Аҳолии Тоҷикистон 10 миллион нафар шуд

Имрӯз соати 12:00 дар Таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе сокини 10-миллионаи кишвар ба дунё омад ва ба ӯ Фирдавс ном гузошта шуд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон мавқеи худро аз рӯи шумораи аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи 3-юм устувор кард, хабар медиҳад хабаргузории расмии “Ховар”.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова волидони ин сокини 10-миллионаи кишвар мебошанд. Падари он муҳоҷири меҳнатӣ ва модараш хонашин аст.


Фирдавс нахустин фарзанди ин оилаи ҷавон мебошад.

Вазни писарчаи нав ба дунё омада 3 кг 250 грамм буда, қадаш 50 см мебошад. Ҳолати кӯдаки навзод ҳангоми таваллуд аз ҷониби мутахассисон аз рўи ҷадвали Апгар 7/8 хол баҳо дода шудааст.


Аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оилаи сокини 10-миллиона калиди хонаи сеҳуҷрагиро муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, муовини Раиси пойтахт Дилбар Одилзода ва дигарон тақдим намуданд.


Модари тифли навзод Махфират Шокирова ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ миннатдории худро баён дошт.


Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ Абдувалӣ Набизода иброз намудааст, то 1 апрели соли равон шумораи аҳолии мамлкат  9 млн 934,4 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз шумораи аҳолии мамлакат 50,7 фоизашро мардон ва 49,3 фоизро занон ташкил медиҳад.

Ҳамчунин ӯ иттилоъ дод, ки шумораи кӯдакон ва шаҳрвандони то синни 18-сола 40 фоизро ташкил медиҳад.

Ба гуфти мавсуф, дар Тоҷикистон  шумораи аҳолӣ рӯз то рӯз зиёд мешавад,  ки омили асосии он таввалуди зиёд ва дарозумрӣ мебошад.

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён 15 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 111,5 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз зиёд мебошад.

Ба гуфтаи мавсуф, дар давраи ҳисоботӣ 16,3 ҳазор нафар фавтидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз кам аст. Дар 30 соли охир шумораи аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 миллион нафар ба 9,8 миллион нафар афзудааст, яъне 1,8 баробар зиёд шудааст.