Новобаста ба оне, ки рушди иқтисоди кишвар дар нимсолаи якуми соли 2022 дар сатҳи 7,4 фоиз таъмин гардид, суръати он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 фоиз коҳиш ёфт. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар зикр гардид.
Ба иттилои ҳамкорамон Малоҳат Тоҳирова аз ҷараёни нишасти мазкур дар ин давра рушди ММД асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,3 фоиз,кишоварзӣ 7,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 2,5 фоиз, боркашонӣ 18,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 12,8 фоиз, мусофиркашонӣ 11,1 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 8,6 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ14,6 фоиз таъмин гардид.