Мутобиқи нишондоди КВД “Тоҷиксуғурта” дар шаш моҳи ахир суғуртаи ихтиёрӣ дар аксари матотиқи ҷумҳурӣ афзуда, маблағи умумии ҳаққи суғуртавии воридгардида аз рӯйи суғуртаи ихтиёрӣ 100% ва аз рӯйи суғуртаи ҳатмӣ 99,8%-ро ташкил додааст. Ҳиссаи филиали шаҳри Душанбе аз рӯйи суғуртаи ихтиёрӣ нисбат ба дигар минтақаҳо зиёдтар буда, 50,9% ва аз рӯйи суғуртаи ҳатмӣ ҳиссаи дастгоҳи марказии корхона бештар мебошад, ки 61,6% – ро ташкил медиҳад.
Дар ҳаҷми 3 млну 82 ҳазор сомонӣ КВД “Тоҷиксуғурта” ба шахсони воқеиву ҳуқуқии зарардида маблағи суғуртавӣ пардохт намудааст. – ин нуктаро имрӯз муовини якуми Директори генералии корхонаи мазкур Абдулло Абдуллоев зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт. Тавре мушоҳида кардем, дар ин ҷо низ саҳми филиали шаҳри Душанбе дар пардохти маблағи ҷуброни зарар зиёд мебошад ва 71,6 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳарчанд дар маълумотномаи пешниҳоднамудаи корхона саҳми ихтиёриён дар пардохти маблағи суғуртавӣ зиёд аст, аммо мехостем дар ин маврид зиёдтар равшанӣ андохта шавад, ки киҳо бештар ихтиёран ҳаёт ва амволи худро суғурта мекунанд. Аммо дар ҳисоботи шашмоҳа ин чиз дарҷ нагардидааст ва танҳо маълумот ҷиҳати чӣ қадар ворид шудани маблағ аз ҳиссаи филлиалҳо оварда шудааст.
Тибқи иттилои ВКД-и кишвар дар 6 моҳи соли 2022 бар асари 482 ҳодисаи роҳу нақлиёт 180 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Абдулло Абдуллоев гуфт, ки имрӯз дар КВД “Тоҷиксуғурта” вз ҳисоби суғуртаи ихтиёрии нақлиёт 352 209 сомониро ташкил медиҳад ва аз ин миён танҳо 56 ҳазор сомонӣ ҷуброн карда шудааст. Вале номбурда аниқ нагуфт, ки ба чанд нафар маблағи суғурта дода шудааст.
Зикр гашт, ки КВД “Тоҷиксуғурта” дорои 63 филиалу 6 намояндагӣ дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ буда, хизматрасониро аз рӯйи 22 намуди суғурта ба роҳ мондааст. Ҳамзамон дар нимсолаи аввал корхона ба буҷет 3 млну 566 ҳазор сомонӣ пардохт намудааст, ки нисбати соли гузашта 513,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Сабаби камтар пардохт шудани маблағи суғуртавиро Абдулло Абдуллоев муовини якуми Директори генералии КВД “Тоҷиксуғурта” дар зарари кам дидани шахсони воқеиву ҳуқуқӣ донист.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”