Фирӯз Мирзораҷабов дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон медали биринҷӣ ба даст овард

Фирӯз Мирзораҷабов, узви дастаи мунтахаби гуштии юнонӣ-римии кишвар дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон медали биринҷӣ ба даст овард.

Фирӯз дар вазни то -60кг рақобатро аз марҳилаи 1/4 ниҳоӣ оғоз карда, бар варзишгари Ӯзбекистон Акмал Ҳамроев пирӯз гардид, лекин дар рақобати нимфиналӣ аз варзишгари Қирғизистон Оқил Сулаймонов шикаст хӯрд. Сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Мирзораҷабов варзишгари Тайпейи Чин Йонг Сианг Суро шикаст дода, ҷои сеюм ва медали биринҷиро соҳиб шуд.

Мусобиқаи гуштии Чемпионати Осиё миёни наврасон (U-15) ва ҷавонон (U-20) аз 2-юми июл дар шаҳри Манамаи Баҳрайн оғоз гардида, то 10-уми июл идома меёбад.

Сорбон Амонуллозода,

радиои “Тоҷикистон”