«Бисёриҳо фарқ байни Консерваторияи миллӣ ва Донишкадаи фарҳанг ва санъатро гузошта наметавонанд. Дар консерватория махсус касбият омӯзонида мешавад, донишкадаи фарҳанг ва санъат бошад худфаъолиятро низ дар бар гирифта метавонад», – гуфт ректори Консерваторияи милии Тоҷикистон Миралӣ Достизода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО.
Ҳамзамон номбурда зикр кард, ки имсол роҳбарияти консерватория мутахассисонро ба тамоми минтақаҳо сафарбар намуда, он нафаронеро, ки маҳорати баланд доранд номнавис намуда, барои таҳсил ба консерватория даъват намуд. Аммо баъди ин ҳама корбариҳо пешравӣ дар ин самт кам ба мушоҳида мерасад.
Миралӣ Достизода, ректори КМТ инчунин зикр кард, ки консерватория махсус нозукие дорад, ки на ҳама хатмкунандагони мактаби мусиқӣ метавонанд ба ин ҷо дохил шаванд, танҳо ҳамонҳое қабул карда мешаванд, ки мактабҳои махсуси мусиқиро хатм намудаанд. Аммо баъзан дар ҳолатҳои истисноӣ агар довталабон истеъдоди фитрӣ дошта бошанд, дар доираи як фоизи муайян ба муассиса қабул карда мешаванд.
Имрӯз бо пешрафти илму техника таваҷҷуҳи донишҷӯёни муосирро бештар таҳсил ва омӯзиши амиқи соҳа дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ тариқи онлайнӣ ҷалб намудааст. Мо аз ректори КМТ Миралӣ Достизода пурсон шудем, ки донишҷӯёни ин даргоҳ оё тариқи фосилавӣ ва ё онлайнӣ дар дигар консерваторияҳои кишварҳои хориҷ таҳсил менамоянд? Посухи миралӣ Достизода чунин буд:
“Композитори ҷавони мо бо устодашон аз Тошканд Мустафо Бафоев ҳам тариқи фосилавӣ – онлайнӣ дарс гузашта бо баҳои хуб консерваторияи ҷумҳурии ҳамсояро хатм карда, тариқи онлайнӣ консерти ҳисоботӣ баргузор намуд. Дар оянда ҳадаф ҳаст, ки ду нафар аз шогирдони мо ба Консерваторияи шаҳри Екатеринбург ҳуҷҷатҳои худро супоранд ва тариқи фосилавӣ (онлайнӣ) омада дарс гузаранд”.
Ҳамзамон дар охир Миралӣ Достизода, ректори Консерваторияи миллии кишвар гуфт, ки барои таваҷҷуҳи бештари аҳолиро ба соҳаи мусиқӣ ҷалб намудан ва рушди бемайлони соҳаи мазкур дар ҷомеаи кунунӣ, пеш аз ҳама дастгирии ҳамаҷонибаи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ зарур мебошад. Мавсуф таъкид ва бо боварӣ изҳор дошт, ки санъат на танҳо “ном”, балки “нон” низ медиҳад, танҳо дар ин самт ҳунари асил доштан ва заҳмати зиёд кашидан лозим аст.
Парвина Самандарзода,
радиои “Тоҷикистон”