Имрӯз дар нишасти матбуотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ доданд, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 аз шумораи парвандаҳои баррасигардида дар Суди Олӣ дар марҳилаи якум 5248 ададро парвандаҳои гражданӣ, 23820 ададро парвандаҳои оилавӣ, 5508 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 24867 ададро парвандаҳои маъмурӣ, 4103 ададро дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ ва 2820 ададро пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ, мақомоти иҷро ва дигар ташкилоту муассисаҳо ташкил медиҳанд.
Дар ин хусус ҳамкорамон Машраби Холмаҳмад аз ҷараёни нишасти мазкур хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ дар ин давра аз ҷониби судҳо барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 416 парванда баррасӣ гардида, ба 407 шахс ба маблағи умумии 1868416 сомонӣ ҷазои ҷарима татбиқ карда шудаст.
Шумораи баррасии парвандаҳо вобаста ба риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба 10191 адад расида, бо ин парвандаҳо нисбати 3530 нафар ҷазои огоҳӣ ва 5693 нафар ҷарима ба маблағи умумии 1044709 сомонӣ таъин карда шудаст.
Мувофиқи талаботи қонунҳои моддӣ ва мурофиавӣ вазифаи мақомоти судӣ аз таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин пешгирии ҷинояткорӣ иборат мебошад,- хабар дод ҳамкорамон Машраби Холмаҳмад аз нишасти матбуотии Суди Олии ТҶ .
Ҳамчунини сарчашма таъкид кард, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли 2022 судҳо оиди аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба қонуншиканӣ мусоидаткунанда 14920 таъиноти хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор ирсол намуданд, ки бино ба иттилои масъулин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1495 адад зиёд мебошад.