15 июл миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам Нгуен Суан Фук ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам Нгуен Суан Фук омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли хушнудӣ ба Шумо табрикоту таманниёти самимии худро ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам ирсол менамоям.
Боиси қаноатмандист, ки тайи ин солҳо миёни кишварҳои ба ҳам дӯсти мо чӣ дар заминаи ҳамкории дуҷониба ва чӣ дар сатҳҳои шарикии бисёрҷониба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманд ташаккул ёфтаанд, ки фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ хоси онҳо мебошанд.
Ҷониби Тоҷикистон алоқаманди густаришу таҳкими минбаъдаи ин муносибатҳо буда, ба ояндаи онҳо диди нек дорад.
Итминон дорам, ки дар оянда низ мо бо саъю талошҳои муштарак ҳамкории муфиди байнидавлатиамонро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон тавсеа бахшида, ба зинаҳои боз ҳам болотар хоҳем баровард.
Бо истифода аз фурсати фараҳбахш ба Шумо, ҷаноби Президент, тансиҳативу комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Вйетнам сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам».
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам Нгуен Суан Фук ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент.
Шарафмандам, ки аз номи худ ва мардуми Ветнам ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (14 июли соли 1992) таманниёти неки худро ирсол медорам.
Хурсандибахш аст, ки бо гузашти 30-соли ташаккул ва рушд, дӯстии анъанавӣ ва ҳамкории неки байни Вйетнам ва Тоҷикистон ҳарчи бештар таҳким ва инкишоф меёбанд.
Мо, ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, доимо аҳамияти муҳим медиҳем. Бовар дорем, ки бо мавҷудияти иродаи нек ва қатъияти сиёсии ду ҷониб ҳамкории минбаъдаи ду кишвар дар оянда низ ҷавобгӯ ба манфиатҳои ду халқ ва ба хотири сулҳу субот дар минтақа ва тамоми ҷаҳон босамар роҳандозӣ хоҳанд шуд.
Ба Шумо сиҳатмандии бардавом, саодату муваффақиятҳои беш аз пеш дар мансаби шарофатмандатон таманно дорем».