Рӯзи 31 июл узви Шӯрои давлатӣ, вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд.
Тавре дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим пешвоз гирифт.
Интизор меравад, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Ван И мулоқот намояд.
Ҳамчунин ӯ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дидору мулоқот хоҳад намуд.