Эҳсони Паншанбе, футболбози маъруфи тоҷик, ки дар бошгоҳи «Навбаҳор»-и Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ мекард, ин дастаро расман тарк кард ва ба бошгоҳи «Зоб-Оҳан»-и Эрон гузариш мекунад.
Гуфта мешавад, ки бошгоҳи эронӣ барои нимҳимоятгари 23-солаи тими мунтахаби Тоҷикистон ба дастаи «Навбаҳор»-и Ӯзбекистон 500 ҳазор евро пардохт мекунад.
Эҳсони Паншанбе дар даври аввали Суперлигаи Ӯзбекистон дар ҳайати бошгоҳи «Навбаҳор» 7-бозӣ гузаронида, 160-дақиқаро дар майдон паси сар кардааст.
Футболбоз узви тими мунтахаби Тоҷикистон буда, дар даври дуввуми мавсими соли 2020 ба сафи «Навбаҳор»-и Ӯзбекистон гузариш карда буд.
То ин дам Эҳсони Паншанбе дар ҳайати дастаи «Навбаҳор» дар 44-бозии Суперлигаи Ӯзбекистон иштирок намуда, 2-гол ва 2-партофти головар анҷом додааст.
Сорбон Амонуллозода,
радиои “Тоҷикистон”