Дар Бадахшон аввалин нақби мошингузар бунёд шуд

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин нақби мошингузар сохта шуд, ки моҳҳои наздик мавриди баҳрабардории сокинони кишвар қарор дода мешавад.

Дар ин бора менеҷери корҳои сохтмонии нақби мазкур Шамсамад Назриев ба хабарнигори радиои “Тоҷикистон” хабар дод.

Номбурда гуфт, нақб 364 метр дарозӣ дошта, паҳноияш барои ҳаракати нақлиёт 8 метрро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, нақби сохташаванда аз ду канор бо доштани роҳи пиёдагузар, имконият ҷиҳати таъмини бехатарии шаҳрвандон ва афзалият додан ба сохти меъмории замонавӣ аз дигар нақбҳо бартарӣ дорад.

“Ин шабу рӯз охирин корҳои сохтмонӣ аз тарафи коргарону мутахассисон ҷараён дорад”, – афзуд Назриев.

Аввалин нақби мошингузар дар вилояти Бадахшон аз ҳисоби маблағҳои сарфашудаи таҷдиду навсозии роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаи Шкев-Қалъаихумб бунёд гардида ва дар доираи ин лоиҳа наздики 26 километр роҳ мувофиқи меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ пурра навсозӣ карда шудааст.

Нуралӣ Давлат,

радиои “Тоҷикистон”