Меҳмонони хориҷӣ аз маконҳои ҷолиби шаҳри Турсунзода, ангурзори боғи “Сомон” ва Қалъаи Ҳисор дидан намуданд

Меҳмонони Форуми байналмилалии “Тоҷикистон – сарзамини обҳои шифобахш” пас аз анҷоми форум аз маконҳои ҷолиби шаҳри Турсунзода, ангурзори боғи “Сомон” ва Қалъаи Ҳисори шаҳри Ҳисор дидан намуданд.

Меҳмононро намояндагони МИҲД шаҳрҳо пешвоз гирифта, имкониятҳои мавҷудаи маконҳои сайёҳиро муаррифӣ намуданд. Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Россия, Қазоқистон ва Узбекистон ба маҳорати ангурпарварони шаҳри Турсунзода аҳсант хонда, барои ҳамкории минбаъда бо ҳамтоёни худ мубодилаи афкор намуданд.

Таърихи дирӯзу имрӯзи Қалъаи Ҳисор аз ҷониби роҳбалад ба меҳмонон муаррифӣ гардид. Иштирокчиёни Форум иброз доштанд, ки воқеан тоҷикон таъриху тамаддуни бою рангин доранд.
Дар назар аст, ки ин шом меҳмонон аз шаҳри Душанбе ва фардо аз мавзеи Хоҷа Оби гарм дидан мекунанд.

Парвина Самандарзода

радиои “Тоҷикистон”