Барои Донишгоҳи аграрӣ боғи интенсивӣ сохта шуд

Дар ҳамкорӣ миёни Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар доираи Барномаи рушди боғпарварӣ дар Тоҷикистон дар масоҳати 2,5 га дар пойгоҳи Корхонаи воҳиди таълимию таҷрибавии «Ҳисор» – и донишгоҳ боғи интенсивӣ ташкил карда шудааст, , ки аз он 0,5 га боғи модарӣ дорои 12500 ниҳол мебошад. – иттилоъ медиҳад ҳамкорамон Парвина Самандарзода аз ҷараёни баргузории нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур.

Гуфта шуд, ки имрӯз дар донишгоҳ 21 барномаҳои ташкилотҳои хориҷӣ фаъолият дошта, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ҳайати олимони донишгоҳ 12 лоиҳаи инвеститсионӣ ва инноватсионӣ таҳия ва пешниҳод гардиданд.

Ҳамзамон зикр гашт, ки дар соли таҳсили 2021-2022 бояд донишгоҳро 1531 нафар хатм менамуд, аммо ба Аттестатсияи хатм 1519 нафар роҳ дода шуда, онро 1471 нафар хатм намудаанд. Аз 60 нафаре, ки донишгоҳро хатм накарданд, 12 нафар бо сабабҳои мухталиф ба Аттестатсияи хатм(АХ) роҳ дода нашудаанд ва 48 нафари дигар бо сабабҳои ҳолати саломатӣ, вазъи оилавӣ ва дигар ҳолатҳо натавонистанд дар АХ иштирок намоянд.
Самандарзода П.