Манучеҳр Сафаров аз «Персеполис»-и Эрон ба «Локоматив»-и Тошканд гузариш кард

Ҳимоятгари тими мунтахаби Тоҷикистон Манучеҳр Сафаров фаъолияти футболбозии худро дар бошгоҳи футболи «Локомотив»-и Тошканд дар Суперлигаи Ӯзбекистон идома медиҳад. Дар ин бора Федератсия футболи Тоҷикистон дар саҳифаи расмиаш хабар додааст.

Манучеҳр Сафаров дастаи «Персеполис»-и Эронро бо ин дастаи Ӯзбекистон иваз кард. Манучеҳр дар бошгоҳи «Персеполис» аз моҳи декабри соли гузашта бозӣ мекард. Сафаров қаблан дар бошгоҳҳои «Барқчӣ», «Хуҷанд», «Локомотив-Помир», «Хуҷанд» ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ кардааст.

Манучеҳр Сафаров аз соли 2019 инҷониб дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати тими миллӣ 18-бозӣ анҷом додааст.