Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия раёсати Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон ба мазмун ва мундариҷаи нақша ва барномаҳои таълим аҳамияти хоса добо, бо назардошти эълон гардидани солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф таркиби нақшаҳои таълимро аз рӯи 49 ихтисоси амалкунандаи донишгоҳ такмил дода онҳоро ба Вазорати маориф ва илми кишвар пешниҳод кардааст.
Тавре ҳамкорамон Малоҳат Тоҳирова аз ҷараёни нишасти матбуотии донишгоҳи мазкур иттилоъ дод, ин боргоҳи илму маърифат дар нақшаҳои таълимӣ миқдори соатҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ зиёд карда шуда, дар бахши фанҳои тахассусӣ фанҳои аз ҷониби кордиҳандагон пешниҳодгардида ворид карда шуданд.