Мақомоти милитсия дар шаҳри Душанбе аз бошдошти як сокини 35-солаи пойтахт бо гумони одамрабоӣ ва хариду фурӯши ноболиғ хабар дод.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дастгиршуда асри рӯзи 30 июни соли ҷорӣ дар маҳаллаи Гипрозем бо роҳи фиреб писарбачаи панҷсоларо ба ҳудуди боғи “Фирдавсӣ” оварда, қасди фурӯшро дошт.
Манбаъ мегӯяд, ҳаракатҳои бошдоштшуда зери назорат буд ва ҳангоме мехост ноболиғро бо панҷ ҳазор доллар фурӯшад, дастгир шуд.
Боздоштшуда зимни бозпурсӣ бо маъмурини милитсия гуфт, ки бо як фард ошно шуд, ки фарзанд лозим дорад ва ӯро фиред додааст, ки бачаи аппаш гирифта ба ӯ мефурӯшад.
“Он нафар розӣ шуд, ки панҷ ҳазор медиҳад. Ман назди “Деҳқонбозор” рафтам, ки як кӯдак бозӣ дорад ва ба ӯ пешниҳоди хариди яхмос кардам ки розӣ шуд. Ӯро гирифтаму ба назди ин нафар барои фурӯш овардам, ки кормандони милитсия дастгир карданд”, – гуфт боздоштшуда.
Ӯ гуфт, агар дастгир намешуд ин кӯдакро бар ивази панҷ ҳазор доллар мефурӯхт.
ВКД мегӯяд, ин нахустин ҳолати даст ба ҷиноят задани ин нафар набуда, қаблан низ се маротиба бо ҷурмҳои дуздӣ аз озодӣ маҳрум гардидааст.
Гуфта мешавад, алайҳи боздоштшуда бо моддаҳои 130 – одамрабоӣ ва 167-хариду фурӯши ноболиғон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, корҳои тафтишотӣ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки ин моддаҳои қонун ҳар кадоме аз панҷ то ҳаштсолӣ зиндонро пешбинӣ мекунад.