Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии ҶДММ «Нури Истаравшан»-ро ифтитоҳ ва аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд

10 август дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Истаравшан”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи нави нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ки самти асосии фаъолияти он ба истеҳсоли ҷӯроб, либоси мактабӣ ва либосҳои фармоишӣ равона гардидааст, аз ҷониби муассис ва роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Истаравшан” Исроил Яқубов дар доираи дастгириҳои доимии роҳбарияти олии сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.

Биноҳои истеҳсолии корхонаи “Нури Истаравшан” дар масоҳати  зиёда аз 96 ҳазор метри мураббаъ бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ сохта ва бо дастгоҳу технологияи муосири бофандагию дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Дар коргоҳи нассоҷии корхона 60 дастоҳу таҷҳизоти ҷӯроббофӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва наслу насб гардида, дар он 40 нафар занону духтарони хонанишин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур 800 ҳазор ҷуфт ҷӯроб дар як сол буда, ба иттилои масъулон, оянда бо васеъсозии фаъолият ин нишондиҳанда боз ҳам боло хоҳад рафт.

Ашёи хом, аз ҷумла ресмон барои омода намудани ҷӯроб аз дохили кишвар ва қисман аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас шуда, дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ аз он маҳсулоти ивазкунандаи воридот омода карда мешавад. Ҷӯробҳои истеҳсолии корхона баробари таъмини бозори дохилӣ ба кишварҳои хориҷӣ низ содирот мегарданд.

Аснои шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муосири корӣ ва раванди истеҳсолот иттилоъ дода шуд, ки талаботи солона ба ҷӯроб дар ҷумҳурӣ 70 миллион ҷуфт мебошад ва иқтидори амалкунандаи корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ 73 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як солро дар бар мегирад.

Дар коргоҳ дӯхти либоси ягонаи мактабӣ ба роҳ монда шуда, навтарин технология аз кишварҳои тараққикардаи дунё бо харҷи 25 ҳазор доллари америкоӣ ворид ва бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб карда шудаанд. Дӯхти либоси мактабӣ ва дигар сару либос дар асоси фармоиши мизоҷон дар ин коргоҳ бо истифода аз 55 таҷҳизот ба роҳ монда шудааст.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ 60 нафар занону духтарони маҳаллӣ, ки аксаран хонашин буданд, ба кор ҷалб гардидаанд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур 60 ҳазор ҷуфт либоси ягонаи мактабӣ дар як сол мебошад.

Дар маҷмӯъ, бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии “Нури Истаравшан” 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.