар шуъбаи фосилавӣ ва тариқи шартномавӣ муддати 5 сол таҳсил намудаанд, роҳхат ҷудо карда шавад. Он донишҷӯёне, ки шуъбаи фосилавиро ройгон хатм намудаанд ва бо гирифтани роҳхат ба ҷойи кор ҳозир намешаванд, уҳдадор мегарданд, ки маблағи 5-солаи таҳсилро супоранд.
Ҳамзамон Тоҳир Хоҷазода, ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар бозори меҳнат талабот ба хатмкунандагони ДСРТ-ро хуб арзёбӣ намуда, қайд кард, ки пойгоҳи таҷрибавии донишгоҳ дар миёни донишгоҳҳои олии Федератсияи Русия натиҷаи назаррасро ба даст овардааст. Инчунин номбурда таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо 175 донишгоҳҳои бурунмарзӣ ва дигар созмонҳои илмии Русия, ИДМ, Осиё ва Аврупо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки ин барои омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба заминаи мусоид фароҳам меорад.
Усмон Маҳмадёрзода, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ин маврид гуфт, ки дар муқоиса бо солҳои шӯравӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷойи корӣ камтар аст. Аз ин рӯ донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо вазорати кишоварзӣ бо корхонаву коргоҳҳо созишнома ҷиҳати гузаштани таҷрибаомӯзӣ мебандад ва ба ҳамин тариқ донишҷӯёнро дар баробари ҳамасола гузаронидани “Ярмаркаи тақсимоти хатмкунандагон ва таъмини мухассисони ҷавон бо ҷойи кор”, соҳиби ҷойи корӣ менамоянд.
Миралӣ Достизода, ректори Консерваторияи миллии кишвар иброз дошт, ки мо пайваста талош мекунем, то ҷавонони соҳибистеъдодро ҳамаҷиҳата дастгирӣ намоем. Ҳамин аст, ки хатмкардагони Консерваторияи миллӣ аллакай аз курсҳои поёнӣ бо театр ва марказҳои фарҳангӣ ҳамкорӣ намуда, ҳамасола соҳиби ҷойҳои корӣ мегарданд, яъне ҳамаи хатмкунандагони мо бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Маврид ба зикр аст, ки аксаран бе ҷойи кор мондани мутахассисони ҷавон дар надоштани шавқу ҳавас ба касби интихобнамуда, қаноатманд накардани маоши корхона, дилхоҳ набудани муносибати корфармо, вазъи оилавӣ ва дигар сабабҳои маълум дониста мешавад.
Таҳияи Парвина Самандарзода,
радиои “Тоҷикистон”