Пешрафтҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоии пойтахти кишвар –шаҳри Душанбе, идомаи босуръати корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун”, бардошт аз нишастҳои матбуотии раҳаброни вазорату идораҳои давлатӣ, хатарҳои эҳтимолӣ ба амнияти минтақа аз қаламрави Афғонистон ва идомаи коҳиши арзиши доллар дар баробари сомонӣ аз мавзуъҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораҳои рӯзи 27 июл мақолае бо номи “Душанбе. Рушди бесобиқаи пойтахт нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро меафзояд!” навиштааст, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 9,4 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3 дарсадро ташкил дод. Дар ин муддат аз ҷониби 541 корхонаи саноатӣ дар пойтахт ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1млрд 593 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3 дарсад зиёд аст.
Дар баробари ин дар ин мақола таъкид мешавад, ки соли ҷорӣ хариди 20 электробуси замонавӣ ва 10 электро-троллейбуси муосир инчунин, ҷиҳати бо неруи барқ таъмин намудани электробусҳо хариди 10 таҷҳизоти қувватдиҳанда ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон дар соли ҷорӣ дар пойтахт 220 иншоот ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст карда мешавад ва шумораи биноҳои ба шабака пайвастгардида ба беш аз 3000 адад хоҳад расид.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 26 июл дар матлабе бо номи “НБО «Роғун» – Комёбии сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон” навиштааст, ки марҳилаи муҳим дар таърихи истиқлоли энергетикии кишвар ба кор андохтани агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва оғози бунёди хатти баландшиддати CASA-1000 мебошад.
Муаллиф таъкид мекунад, ки рушди соҳаи электроэнергетика дар кишвар то давраи соли 2030 аз рӯи консепсияи 10/10/10/10 таъмин карда мешавад, яъне иқтидори низоми электроэнергетикаи кишвар ба 10 гигаватт мерасад, содироти солонаи неруи барқ ба 10 миллиард кВт/соат расонда мешавад, иқтидори дигар манбаъҳои энергия, аз ҷумла ангишт, нафту газ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, дар ҳаҷми на камтар аз 10 дарсад таъмин мегардад ва талафоти неруи барқ дар ҷумҳурӣ то 10 дарсад паст карда мешавад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 29 июл дар матлабе савол гузоштааст, оё шаҳодатномаи таваллуд ройгон аст? Муаллиф менависад, нофаҳмие, ки ҳоло миёни ҷомеа дар масъалаи сабти асноди шаҳрвандӣ вуҷуд дорад, супоридани боҷи давлатӣ ва ҳаққи хизматрасонӣ мебошад. Қонунгузорӣ гирифтани бланкаи шаҳодатномаи таваллуди кӯдакро дар муддати то 3 моҳ баъд аз таваллуд ройгон муайян кардааст, вале аксарият гумон мекунанд, ки дар тамоми давраи ҳаёт гирифтани он чунин бошад.
Дар идома таъкид мешавад, ки мувофиқи қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ», ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи такрорӣ як нишондиҳанда барои ҳисобҳо боҷи давлатӣ супоридан лозим меояд. Илова бар ин, 20 дарсади як нишондиҳанда барои ҳисобҳо пули бланк ва ҳаққи хизматрасонӣ супорида мешавад. Агар зарурати кофтуков ба миён ояд, барои ин кор 16 сомонии дигар пардохт карда мешавад.
Дар баробари ин ҳангоми бақайдгирии таваллуди кӯдаки яксола ё аз он калонтар 25 дарсади як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (16 сомонӣ) илова мешавад. Агар синни кӯдак аз 16 гузашта бошаду зарурати кофтукови ҳуҷҷатҳо дар асоси китобҳои бойгонӣ ба миён ояд, боз 25 дарсади як нишондиҳанда барои ҳисобҳо илова мегардад.
Нашрияи “Садои мардум” дар мақолаи дигаре бо номи “Шикояти мардум ва бетафовутии ширкатҳои мобилӣ” навиштааст, ки яке аз фиребҳои маъмул ва ба қавле роҳи осони пули муфт ёфтани ширкатҳои мобилӣ муштариёнро алорағми майлу ирода ба ин ё он хизматрасонӣ пайваст намудан аст. Ва боз аҷоибии кор дар он аст, ки барои хомӯш кардани чунин хизматрасониҳо хеле саргардон шудан лозим меояд”.
Ба таъкиди муаллиф хусусан Хадамоти алоқа ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ бояд ширкатҳои мобилиро муваззаф созанд, ки тарофаҳои дастрас барои мардум пешниҳод намоянд, то ҳар нафар мувофиқи табъу завқаш симкорт бихараду тарофа интихоб кунад.
Дар акси ҳол фиреби ширкатҳои мобилӣ ва шикоятҳои мардум зиёд мегарданд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 27 ииюл дар сармақолаи худ зимни натиҷагирӣ аз сафари Додситони кулли Русия ба Душанбе навиштааст, ки ҲНИ дар ин кишвар ҳамчун созмони террористӣ шинохта хоҳад шуд. Игор Краснов дар Душанбе зимни мулоқот бо Юсуф Раҳмон Додситони кулли Тоҷикистон эълом кардааст, ки барои дохил кардани ҲНИ ба руйхати гурӯҳҳои террористии фаъолияташон мамнуъ дар қаламрави Русия ба Додгоҳи олии ин кишвар муроҷиат кардааст. Ёдовар мешавем, ки бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз соли 2015 ҲНИ ҳамчун ташкилоти экстримисӣ-террористӣ шинохта шуда, фаъолияташ дар қаламрави кишвар манъ аст.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре натиҷаи имтиҷони дохилшавии довталабон ба макотиби олии кишварро, ки рӯзи 25 июл эълон шуд, баррасӣ кардааст. Муаллиф бо такя ба маълумоти Маркази миллии тестӣ навиштааст, ки аз 80 458 довталаб ҳамагӣ наздики 58 ҳазор сазовори номи донишҷӯ шуданд. Ба таъкиди муаллиф имсол низ чун ҳамешагӣ довталабон аз ҳама бештар ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, робитаҳои байналмилалӣ, иқтисодиёт, тиб ва забонҳои хориҷиро, ки ҳам талабгори зиёд ва ҳам нархи гарони таҳсил доранд, интихоб кардаанд.
Аммо боиси таассуф аст, ки довталабон мисли пештара ба илмҳои техникӣ таваҷҷӯҳи зиёд накардаанд, ки дар натиҷа баъзан гурӯҳҳо баста мешаванд. Муаммоест, ки то ҳол ҳали худро пайдо накардааст, -хулоса кардааст муаллиф.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 28 июл дар матлабе савол гузоштааст, ки чаро нархи пиёз боло рафтааст? Муаллиф зимни баррасии хароҷоти кишоварзон барои парвариши пиёз дар 1 гектар замин менависад, ки деҳқон барои ин кор бояд аз 50 то 70 ҳазор сомонӣ масраф кунад. Агар ба ҳисоби миёна аз 1 гектар замин 30 тонна ҳосил ба даст ояд, нархи аслии 1 кг пиёз 2.5 – 3 сомонӣ мешавад. Ҳамакнун барои он ки деҳқон фоида бигирад бояд пиёзро бо нархи аз 4 то 5 сомонӣ бифурӯшад.
Аз сӯи дигар гуфта мешавад дар ин самт мушкилӣ он аст, ки кишоварзон бо харидорони бузург қарордодҳои дарозмуддат надоранд ва аз ҷониби дигар анборҳои лозима барои нигаҳдории ҳосили пиёз дар ихтиёри деҳқонон нестанд. Ба ҳамин далел танзими нархи пиёз дар мавсими зимистону баҳор мушкил шуда, қиматҳо боло мераванд. Сабаби дигари афзоиши нархи пиёз афзоиши содироти он ба хориҷи кишвар дониста шудааст, ки тибқи оморҳо имсол 50 ҳазор тонна пиёз ба беруни кишвар содир шудааст.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре хабар додааст, ки дар мавзеи Анзоби ноҳияи Айнии вилояти Суғд сохтмони корхонаи нави истеҳсоли семент оғоз шудааст. Ба навиштаи ин манба муҳлати бунёди корхонаи семент 26 моҳ муаян шуда, иқтидори он истеҳсоли 100 ҳазор тонна семент дар як сол аст. Ҳамзамон таъкид мешавад, ки меёрҳои ҳифзи муҳисти зист дар чорчуби лоиҳа ба инобат гирифта шуда, зарари экологии корхонаи нави семент ба муҳити атроф минималӣ хоҳад буд.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 28 июл дар мақолае навиштааст, ки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Русия рӯ ба афзоиш аст. Ба навиштаи муаллиф саҳми Русия дар савдои хориҷии Тоҷикистон 21.3 % аст, дар ҳоле ки барои мисол саҳми Белгия, Фаронса, Ҷопон, ИМА, Олмон ва Италия дар маҷмӯъ 8 %-и савдои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин ба гуфтаи Завқӣ Завқизода вазири рушди иқтисисод ва савдои кишвар то кунун 70 дарсади қарордодҳои молу маҳсулоти воридкунандагони тоҷик аз Русия бо рубл анҷом дода шудаанд.