АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳои озмун, саволнома ва руйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4 ва 5).
3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони озмунро, ки дар даври ҷумҳуриявии озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2023 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии мазкур 1 480 000 (як миллиону чорсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдодашуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
7 июли соли 2022
№АП-227
Замимаи 1
ба Амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «7» июли соли 2022, №АП-227
Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат»
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» (минбаъд – озмун) бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 доир мегардад.
2. Озмун таърихи халқи тоҷикро аз аҳди бостон то давраи соҳибистиқлолӣ дар бар мегирад.
3. Иштирокдорони озмун ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:
— хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11);
— донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр);
— омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, докторони илм (анъанавӣ), аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ);
— калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.
2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН
4. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
5. Масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
6. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар тарғиб, ҷалб ва ҷараёни баргузории озмун иштирок мекунанд.
7. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд.
8. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсат, шуъбаҳо, бахшҳои маориф, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш масъули ташкил ва баргузории озмун мебошанд.
3. КОМИССИЯИ ОЗМУН
9. Барои гузаронидани озмун комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ (минбаъд – Комиссияи озмун) таъсис дода шуда, ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
10. Комиссия аз раис, муовин, аъзоён ва котиб иборат мебошад.
11. Салоҳияти Комиссияи озмун инҳоро дар бар мегирад:
— таҳияи ҷадвали баргузории озмун ва назорати он;
— тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба озмун;
— пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои сеюм ва чоруми озмун;
— якҷо бо ҳайати ҳакамон гузаронидани семинари машваратӣ;
— назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун;
— омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокдорони озмун ба даври ниҳоӣ;
— баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикоятҳои иштирокдорон;
— тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони даври чоруми озмун;
— ҷамъбасти натиҷаи ниҳоӣ ва пешниҳоди он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шиносоӣ ва маълумот.
4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН
12. Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:
— даври якум – моҳи феврал дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
— даври дуюм – моҳи июн дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);
— даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябр дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
— даври чорум – нимаи якуми моҳи декабр барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Эзоҳ: Донишҷӯён, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантҳои муассисаҳои таълимӣ, илмӣ танҳо дар маҳалле иштирок карда метавонанд, ки муассисаи таълимӣ ва ё илмиашон дар ҳамон маҳал қарор дорад.
13. Протоколи ҳайати ҳакамон ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ ба даври чорум бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раисони ҳакамони даври сеюм пешниҳод мешавад.
14. Ҷойи баргузории даврҳои озмун дар деҳот, шаҳрак, марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад.
15. Масъулияти баргузории даврҳои якум, дуюм ва сеюм ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вогузор карда мешавад. Шумораи ғолибони даври сеюми озмун, ки ба даври чорум пешниҳод мешаванд, довталабони номинатсия ва гурӯҳ набояд аз 6 нафар зиёд бошад.
16. Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми озмун тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ инъикос ва пахш карда мешавад.
17. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври сеюм барои иштирок дар даври чорум ба Комиссияи озмун то 10 ноябр муқаррар карда мешавад.
18. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули гузаронидани маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун мебошанд.
5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
19. Дар озмун аҳолии кишвар, аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шунавандагони муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантҳо, ходимони илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, олимону муҳаққиқони соҳаи таърих), докторони илм (анъанавӣ), узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ) иштирок карда метавонанд.
20. Шартҳои ташкил ва баргузории озмун аз ҷониби Комиссияи озмун назорат карда мешавад.
21. Дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба савияи дониши таърихӣ ва баёни мантиқии ҳодиса ва рӯйдодҳои таърихӣ бартарӣ дода мешавад.
22. Озмун бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор мегардад.
23. Дар даври чоруми озмун иштирокдор шарҳи ҳоли мухтасари худро бо гузоштани имзо ва нусхаи протоколҳои даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун ба Комиссияи озмун ба таври хаттӣ пешниҳод менамояд (ҳуҷҷатҳои мазкур дар се нусха ба даври чорум пешниҳод карда мешаванд). Агар иштирокдор ба ҳайси хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар даврҳои якуму дуюм ва сеюм ба қайд гирифта шуда бошад ва дар даври чорум донишҷӯйи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ шуда бошад, ҳамчун хонанда дар даври чорум иштирок мекунад.
24. Барои иштирок дар озмун довталабон ба котибони масъули комиссияҳо нусхаи шиноснома ва ё шаҳодатномаи таваллуд, инчунин, маълумоти мухтасар дар бораи худро пешниҳод менамоянд.
25. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар назди раёсат ва шуъбаҳои маориф комиссияи қабули ҳуҷҷатҳои иштирокдорони озмунро таъсис дода, як нафарро котиби масъул таъин менамоянд. Котибони масъули комиссияҳои қабул ҳуҷҷатҳои довталабонро дар асоси банди 23 Низомномаи мазкур санҷида, дар асоси санад онро ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мекунанд. Котибони масъули комиссияҳои қабул нишонӣ, рӯз ва ҷойи баргузории озмунро ба иштирокдорон тавассути воситаҳои ахбори омма ва масъулон эълон менамоянд.
26. Ғолибони даври чоруми озмун, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва барандаи Шоҳҷоиза гардиданд, то се сол дар озмунҳои солҳои минбаъда ҳуқуқи иштирок карданро надоранд.
6. ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКДОРОНИ ОЗМУН
27. Донишҳои таърихии иштирокдорони озмун аз рӯйи хондани асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва осори дигари таърихӣ муайян карда мешавад, аз ҷумла:
— донистани маълумоти муфассал доир ба асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва муаллифи он;
— қобилияти нақлу тафсири воқеаҳои таърихии давраҳои муайян;
— баёни лаҳзаҳои муҳимми асар, қобилияти ровигӣ, сухандонӣ, асосноккунии рӯйдодҳои таърихӣ ва мақоми онҳо дар таърихи халқи тоҷик;
— донистани санаҳои муҳимми таърихӣ, давраҳои таърихӣ ва чеҳраҳои таърихсози халқи тоҷик;
— донистани мероси таърихию фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик;
— маълумот доир ба ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои таърихӣ, ки баёнгари таърихи бостони миллати тоҷик мебошанд;
— донистани сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмию бадеӣ оид ба таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик.
28. Иштирокдор дар хондани дигар асарҳои таърихӣ вобаста ба номинатсия озод аст.
7. МЕЪЁРИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
29. Ҳайати ҳакамони озмун ба савияи дониши таърихии иштирокдорон аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд:
— ба ҳар як довталаб барои муаррифии китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва асарҳои дигари таърихӣ вақти озод дода мешавад;
— бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда мешавад. Довталаби номинатсия ба пуррагӣ донистани воқеаҳо ва санаҳои таърихӣ – 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар – 8 хол, барои ҷавоби хуб – то 6 хол, барои ҷавоби аз миёнаи беҳтар – 4 хол, барои ҷавоби миёна – 3 хол, барои ҷавоби миёнаи суст – 2 хол гузошта мешавад ва барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.
8. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН
30. Ҳайати ҳакамони озмуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ бо санади дахлдор тасдиқ менамояд. Ҳайати ҳакамон амалҳои зеринро иҷро мекунад:
— тибқи пешниҳоди Комиссияи озмун маҳорату истеъдод ва дараҷаи дониши таърихии иштирокдоронро натиҷагирӣ мекунад;
— холҳоро муайян карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамояд;
— натиҷаи озмунро дар протокол дарҷ карда, бо имзои аъзои ҳакамон онро тасдиқ менамояд.
31. Ҳайати ҳакамони озмуни шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад.
32. Ба ҳайати ҳакамони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, адибон, олимону рӯзноманигорон, роҳбарони китобхонаҳо, аъзои ҷамъияти китобдӯстон ва иттифоқҳои касаба ворид мешаванд. Шумораи ҳайати ҳакамон бо раису муовинонаш бояд тоқ бошад.
33. Хулосаи ҳайати ҳакамони даври чорум дар Комиссияи озмун баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.
9. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН
34. Хароҷоти даврҳои якум, дуюм, сеюм ва хароҷоти вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо ба даври чоруми озмун, будубоши онҳо дар маҳалли баргузории озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.
35. Ғолибони даврҳои якум, дуюм, сеюми озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ташкилотҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
36. Хароҷоти баргузории чорабинии даври чоруми озмун аз суратҳисоби махсуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм пардохт карда мешавад.
37. Ба ғолибони даври чоруми озмун ва ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар даври чоруми озмун ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва Шоҳҷоизаро сазовор шудаанд ва ба омӯзгорони онҳо тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.
38. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тартиби додани мукофот ва ҷоизаро раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тасдиқ ва амалӣ менамоянд.
39. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун ва омӯзгорони онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.
10. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ШОҲҶОИЗА
40. Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабоне метавонанд иштирок намоянд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинатсияи пешниҳодшуда ҷойҳои ифтихориро сазовор гардидаанд.
41. Шоҳҷоиза ба иштирокдоре дода мешавад, ки беш аз 70 фоизи асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва дигар адабиёти таърихии тавсиягардидаро мутолиа ва ҳифз намудааст.
11. ИМТИЁЗҲО
42. Ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ бе озмун ва ба тариқи ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимии кишвар қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибони даври чоруми озмун ва барандаи Шоҳҷоизаро Вазорати маориф ва илм муайян менамояд.
43. Вазорати маориф ва илм протокол ва санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.
Замимаи 2
ба Амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «7» июли соли 2022, №АП-227
Ҳайати
Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат»
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа), раиси Комиссия;
— вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиссия;
— президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муовини раиси Комиссия;
— директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиссия;
— муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби Комиссия.
Аъзои Комиссия:
— мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
— сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
— ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
— ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ;
— ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;
— директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
— мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
— мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ;
— мудири кафедраи омӯзиши таърихи ватании Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия.
Замимаи 3
ба Амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «7» июли соли 2022, №АП-227
Ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат»
Мукофотҳои пулӣ барои ғолибони озмун аз рӯйи чор гурӯҳ ва як номинатсия ба таври зерин муқаррар карда мешаванд:
— миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11);
№ | Ҷой | Маблағ | Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) | Маблағи умумӣ(бо сомонӣ) |
1 | Якум | 50 000 | 1 | 50 000 |
2 | Дуюм | 35 000 | 2 | 70 000 |
3 | Сеюм | 25 000 | 3 | 75 000 |
4 | Шоҳҷоиза | 70000 | 1 | 70 000 |
Ҳамагӣ | 7 | 265 000 |
— донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр)
№ | Ҷой | Маблағ | Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) | Маблағи умумӣ(бо сомонӣ) |
1 | Якум | 50 000 | 1 | 50 000 |
2 | Дуюм | 35 000 | 2 | 70 000 |
3 | Сеюм | 25 000 | 3 | 75 000 |
4 | Шоҳҷоиза | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҳамагӣ | 7 | 265 000 |
— омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ
№ | Ҷой | Маблағ | Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) | Маблағи умумӣ(бо сомонӣ) |
1 | Якум | 50 000 | 1 | 50 000 |
2 | Дуюм | 35 000 | 2 | 70 000 |
3 | Сеюм | 25 000 | 3 | 75 000 |
4 | Шоҳҷоиза | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҳамагӣ | 7 | 265 000 |
— калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун
№ | Ҷой | Маблағ | Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) | Маблағи умумӣ(бо сомонӣ) |
1 | Якум | 50 000 | 1 | 50 000 |
2 | Дуюм | 35 000 | 2 | 70 000 |
3 | Сеюм | 25 000 | 3 | 75 000 |
4 | Шоҳҷоиза | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҳамагӣ | 7 | 265 000 |
— маблағ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва Шоҳҷоизаро мегиранд
№ | Ҷой | Маблағ | Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) | Маблағи умумӣ(бо сомонӣ) |
1 | Якум, дуюм, сеюм ва Шоҳҷоиза | 10 000 | 7 | 70 000 |
Ҳамагӣ | 7 | 70 000 |
— хароҷоти дигар
№ | Маблағи умумӣ(бо сомонӣ) | |
1 | Маблағҳо барои омода кардани ҷомҳои шоҳҷоиза, ҷоизаҳо, дипломҳо ва хароҷоти дигар (туҳфаҳои хотиравӣ ва сертификат барои иштирокдорон) | 350 000 |
— ҳамагӣ
№ | Шумораи умумӣ | Маблағи умумӣ(бо сомонӣ) | |
1 | Барои ҷоизаҳо ва шоҳҷоизаҳо | 28 нафар | 1 060 000 |
2 | Барои омӯзгорон | 7 нафар | 70 000 |
3 | Хароҷоти дигар | 350 000 | |
4 | Ҳамагӣ | 35 нафар | 1 480 000 |
Замимаи 4
ба Амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «7» июли соли 2022, №АП-227
САВОЛНОМА
барои озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров
1. Бобоҷон Ғафуров барои кадом хизматҳои шоён ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардидааст?
2. Барои чӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро «Шиносномаи миллат» номиданд?
3. Бобоҷон Ғафуров кай, дар куҷо тавваллуд шудааст ва айёми бачагии худро чӣ гуна гузаронидааст?
4. Падар ва модари Бобоҷон Ғафуров киҳо буданд?
5. Бобоҷон Ғафуров фаъолияти меҳнатии худро кай ва аз куҷо оғоз намудааст?
6. Касби нахустини Бобоҷон Ғафуров чӣ буд ва ӯ кадом муассисаи касбиро хатм намудааст?
7. Бобоҷон Ғафуров ҳамчун рӯзноманигор дар кадом рӯзномаву маҷаллаҳо ва ба сифати кӣ кор кардааст?
8. Бобоҷон Ғафуров бо кадом тахаллус бештар мақолаҳои илмӣ-оммавии худро имзо мекард?
9. Бобоҷон Ғафуров ба корҳои ҳизбию давлатӣ аз кадом сол ҷалб гардид ва дар кадом вазифаҳои масъули ҳизбию давлатӣ кор кардааст?
10. Сабабҳои асосии рӯ овардани Бобоҷон Ғафуров ба таҳқиқу омӯзиши таърихи халқи тоҷик кадомҳоянд?
11. Аввалин асарҳои Бобоҷон Ғафуров ва мавзуъҳои онҳоро номбар намоед?
12. «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-и Бобоҷон Ғафуров кай аз чоп баромад ва чанд фаслу бобро дар бар мегирад?
13. Теъдоди умумии асару мақолаҳои Бобоҷон Ғафуров чанд ададро ташкил медиҳанд?
14. Кадом китоби Бобоҷон Ғафуров се маротиба пайдарпай дар шаҳри Москва нашр шуд ва сохтори он чӣ гуна аст?
15. «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бо забони русӣ кай, дар куҷо чоп шуд ва он чанд фаслу бобро дар бар мегирад?
16. «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони тоҷикӣ кай ва дар куҷо чоп шуд ва тарҷумону муҳаррири масъули он киҳо буданд?
17. Нашри тоҷикии «Тоҷикон» аз нашри русии соли 1972 бо кадом илова ва тағйирот фарқ мекунад?
18. «Тоҷикон» ба забони тоҷикӣ чанд маротиба дар ҷумҳурӣ нашр шудааст ва зарурати чопи нав ва туҳфавии он дар чист?
19. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кай дар баромади худ доир ба нашри туҳфавии «Тоҷикон» ва арҷгузорӣ ба асолати он пешниҳод манзур намуданд?
20. «Тоҷикон» ба кадом забонҳои хориҷӣ чоп шудааст?
21. Бобоҷон Ғафуров кадом солҳо Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон буд ва дар ин солҳо чӣ кори мондагоре ба анҷом расонидааст?
22. Солҳои охир Бобоҷон Ғафуров кадом вазифаи масъулро ба зимма дошт ва барои пешрафти ин соҳа чӣ хидмат намудааст?
23. Дар таълифи «Тоҷикон» аз кадом сарчашмаҳои таърихӣ бо кадом забонҳои куҳна истифода шудааст?
24. Теъдоди умумии маъхазҳо, адабиёти илмӣ ва китобҳои истифоданамудаи Бобоҷон Ғафуров дар рафти таълифи «Тоҷикон» чӣ қадар аст?
25. Бобоҷон Ғафуров дар кадом фасл масъалаи умумияти ҳиндуориёиҳо, ориёиҳо ва роҳҳои кӯчиши қавму қабоили ҳиндуэрониро ба миён гузоштааст?
26. Кадом фасли «Тоҷикон» масъалаи Кидориёну Хиёниён, ташкилёбии давлати Ҳайтолиён ва муносибати онҳо бо Сосониёну Ҳоқонии турк, мулкҳои Тахористону Суғду Устурушан ва Фарғонаро дар бар мегирад?
27. Муборизаи тоҷикон ба муқобили истилогарони араб, шӯришҳову исёнҳои зиддиарабӣ, нуфузи хонадонҳои маҳаллии тоҷикӣ ва дар заминаи онҳо ташкил ва рушди давлати миллии Сомониён, анҷоми ташаккулёбии халқи тоҷик дар кадом фасл ва бобҳои «Тоҷикон» инъикос ёфтаанд?
28. Бобоҷон Ғафуров дар куҷо дафн шудааст ва ба ифтихори ӯ кадом маҳалҳо номгузорӣ шудаанд?
29. Дар бораи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров кадом китобҳо навишта шудаанд?
30. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кадом китоби худ Бобоҷон Ғафуровро «Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ» номидаанд?
31. Замони тотаърихӣ ва таърихӣ чӣ маъно доранд?
32. Таърихи ҷомеаи инсонӣ чӣ гуна даврабандӣ мешавад?
33. Даврабандии бостоншиносии ибтидои таърихи инсониятро шарҳ диҳед?
34. Асри санг чӣ маъно дорад?
35. Асри санг ба кадом давраҳои асосӣ тақсим мешавад?
36. Палеолит чӣ маъно дорад ва ба кадом давраҳо тақсим мешавад?
37. Тибқи маълумоти Бобоҷон Ғафуров осори палеолити аввал аз кадом минтақаҳои Осиёи Марказӣ дарёфт шудаанд?
38. Маданияти Қаратоғи Ёвон мансуб ба кадом давраи таърихӣ мебошад?
39. Осори дарёфтшуда аз Хонақоҳ, Оби Мазор ва Лоҳутии ноҳияи Ховалинг аз чӣ гувоҳӣ медиҳанд?
40. Осори давраи палеолити миёна аз кадом маҳалҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон дарёфт шудаанд?
41. Палеолити боло кадом давраро дар бар мегирад ва осори он аз кадом маҳалли Тоҷикистон ёфт шудааст?
42. Бобоҷон Ғафуров ҷамъияти давраи палеолитро чӣ гуна тавсиф намудааст?
43. Тақрибан ташаккули навъи имрӯзаи инсон чанд ҳазор сол пеш сурат гирифтааст?
44. То навъи имрӯзаи одам – «Одами боақл» дар адабиёти таърихӣ боз кадом навъҳои дигар номбар шудаанд?
45. Мезолит ва неолит чӣ маъно доранд?
46. Оид ба осори давраи мезолити Тоҷикистон чӣ маълумот доред?
47. Бошишгоҳи Тутқавул дар куҷо ҷойгир аст ва ба кадом давраи асри санг тааллуқ дорад?
48. Давраи неолит тақрибан чанд ҳазор сол пеш ибтидо гирифтааст?
49. Осори давраи неолит аз кадом маҳалҳои Тоҷикистон бозёфт шудаанд?
50. Маданияти археологии Ҷайтун ба кадом қавму қабилаҳо тааллуқ дорад ва дар куҷо ҷойгир мебошад?
51. Калтаманориҳо кистанд ва шуғли онҳо чӣ буд?
52. Барои чӣ маданияти неолитии Ҳисор меноманд ва он кадом минтақаро фаро мегирад?
53. Осори маданияти неолитии Ҳисор аз кадом маҳалҳои имрӯзаи Тоҷикистон дарёфт шудаанд?
54. Қадимтарин тасвирҳои рӯйи санг аз куҷо бозёфт шудаанд?
55. Сохти қавмии модарӣ ё давраи модаршоҳӣ чӣ маъно дорад?
56. Энеолит чист?
57. Барои чӣ асри мису санг мегӯянд?
58. Оид ба ёдгориҳои давраи энеолити Осиёи Миёна маълумот диҳед?
59. Оё дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон осори давраи мису санг мавҷуд аст?
60. Ба андешаи Бобоҷон Ғафуров аввалин иншооти обёрӣ дар Осиёи Марказӣ кай ва дар куҷо сохта шудааст?
61. Одамони давраи энеолит, асосан, кадом намудҳои зироатро истифода менамуданд?
62. Машғулиятҳои аввалини одамони ибтидоӣ кадомҳо буданд?
63. Оё дар Осиёи Марказӣ ва, аз ҷумла, Тоҷикистони имрӯза осори конҳои мис, ки ҳанӯз дар давраи энеолит ва асри биринҷӣ истифода мешуданд, боқӣ мондаанд?
64. Намозгоҳтеппа дар куҷост ва ба кадом давраи таърихӣ тааллуқ дорад?
65. Саразми бостонӣ осори кадом давраи таърихӣ аст?
66. Барои чӣ Саразмро шаҳри бостонӣ мегӯянд?
67. Кадом бозёфтҳо доир ба рушди кишоварзӣ дар шаҳри Саразм маълумот медиҳанд?
68. Аз чӣ сабаб Саразмро шаҳри ҳунармандон меноманд?
69. Кадом намуди биноҳо дар Саразми бостонӣ пайдо карда шудаанд?
70. Кашшофи Саразми бостонӣ кадом бостоншиноси тоҷик аст?
71. Асри биринҷӣ чӣ маъно дорад?
72. Доир ба осори давраи асри биринҷии ҳудуди Тоҷикистон маълумот диҳед?
73. Оё дар Бадахшон осори давраи асри биринҷӣ ёфт шудааст?
74. Аз кадом минтақаҳои вилояти Хатлон осори асри биринҷӣ дарёфт шудааст?
75. Дар шимоли Тоҷикистон кадом ёдгории давраи асри биринҷӣ маҳфуз мондааст?
76. Бобоҷон Ғафуров доир ба кадом вилоятҳои таърихию мадании Осиёи Марказӣ дар давраи биринҷӣ маълумот медиҳад?
77. Маданияти Қайроққум ба кадом давра тааллуқ дорад ва машғулияти қайроққумиҳо аз чӣ иборат буд?
78. Дар давраи энеолит дар сохтмони манзили сокинони Осиёи Марказӣ чӣ тағйироте ба вуқуъ омад?
79. Бобоҷон Ғафуров дар намунаи Намозгоҳтеппа шаҳри асри биринҷиро чӣ гуна тасвир намудааст?
80. Аз кадом маҳалҳои Тоҷикистон қадимтарин осори давраи биринҷӣ кашф шудааст?
81. Осори кадом давра бо номи маданияти бостонии Вахш маълум аст ва калонтарини онҳо дар куҷо маҳфузанд?
82. Оид ба ёдгории бостонии Кангуртут чӣ маълумот доред?
83. Солҳои охир бостоншиносони тоҷик кадом осори асри биринҷиро дар қаламрави Тоҷикистон пайдо намуданд?
84. Дар сарзамини тоҷикон дар замони неолит чанд намуди бошишгоҳ мавҷуд буд?
85. Петроглиф чӣ маъно дорад?
86. Оё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон петроглифҳо ёфт шудаанд ва аз куҷо?
87. Кадом тасвирҳои рӯйи санги ҳудуди Бадахшон маълуманд?
88. Сохти қавмии падарӣ ё давраи падаршоҳӣ чӣ маъно дорад ва гузариш ба он кай ба амал омадааст?
89. Инсон кай ва чӣ гуна ба кашфи оташ ноил гардид?
90. Бобоҷон Ғафуров сохти ҷамъиятии асри биринҷиро чӣ гуна тасвир намудааст?
91. Таркиби нажодии аҳолии Осиёи Марказӣ дар давраи биринҷиро тасвир намоед?
92. Ориёиҳо кӣ буданд?
93. Умумияти ҳиндуэронӣ чист?
94. Доир ба умумияти ҳиндуаврупоӣ маълумот диҳед?
95. Дар асрҳои VII-VI то милод тибқи сарчашмаҳои хаттӣ дар Осиёи Марказӣ кадом қавму тоифаҳои ориёитабор сукунат доштанд?
96. Кадом забонҳои қадима ба гурӯҳи забонҳои шарқиэронӣ дохил мешуданд?
97. Гурӯҳи забонҳои ҳиндуориёиро метавонед шарҳ диҳед?
98. Ба гурӯҳи забонҳои эронӣ кадом забонҳо дохил мешаванд?
99. Оилаи забонҳои ҳиндуаврупоиро кадом забонҳо ташкил медиҳанд?
100. Хешӣ ва қаробати забонҳои ҳиндуэрониро Бобоҷон Ғафуров бо истифода аз маводҳои лингвистӣ чӣ гуна тасвир менамояд?
101. Таркиби дохилии ҷомеаи аҳди ориёиро Бобоҷон Ғафуров дар заминаи қадимтарин нусхаҳои «Авесто» ва «Ригведа» чӣ хел тасвир намудааст?
102. Ба андешаи Бобоҷон Ғафуров кадом роҳҳои паҳншавии тоифаҳои ҳиндуэронӣ мавҷуд буданд?
103. Дар заминаи кадом далелҳо Бобоҷон Ғафуров таъкид менамояд, ки тоифаҳои мухталифи ориёӣ то замони тақсимшавӣ дар Осиёи Марказӣ (Варзрӯд) сукунат доштанд?
104. Оё доир ба азҳамҷудошавии қабилаҳои ҳиндуэронӣ андешаҳои дигар низ вуҷуд доранд?
105. Масъалаи ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ дар кадом китоби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври муфассал шарҳ ёфтааст?
106. Азҳамҷудошавии тоифаҳои ҳиндуэронӣ кай ба вуқуъ омадааст?
107. Ҳаракати тоифаҳои ориёӣ ба ҷониби Афғонистон ва Ҳиндустон кай ба амал омад?
108. Ҳаракати тоифаҳои ориёӣ ба Осиёи Пеш ва Эрони кунунӣ кай ба вуқуъ омад?
109. Нахустин маданиятҳои кишоварзии Осиёи Марказӣ кадомҳоянд ва яке аз онро шарҳ диҳед?
110. Барои чӣ «Авесто»-ро нахустқомуси ҷаҳонӣ меноманд?
111. Мувофиқи маълумоти Авесто ҷомеаи қадими Осиёи Марказӣ чӣ гуна тасвир ёфтааст?
112. Дар асрҳои VII-VI то милод дар Варзрӯд кадом халқиятҳои қадими ориёӣ сукунат доштанд?
113. Дар Авасто кадом қавмҳо ва мулкҳои ориёӣ номбар шудаанд?
114. Мувофиқи маълумоти «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров нахустин давлатҳои ориёии Варзрӯд кадомҳоянд?
115. «Аирйанам ваеҷаҳ» ифодакунандаи номи кадом кишвари таърихӣ аст?
116. Чаро Зардуштро паямбари нахустини ҷомеаи инсонӣ меноманд?
117. Кадом сарчашмаҳои қадимтарини хаттӣ аз сарнавишти тоифаҳои ҳиндуориёӣ ба мо маълумот медиҳанд?
118. Гирдоваранда ва мураттиби маҷмуаи «Тоҷик, тоҷдор, тоҷвар» кист?
119. Тоҷикистони таърихӣ куҷост?
120. Дар сарчашмаҳои чинӣ тоҷикон бо кадом ном ёд шудаанд?
121. Зери номи Су-ли дар сарчашмаҳои чинӣ кадом мулк ёд шудааст?
122. Давлати Порт бо кадом ном дар сарчашмаҳои чинӣ омадааст?
123. Бо номи Дахи дар сарчашмаҳои чинӣ кадом мулк ёд шудааст?
124. Суханони «Дар Боси бисёр аспҳои хушзод, хачир ва шутур аст» дар сарчашмаҳои чинӣ доир ба кадом мулк гуфта шудааст?
125. Тачик ва Тачкастан дар кадом сарчашмаҳо ва ба кадом маънӣ омадааст?
126. «Тоз» ҳамчун исми хос ва «Тозиён» ҳамчун номи ҷуғрофӣ дар кадом китоби муқаддас зикр шудааст?
127. Алишер Навоӣ кадом асарашро ба таърихи мардуми эронӣ бахшидааст?
128. Кадоме аз муҳаққиқони аврупоӣ лақаби «Дарвеши Ланг»-ро гирифта буд?
129. Кадоме аз вилоятҳои аҳолинишини эронӣ танҳо ба ҳуҷуми муғулҳо дучор нагардид. Ба фикри Шумо В.В. Бартолд кадом минтақаи Тоҷикистони кунуниро дар назар дорад?
130. Осори қадимии хаттии ҳиндуҳо чӣ ном дорад ва аз кадом қисматҳо иборат буда, тақрибан кай эҷод шудаанд?
131. Ба андешаи муҳаққиқон қадимтарин нусхаҳои Авесто кай эҷод шудаанд?
132. Бо супориши Искандари Мақдунӣ кай ва кадом донишманди юнонӣ ба омӯзиш, таҳқиқ ва тарҷумаи Авесто машғул шудааст?
133. Кадом сарчашмаи таърихии аҳди бостон бо супориши Искандари Мақдунӣ сӯзонда шудани нусхаҳои Авесторо хабар медиҳад?
134. Нусхаи комили Авесто аз чанд китоб ва чанд боб иборат буд?
135. Барои чӣ Авесторо сарчашмаи муҳимми таърихӣ мегӯянд?
136. Ватани Зардушт ва зуҳури оини зардуштӣ куҷост?
137. Оид ба кишварҳои дар Вандидот номбаршуда маълумот диҳед?
138. Давлати Суғди қадим куҷоро дар бар мегирифт?
139. Бохтари қадим кадом минтақаро муттаҳид мекард?
140. Давлати Хоразми қадим дар куҷо ҷойгир буд?
141. Кадом бостоншиносони машҳури шуравиро медонед?
142. Кашшофи мағоки Тешуктош кӣ буд ва он ба кадом давраи таърихӣ тааллуқ дорад?
143. Оё дар бораи ягон бостоншиноси шинохтаи тоҷик маълумот доред?
144. Кадом шохаҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аз ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон мегузашт?
145. Доир ба ёдгориҳои нодири маҳалли зисти худ чӣ медонед?
146. Ҳулбук ёдгории кадом давраи таърихӣ мебошад?
147. Қадимтарин ёдгории давраи асри санг дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва Тоҷикистон кадом аст?
148. Сохтори ҷамоаи қабилавӣ дар Осиёи Миёна тибқи хулосаи академик Бобоҷон Ғафуров чӣ гуна буд?
149. Маданияти андроновӣ (андроновҳо) аз куҷо ба Осиёи Марказӣ паҳн гардид?
150. Сулолаҳои нахустини подшоҳии ориёиро номбар кунед.
151. Аҷдоди тоҷикон дар гузашта киҳо буданд?
152. Андози солона, ки ба хазинаи шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо дохил мешуд, аз чанд талант иборат буд?
153. Аҳамияти ташкил шудани давлати Мод дар таърихи халқҳои ориёӣ аз чӣ иборат аст?
154. Сипоҳи Ҳахоманишиҳо аз чанд қисм иборат буд?
155. Асосгузори давлати мутамаркази Мод Даҳюкро ҳокимони вилояту ноҳияҳо дар анҷумане ҳамчун подшоҳи тамоми кишвари Мод интихоб карданд, аммо баъди ӯ ҳокимияти шоҳӣ кадом хусусиятро гирифт?
156. Асосгузори империяи Ҳахоманишиён кӣ буд ва кадом солҳо ҳукмронӣ кардааст?
157. Нақши шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо дар таърихи тоҷикон ва умуман, ҷаҳон аз чӣ иборат аст?
158. Баҳори кадом сол лашкари Куруши Кабир ба қаламрави давлати Бобул ворид шуд?
159. Муносибати Куруш бо массагетҳо чӣ гуна буд?
160. Ба назари Шумо фарқ байни лашкаркашиҳои Куруш ва Искандари Мақдунӣ дар чист?
161. Кадом нақлҳои ҷолибро доир ба Куруш ва корҳои ӯ медонед?
162. «Устувонаи Куруш» чист ва имрӯз дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад?
163. «Манам Куруш, шоҳи шоҳон…» бо ин матн кадом ҳуҷҷати таърихӣ сар мешавад?
164. Оё доир ба Куруши Кабир ягон асари бадеӣ ба забони тоҷикӣ навишта шудааст?
165. Массагетҳо кӣ буданд ва дар куҷо сукунат доштанд?
166. Киро бобулиён намояндаи худованд Мардук ва яҳудиён намояндаи худованд Яҳво медонистанд?
167. Дар қаламрави Тоҷикистон шаҳр – истеҳкоме ба номи Куруши Кабир алоқаманд буд ва ин шаҳр чӣ ном дошт ва дар куҷо ҷой гирифта буд?
168. Нахустин меросхӯри Куруши Кабир кӣ буд ва кадом корҳои ӯро идома дод?
169. Модари Куруши Кабир чӣ ном дошт ва аз кадом хонавода буд?
170. Баъди шоҳаншоҳ дар империяи Ҳахоманишиҳо мақоми аз ҳама баландро кӣ соҳиб буд?
171. Вазъ ва низоми давлатдорӣ дар Осиёи Миёнаи арафаи ҳамроҳкунӣ ба ҳайати империяи Ҳахоманишиҳо чӣ гуна буд?
172. Давлати Хоразми Бузург кай ва дар куҷо таъсис ёфт?
173. Давлати Каёниён – давлати асотирӣ ва ё таърихӣ аст?
174. Давлати Ҳахоманишиҳо ба чанд сатрапия тақсим мешуд ва Осиёи Миёна ба кадом сатрапияҳо дохил буд?
175. Давлати Пешдодиён ва зикри он дар маъхазҳои таърихӣ?
176. Ҳудуди ҷуғрофии давлати Суғдро муайян намоед?
177. Давлати Элом дар ҳазорсолаи чандуми пеш аз милод ба вуҷуд омад?
178. Дар аҳди кадом шоҳаншоҳ Ҳахоманишиҳо як қисми Аврупои Шарқиро ба ҳайати худ ҳамроҳ карда, зидди сакоиҳои назди соҳили баҳри Сиёҳ лашкар кашиданд?
179. Дар бораи давлати Мод маълумот диҳед.
180. Дар бораи низоми савдоии замони Ҳахоманишиҳо маълумот диҳед.
181. Дар бораи табаддулоти Гаумата (Бардиёи дурӯғин) маълумот диҳед.
182. Дар бораи шоҳроҳи замони Ҳахоманишиҳо маълумот диҳед.
183. Дар бораи Шурои машваратии назди шоҳи Мод маълумот диҳед.
184. Дар давлати Ҳахоманишиён сипоҳи доимамалкунанда вуҷуд дошт, ки асоси онро дастаи шоҳаншоҳӣ ташкил мекард, пас ин даста аз саворони ашрафзода ва чанд ҳазор аскари пиёдагард иборат буд?
185. Дар давраи ҳукмронии Хувахшатра (Киаксар, солҳои 625-585 то м.) иқтидори низомӣ ва нуфузи сиёсии давлати Мод афзуд ва онҳо бар зидди кадом давлат лашкар кашиданд?
186. Дар империяи Ҳахоманишиҳо дар давраи Дорои I девони марказӣ ташкил шуд ва он аз чанд вазоратхона иборат буд?
187. Дар империяи Ҳахоманишиҳо зиёда аз чанд халқу қабила зиндагӣ ва бо чанд забон гуфтугӯ мекарданд?
188. Дар ҷамоаи ҳиндуэрониҳо аҳолии озоди комилҳуқуқ ба чанд гурӯҳ тақсим мешуданд?
189. Шӯриши марғиёниҳо бо сардории Фрада кадом сол ба амал омад?
190. Дар муҳорибаи Куркада (Курушкада) миқдори шӯришгарон ба чанд ҳазор мерасид?
191. Дар охири давраи солшумории пеш аз мелод ва давраи аввали солшумории мелодӣ дар ҷаҳон империяҳои бузург ташкил шуданд, ки аз онҳо ду империя ба аҷдоди форсу тоҷик тааллуқ доштанд: онҳоро номбар кунед.
192. Дини расмӣ дар давлати Ҳахоманишиҳо кадом буд?
193. Дорои I кадом солҳо сарзамини сакоиҳоро ба қаламраваш ҳамроҳ намуд?
194. Дорои Кабир дар қатори дигар ислоҳоти давлатӣ дар қаламрави империяи паҳновари худ ислоҳоти пулӣ низ гузаронд, муайян намоед, ки сиккаҳои тиллоии ӯ бо номи «дорик» ва нуқрагин бо номи «сикл» чанд грамм вазн доштанд?
195. Дорои Кабир кай ба тахти Ҳахоманишиҳо нишаст?
196. Ёдгориҳои машҳури «Дафинаи Амударё» ба кадом замон тааллуқ доранд?
197. Дафинаи Амударё дар кадом музеи ҷаҳонӣ нигоҳ дошта мешвад ва чӣ гуна ба он ҷо рафт?
198. Намоиши нигораҳои «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» кай ва дар куҷо ташкил карда шуд?
199. Забони расмии давлати Ҳахоманишиҳо кадом буд?
200. Зардушт пайғамбари кадом дин ва муаллифи кадом китоб аст?
201. Кадом шоҳи Каёнӣ Зардуштро ёрӣ расонд?
202. Оид ба давлати Бохтари қадим маълумот диҳед.
203. Оид ба ислоҳоти маъмурии Дорои Кабир маълумот диҳед.
204. Аҳуро Маздо мансуби кадом дин мебошад?
205. Модари Зардушт чӣ ном дошт?
206. Оид ба ислоҳоти шабакаи хабару номарасони (почта)-и Дорои Кабир маълумот диҳед.
207. Оид ба механизми давлатӣ ва тарзи ташкили он дар замони Ҳахоманишиҳо маълумот диҳед?
208. Қаламрави империяи Ҳахоманишиҳо ба чанд минтақаи бузурги ҳарбӣ тақсим мешуд?
209. Калимаи «Ориёӣ» чӣ маъно дорад?
210. Кадом шаҳрҳо марказҳои давлати Ҳахоманишиҳо буданд?
211. Ҷашну идҳои қадимаи мардуми ориёӣ, ки дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешуданд, кадомҳоянд?
212. Ислоҳоти шоҳаншоҳи Ҳахоманишиҳо Дорои I-ро шарҳ диҳед?
213. Навиштаҷоти «Кӯҳи Бесутун» ва «Нақши Рустам» дар бораи кадом давлат маълумот медиҳанд?
214. Кадом олим ва дар кадом аср Авасторо ба мардуми Аврупо шинос намуд?
215. Забони яғнобӣ вориси бевоситаи кадом забони қадимаи ниёгон аст?
216. “Ривояти суғдӣ” — асари кист ва дар бораи чӣ маълумот медиҳад?
217. Давлати Ҳахоманишиҳо ба кадом солҳо рост меояд?
218. Кадом файласуфи бузург мардуми эрониро нахустин миллати таърихӣ шуморида, шоҳаншоҳии Ҳахоманиширо нуқтаи шурӯи таърихи ҷаҳонӣ донистааст?
219. Кадом намояндаи Ҳахоманишиҳо дар давлат ислоҳот гузаронида, мавқеи ҳокимияти марказиро устувор намуд?
220. Куруш кадом сол Эъломия (намунаи аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар)-ро қабул намуд ва он чӣ ном дошт?
221. Куруши Кабир кадом сол давлати Лидияро мағлуб кард?
222. Кишварҳои ориёие, ки дар Авесто зикр шудаанд, номбар кунед?
223. Империяи Ҳахоманишиҳо тибқи ислоҳоти Дорои Кабир аз чанд сатрапия иборат буд?
224. Кадом кишварро дар гузашта «Мамлакати ҳазоршаҳр» меномиданд?
225. Кадом моҳ ва сол Камбуҷияро расман шоҳи Миср эълон карданд?
226. Кадоме аз аҷдоди мо бори нахуст чандин кишварҳо ва халқҳои ориёиро дар ҳайати як давлат муттаҳид намуда буд?
227. Модҳоро дар ҳайати давлати ягона кӣ муттаҳид намуда, пойтахти он шаҳри Ҳангматанаро бунёд кард?
228. Муайян аст, ки додвари олӣ дар империяи Ҳахоманишиҳо шоҳаншоҳ ба шумор мерафт, оё ҳукми шоҳ тағйирпазир буд?
229. Мувофиқи анъанаи ориёӣ шоҳ ҳокимияти худро мустақиман аз кӣ мегирифт ва онро чӣ гуна амалӣ менамуд?
230. Катибаҳои Кӯҳи Бесутун ба кадом шоҳи Ҳахоманишиҳо мансуб аст?
231. Нахустин кишвари ориёиҳо чӣ ном дошт?
232. Ҳайат, хусусият ва вазифаи Шурои олии дарбори Ҳахоманишиҳоро шарҳ диҳед.
233. Ҳудудҳои кадом шоҳаншоҳии аҷдоди тоҷик дар се қитъа – Осиё, Африқо ва Аврупо ҷойгир буданд?
234. Назари Бобоҷон Ғафуров оид ба масъалаи ташаккули қадимтарин давлатҳо дар Осиёи Миёнаро баён кунед.
235. Персополис (Тахти Ҷамшед) кадом солҳо сохта шудааст?
236. Пойтахти аввалаи Порт (Парфия) кадом шаҳр буд?
237. Пойтахти давлати Мод кадом шаҳр буд?
238. Роҷеъ ба сохти сиёсӣ ва ҳудудӣ-маъмурии империяи Ҳахоманишиҳо маълумот диҳед?
239. Роҳи Бузурги Абрешим, ки аз қаламрави ватани таърихии тоҷикон мегузашт, дар кадом аср ташаккул ёфт?
240. Солҳои ҳукмронии Дорои І-ро дар давлати Ҳахоманишиҳо муайян намоед?
241. Хизмати ҳарбӣ дар замони Дорои І (522-486 п.а.м.) аз синни чандсолагӣ оғоз мешуд?
242. Аз тарафи Юнону мақдуниҳо ишғол шудани Осиёи Миёна ба кадом солҳо рост меояд?
243. Сабабҳои асосии лашкаркашии Искандари Мақдунӣ ба Эронзамин дар чист?
244. Муҳориба дар назди Исса кай ва байни лашкари кадом давлатҳо ба амал омад?
245. Дар бораи муҳорибаи Гавгамела чӣ медонед?
246. Муҳорибаҳои асосии байни мақдуниҳо ва Ҳахоманишҳо кадомҳоянд?
247. Бес кӣ буд ва баъди кушта шудани Доро чӣ лақаберо ба худ гирифт??
248. Қувваҳои ҳарбӣ ва ҳунари ҷангии мардуми Варазрӯдро Бобоҷон Ғафуров чӣ гуна шарҳ додааст?
249. Солҳои 329-327 то милод аҷдоди тоҷикон ба муқобили кӣ шӯриш бардоштанд?
250. Спитамен кӣ буд ва чаро ӯро қаҳрамони халқи тоҷик меноманд?
251. Спитамен бар зидди кӣ мубориза бурд?
252. Солҳои муборизаи Спитамен ба муқобили истилогарон кадом аст?
253. Ҷанги Спитамен бо лашкари Искандар дар кадом ҳудуд иттифоқ афтод?
254. Чаро шӯриши Спитамен ба муқобили истилогарони юнонӣ шикаст хӯрд?
255. Муборизаи суғдиёну бохтариён бо сарварии Спитамен чӣ натиҷа дод?
256. Барои чӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Спитаменро «Парчамбардори ҷодаи озодиву истиқлол» номидаанд?
257. Доир ба мудофиаи Курушкада (Киропол) чӣ маълумот доред?
258. Бобоҷон Ғафуров муборизаи ниёкони тоҷикро дар кадом фасли китоби «Тоҷикон» ва чӣ гуна тасвир намудааст?
259. Ҷанги Спитамен ва сарлашкари юнонӣ Кратер дар куҷо ба вуқуъ омад ва бо чӣ анҷомид?
260. Оид ба марги Спитамен кадом ривоятҳо мавҷуданд?
261. Истилои юнону мақдуниҳо ба сари ниёкони тоҷик чӣ ба бор овард?
262. Оксиарт, Сисимитр ва Ҳурриён киҳо буданд?
263. Хабари «Искандар суғдиёни шӯришгарро таъқиб карда, аз онҳо беш аз 120 ҳазор нафарро ҳалок менамояд»-ро кадом муаррихи Юнони Қадим менависад?
264. Кадоме аз мулкҳои Варазрӯд тавонист дар давраи истилои Искандар истиқлолияти худро нигоҳ дорад?
265. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ Искандар дар ҳудуди Суғду Бохтар чанд шаҳр бунёд намудааст?
266. Сабабҳои инқирози империяи Искандарро Бобоҷон Ғафуров дар чӣ мебинад?
267. Бобоҷон Ғафуров ба онҳое, ки истилои Искандарро ҳодисаи пешқадамона меҳисобанд чӣ ҷавобе додааст?
268. Империяи Искандар кай ва ба чанд давлати алоҳида пароканда шуд?
269. Давлати Селевкиён кадом солҳо вуҷуд дошт ва бунёдгузораш кӣ буд?
270. Антиох писари Селевки Якум, ки волии мулкҳои Шарқ таъин шуд аз тарафи модарӣ ба кадом хонавода тааллуқ дошт?
271. Дар «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров ҳаёти дохилии давлати Селевкиёнро чӣ гуна тасвир намудааст?
272. Мубориза байни кадом бародарон боиси таназзули давлати Селевкиён гардид?
273. Тамаддуни эленистӣ чӣ маъно дорад?
274. Муассиси давлати Юнону Бохтар кӣ буд?
275. Барои чӣ давлати Юнону Бохтар ё Юнони Бохтар меномиданд?
276. Маънои вожаи Бохтар чист?
277. Кадом намояндаи Юнону Бохтар Ҳиндустонро тасхир кард?
278. Солҳои мавҷудияти давлати Юнону Бохтарро муайян намоед.
279. Давлати Юнону Бохтар аз тарафи кадом қабилаҳо аз байн бурда шуд?
280. Муносибат давлати Юнону Бохтар бо давлати Порт чӣ гуна буд?
281. Давлати Юнону Бохтар кадом ҳудуди ҷуғрофиро дар бар мегирифт?
282. Тахориҳо киҳо буданд?
283. Давраи ҳукмронии кадом ҳокимонро давраи равнақи давлати Юнону Бохтар меноманд?
284. Кадом ёдгориҳои давраи Юнону Бохтар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд?
285. Доир ба фарҳанги давраи Юнону Бохтар Бобоҷон Ғафуров чӣ маълумот медиҳад?
286. Солҳои мавҷудияти давлати Портро муайян намоед?
287. Кадом сол Аршак ва Тиридат ҳокимияти Андрагори юнониро сарнагун ва ба давлати Ашкониён асос гузоштанд?
288. Кадом сол байни империяи Ашкониён ва империяи Рим муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда шуданд?
289. Кадом шоҳаншоҳи Ашкониён унвони Кабирро гирифта буд?
290. Баъди ишғоли кадом сарзамин шоҳи ашконӣ Меҳрдоди I унвони «Подшоҳи Бузург»-ро гирифт?
291. Давлати Ашкониён (Порт) кай ташкил ёфт ва асосгузори он кӣ буд?
292. Аҷдоди тоҷикро аз зери зулми Юнону мақдуниён кадом сулола раҳо карда, фарҳанги ориёиро эҳё намуд?
293. Дар байни солҳои 141-128 п.м. кадом қабилаҳои кӯчии эронинажод аз шимолу шарқи Тиёншон ба Осиёи Миёна ворид шуданд ва дар натиҷаи як империяи бузургро таъсис доданд?
294. Кай ва дар кадом шаҳрҳо конференсияҳои кушониёншиносӣ баргузор гардидаанд?
295. Кадоме аз шоҳони Ашконӣ дар сиккаҳо унвони шоҳаншоҳ (шоҳи шоҳон)-ро зарб кардааст?
296. Бо супориши кадом шоҳи Ашконӣ дар асри I китоби Авесто аз нав ҷамъоварӣ шуд?
297. Лашкаркаши машҳури Ашконӣ Сурона дар кадом муҳориба қаҳрамонӣ нишон дода, лашкари империяи Римро шикаст додааст?
298. Кадом шоҳи сулолаи Ашкониён пас аз истилогарии юнониён давлатдории ориёиро аз нав эҳё кардааст?
299. Меҳрдоди 1 кадом солҳо ҳукмронӣ кардааст?
300. Корнамоии Меҳрдоди 1 аз чӣ иборат аст?
301. Империяи Порт дар давраи Меҳрдоди 1 кадом вилоятҳоро фаро мегирифт?
302. Кадом подшоҳи Ашконӣ дар муҳорибаи бузург румиҳоро шикасти сахт додааст?
303. Оё дар таърихи таҷрибаи давлатдории Ашкониён низоми ҳамидоракунанда низ ҷой дошт?
304. Оид ба Шурои назди дарбори Ашкониён маълумот диҳед.
305. Мувофиқи хулосаи Бобоҷон Ғафуров шакли идоракунии давлати Ашкониён (Порт) чӣ гуна буд?
306. Аз ҷиҳати маъмурӣ давлати Ашкониён (Порт) ба кадом воҳидҳо тақсим мешуд?
307. Дар қисмати ғарбии империяи Ашкониён чанд шаҳри мухтор-худидорашаванда вуҷуд дошт?
308. Дар қудратманд гардондани империяи Ашкониён кадом шоҳаншоҳ хизмати бузург кардааст?
309. Аз кадом мавзеъ миқдори зиёди ҳуҷҷатҳои давлати Ашкониён ёфт шудаанд?
310. Охирин намояндаи Ашкониён (Портҳо) кӣ буд?
311. Бобоҷон Ғафуров ҳангоми таҳқиқи таърихи давлатдории Ашкониён аз кадом маъхазҳои хаттӣ бештар истифода намудааст?
312. Соли 20 то милод байни кадом шоҳаншоҳи Ашкониён ва кадом императори Рим сулҳ баста шуд?
313. Рушди фарҳанг ва анъанаҳои миллии эронинажодон дар давраи ҳукмронии кадом шоҳаншоҳи Ашконӣ авҷ гирифта, дар сиккаҳо ба ҷойи навиштаҷоти юнонӣ навиштаҷоти портӣ пайдо шуданд ва матни расмии китоби муқаддаси зардуштиён Авесто тадвин шуд?
314. Бобоҷон Ғафуров барҳамхӯрии империяи Ашкониёнро ба кадом сабабҳо мансуб донистааст?
315. Бобоҷон Ғафуров оид ба навовариҳои сохтори ҷамъиятиву давлатии аҳди сулолаи Ашкониён ба кадом хулоса меояд?
316. Замони рушду тараққиёти давлати Кушониён ба солҳои ҳукмронии кадом намояндаи он рост меояд?
317. Кунгураи ҷаҳонии илмӣ бахшида ба тамаддуни замони Кушонӣ кай, дар куҷо ва бо сарварии кӣ баргузор гардид?
318. Кадом империяи аҷдоди тоҷик дар сиёсат, дипломатия ва муносиботи байналхалқӣ рақиби асосии империяи Рим ба шумор мерафт?
319. Кадом намояндаи Кушониён ислоҳоти пулӣ гузаронд?
320. Давлати Кушониён ба кадом асрҳо рост меояд?
321. Камонҳои Кушониён дар Аврупо бо кадом ном машҳур буданд?
322. Дар давраи ҳукмронии кадом шоҳи Кушонӣ мавқеи дини буддоӣ баланд мегардад?
323. Муносибатҳои Кушониён ва Сосониёнро аз рӯйи таҳлили академик Бобоҷон Ғафуров баён доред?
324. Ба ҳудуди давлати Кушониён кадом сарзаминҳо дохил мешуданд?
325. Сулолаҳои Кидориёну Хиёниён ба кадом қавм мансуб буда, дар фосилаи охири асрҳои III-IV дар харобаҳои кадом давлат ҳукмронӣ кардаанд?
326. Шива худои кадом дин аст ва дар давраи кадом шоҳи Кушонӣ акси ӯ дар тангаҳо тасвир ёфт?
327. Шоҳаншоҳи Кушониён – Канишка кадом шаҳрро пойтахти худ интихоб кард?
328. Ёдгории машҳури замони Кушониён «Катибаи Сурхкӯтал» кай кашф гардид ва он ба замони кадом шоҳи Кушонӣ мансуб аст?
329. Нақши Кушониёнро дар ҳаёти сиёсӣ-давлатдории Ҳиндустон шарҳ диҳед.
330. Академик Бобоҷон Ғафуров дар асараш «Тоҷикон» такя ба маълумоти кадом сафири Чин намуда, менависад, ки йуҷиҳо соли 128 п.м. Бохтарро истило кардаанд?
331. Дар асоси маълумоти «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров канғуйиҳо киҳо буданд ва дар бораи иттиҳоди давлатии онҳо маълумот диҳед?
332. Солҳои шоҳаншоҳии Сосониёнро муайян кунед.
333. Мақсади асосии ҳаракати Маздак аз чӣ иборат буд?
334. Маркази давлати Элом, ки ба қатори аввалин давлатҳои ориёӣ ҳисоб мешавад, кадом шаҳр буд?
335. Гунди Шопур (ҳамчун донишгоҳ) дар замони кадом шоҳи Сосониён сохта шудааст?
336. Ҳаракат ё худ шӯриши Маздак кадом солҳо ба амал омадааст?
337. Ҳаракати Маздак дар замони кадом шоҳи Сосониён ба амал омад?
338. Ҳаракати Хураммиён номи худро аз куҷо гирифтааст?
339. Ҳахоманишиҳо ҳудуди Осиёи Миёнаро ба чанд сатрапия тақсим карда буданд?
340. Ҳокими вилоятро дар замони Ҳахоманишиҳо чӣ ном мебурданд?
341. Ҳокими тоисломии Истаравшанро чӣ ном мебурданд?
342. Ҳуқуқи динӣ, мурофиаи судӣ-маъмурии ориёиҳои қадим дар давраи тодавлатӣ чӣ гуна буд?
343. Оид ба табақабандии иҷтимоии замони Сосониён маълумот диҳед?
344. Осори шаҳрҳои қадимаи Қалъаи Куҳан ва Тахти Сангин дар куҷо кашф шудаанд?
345. Охирин намояндаи Сосониён кӣ буд?
346. Рисолаи ҳуқуқии замони Сосониён чӣ ном дошт ва роҷеъ ба мазмуни он мухтасар маълумот диҳед?
347. Роҷеъ ба мазмуни «Аҳди Ардашер» маълумот диҳед?
348. Сабаби аз тахти шоҳӣ маҳрум гардидани Қубод солҳои 496 — 498 дар чӣ буд?
349. Солҳои ҳукмронии шоҳи Сосониён Шопури ІІ-ро муайян намоед:
350. Сосониён худро меросхӯрони кадом сулола медонистанд ва даъвои соҳиб шудани сарзамини онро мекарданд?
351. Сулолаҳои Ашкониён ва Сосониён дар сиёсати ҷаҳони он вақт худро меросбари кадом сулола эълон карда буданд?
352. «Тахт пояи меҳроб асту меҳроб пояи тахт» — суханони мазкур ба кадом шоҳаншоҳи Сосонӣ тааллуқ доранд?
353. Тибқи хулосаи муаррихони Ғарб ҳокимияти Ардашери Бобакон аз ҷониби эрониён дар анҷумани бузурге дар кадом шаҳр ботантана ба расмият шинохта шуд?
354. Тибқи ахбори Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ дар чаҳор соли фосилаи байни марги Хусрави Парвиз ва ба тахт нишастани Яздигурди сеюм, ки охирин подшоҳи Сосонӣ аст, наздик ба чанд шоҳаншоҳ ба тахт нишастанд?
355. Хусрави Анушервон (531 – 579) ислоҳоти идоракуниро дар шоҳаншоҳии Сосониён ба таври комил ба анҷом расонда, мамлакатро ба чанд қисм тақсим намуд?
356. Хусусиятҳои ҷолиби низоми давлатдории Сосониёнро муайян намоед.
357. Чиниён давлати Фарғонаи қадимро Даван ном бурдаанд, ки ин ном аз куҷо гирифта шудааст?
358. Шопури ІІ дар куҷо сарбанд сохт ва он бо кадом ном машҳур аст?
359. Эрон ва Турон: шарҳ диҳед.
360. Дар замони Сосониён аҳолӣ ба чанд табақа тақсим мешуд ва онҳо кадомҳоянд?
361. Баҳроми Чӯбин кӣ буд?
362. Насаби Баҳроми Чӯбин ба киҳо мепайваст?
363. Баҳроми Чӯбин чӣ корнамоӣ кардааст?
364. Зиддияти Сосониён ва Хоқонати Турк дар кадом масъала зоҳир мегашт?
365. Шоҳаншоҳии Сосониён аз тарафи кӣ аз байн бурда шуд?
366. Солҳои мавҷудияти давлати Ҳайтолиёнро муайян намоед.
367. Яздигурди сеюмро кӣ шикаст дод?
368. Чаро Анушервонро шоҳи одил гуфтанд?
369. Ардашер асосгузори кадом давлат аст?
370. Давлати Сосониён чанд сол арзи ҳастӣ намудааст ва он дар таърихи халқи тоҷик чӣ нақши мондагоре дорад?
371. Дар аввали асри III дар ҷаҳон чанд империяи бузург вуҷуд дошт?
372. Ба ҷои империяҳои Порту Кушон кадом империяҳо ба вуҷуд омаданд?
373. Дар «Шоҳнома» доир ба чанд ҷанги шоҳаншоҳ Пирӯзи Сосонӣ ба муқобили Ҳайтолиён ахбор оварда шудааст?
374. Шоҳи Ҳайтолиён Тораман кай империяи Гуптҳои Ҳиндро шикаст дода, сарзаминҳои Синд, Раҷистон, водиҳои Ҷаму Гангро ишғол кард?
375. Пойтахти Ҳайтолиён кадом шаҳр буд?
376. Ҳайтолиён дар охири кадом асрҳо Бадахшону Тахористони Шарқӣ, Балху Тахористон ва Ғарҷистонро тобеъ намуда, заминаҳои ҳарбию сиёсӣ ташаккули давлати мустақилро фароҳам меоранд?
377. Академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси маълумоти Прокопий Кесарӣ дар баёни масъалаи тарзи давлатдорӣ ва баромади этникии Ҳайтолиён ба кадом хулосаи илмӣ омадааст?
378. Дар давлати Ҳайтолиён пас аз шоҳ кӣ шахси дуюм ҳисоб мешуд?
379. Давлати Ҳайтолиён дар натиҷаи иттиҳоди кадом давлатҳо аз байн рафт ва қаламрави он байни киҳо тақсим шуд?
380. Калимаи ҳайтолӣ ё хиёнӣ дар «Авесто» бо кадом шакл омадааст?
381. Ҳайтолиҳо-хиёниҳо аз кадом нажод ҳастанд?
382. Акси ду нафар ҳайтолии аз Самарқанд пайдошуда, ки дар болои китоби «Тоҷикон» омадааст, аслан, акси кист ва аз куҷоянд?
383. Вуруди туркҳо ба Осиёи Миёна пас аз барҳам хӯрдани кадом давлат ба амал омад?
384. Тахориҳо киҳо буданд?
385. Тахористон куҷост?
386. Асрҳои VI-VII дар Тахористон чанд шоҳигарӣ вуҷуд дошт?
387. Дар арафаи ҳуҷуми арабҳо дар Хатлон чанд шаҳри калон вуҷуд дошт?
388. Маъбади Навбаҳор дар куҷо ҷойгир буд ва муъбадони он киҳо буданд?
389. Юришҳои ҷангии Қутайба ибни Муслим кадом солҳо ва кадом давраи забткориҳои арабҳоро дар Мовароуннаҳр дар бар мегирад?
390. Моҳияти давраҳои якум ва дуюми ҳуҷумҳои забткоронии арабҳоро дар Мовароуннаҳр шаҳр диҳед?
391. Ғурак кӣ буд?
392. Ғурак чӣ гуна ҳокими Суғд шуд?
393. Унвони ҳокимони Суғд чӣ буд?
394. Корнамоии Ғурак аз чӣ иборат буд?
395. Пойтахти Суғд дар замони Ғурак кадом шаҳр буд?
396. Деваштич кӣ буд?
397. Корнамоии Деваштич аз чӣ иборат буд?
398. Солҳои муборизаи Деваштич ба муқобили истилогарони араб кадом аст?
399. Муборизаи Деваштич бо арабҳо дар кадом минтақа сурат гирифт?
400. Сабаби шикасти Деваштич чӣ буд?
401. Ҳуҷҷатҳои суғдии давраи Деваштич кай ва аз куҷо дарёфт шуд?
402. Лашкари арабҳо кай Хатлонро забт карда буд?
403. Ҳокими ҷасури Хатлон, ки ба муқобили арабҳо ҷангида буд, чӣ ном дошт?
404. Лақаби шоҳони Хатлон дар ин давра чӣ буд?
405. Чаро арабҳо тавонистанд Хатлонро забт кунанд?
406. Ҷанги Наҳованд дар соли 642 байни лашкари Нуъмон ибни Макрон (Арабҳо) ва Фирӯзон (лашкари Яздигурд) бо чӣ анҷом ёфт?
407. Солҳои 632 то 661 тахти хилофати арабро киҳо идора мекарданд?
408. Бераҳмтарин халифа дар замони ҳукмронии Уммавиён кӣ буд?
409. Соли 750 сулолаи Аббосиён ба тахти Хилофати араб чӣ гуна омаданд?
410. Карзанҷ кӣ буд?
411. Абумуслими Хуросонӣ кист?
412. Абумуслим чӣ корнамоӣ кардааст?
413. Қиёми Абумуслим чӣ аҳаммият дошт?
414. Чаро Абумуслим кушта шуд?
415. Пас аз қатли Абумуслим барои хунхоҳии ӯ бар зидди арабҳо кадом шӯриш сар зад?
416. Пайравони Сумбоди Муғро чӣ ном мебурданд?
417. Дар баробари шӯриши Сумбоди Муғ боз кадом шӯриш ва дар куҷо барои хунхоҳии Абумуслим сар зада буд?
418. Бузургтани шӯриши зидди арабҳо дар Мовароуннаҳр пас аз қатли Абумуслим кадом буд?
419. Муқаннаъ кӣ буд?
420. Макони асосии таҷаммуи пайравони Муқаннаъ ва муборизаи онҳо бо арабҳо куҷо буд?
421. Исёни Муқаннаъ чӣ гуна пахш карда шуд?
422. Асоси ғоявии ҳаракати шуубияро чӣ ташкил медод?
423. Ҳаракати шуубия барои тоҷикон чӣ аҳамият дошт?
424. Тоҳир ибни Ҳусайн кӣ буд?
425. Нахустин давлати аҷдоди тоҷикон пас аз густариши ислом кадом аст, онро кӣ ва кай бунёд гузошт?
426. Давлати Тоҳириён дар таърихи миллати тоҷик чӣ нақш ва ҷойгоҳе дошт?
427. Давраи шукуфоии давлати Тоҳириён ба замони кадом амирон рост меояд?
428. Тоҳир ибни Ҳусайн дар давраи кадом халифа волии Хуросон таъин гардид?
429. Талха ибни Тоҳир кадом солҳо амири давлати Тоҳириён буд?
430. Шуубия чӣ ҷараёне буд ва дар бедории сиёсии мардуми Хуросону Варазрӯд чӣ нақше дорад?
431. Сабабҳои барҳам хӯрдани давлати Тоҳириён кадом аст?
432. Маънои вожаи Хуросон чист?
433. Куҷоро Варзрӯд (Мовароуннаҳр) мегӯянд?
434. «Хуросони Бузург» чӣ маъно дорад?
435. Яъқуби Лайс кӣ буд?
436. Давлати Саффориён кай ва дар кадом ҳудуд таъсис шуд?
437. Корнамоии Яъқуби Лайс дар чӣ зоҳир мешавад?
438. Иқдомоти Яъқуб дар мавриди забони форсӣ (тоҷикӣ) чӣ гуна буд?
439. Яъқуб ибни Лайс ва Амру ибни Лайс кадом сол Заранҷро дар тасарруфи худ дароварданд?
440. Яъқуб кадом сол Муҳаммад ибни Тоҳирро шикаст дода, маркази Хуросон – Нишопурро забт кард?
441. Ҳукумати Бағдод кадом сол идораи Хуросонро ба Яъқуб дод?
442. Яъқуб дар таърих чӣ гуна шахсият эътироф шудааст?
443. Қисмҳои лашкари Яъқубро чӣ гуна сарбозон ташкил мекарданд?
444. Чӣ гуна сарбозонро дар лашкари Яъқуб «фидоӣ» ном мебурданд ва вазифаи онҳо аз чӣ борат буд?
445. Қушунҳои Сафориён чӣ гуна аслиҳаи ҷангӣ дошт?
446. Дар вақти ҳукмронии Яъқуб аҳволи мардум чӣ гуна буд?
447. Яъқуб кадом сол бо мақсади ғасби ҳокимияти Хилофат ба Бағдод лашкар кашид?
448. Яъқуб ибни Лайс кадом солҳо ҳукумати Сафориёнро идора мекард?
449. Исмоили Сомонӣ кӣ буд?
450. Исмоили Сомонӣ дар таърихи миллати тоҷик чӣ хидматҳо кардааст?
451. Кадом корнамоии Исмоили Сомонӣ ҳамлаҳои ғоратгаронаи турконро ба шаҳрҳои ободи Мовароуннаҳр муддати тӯлонӣ боздошт?
452. Кадом сол ва давраи ҳукмронии кадом намояндаи Сомониён тамоми мулкҳои тоҷикнишин ба давлати ягона муттаҳид гардиданд?
453. Сарсилсилаи хонадони Сомониён кӣ буд?
454. Сомон дар симои кадом хилофат пуштибони худро пайдо кард?
455. Сомон чанд писар дошт?
456. Нуҳ ибни Сомонӣ ҳокими кадом шаҳр буд?
457. Аҳмад ибни Сомонӣ чӣ гуна ҳокими Фарғона таъйин гашт?
458. Яҳё ва Илёс ҳокимони кадом шаҳрҳо буданд?
459. Аввалин пулҳои мисии Сомонӣ ба номи кадоме аз ҳокимони Сомонӣ сикка зада мешуд?
460. Пас аз вафоти Нуҳ ибни Сомонӣ сардори сулола кадоме аз писарони Сомон таъин шуд?
461. Бо кадом сабаб муносибати Наср ибни Аҳмад бо бародараш Исмоил мураккаб буд?
462. Исмоил кадом сол соҳиби мулки Бухоро гардид?
463. Исмоил бо кадом неру ҳокимияти худро дар Бухоро мустаҳкам намуд?
464. Байни Исмоил ва Наср кадом солҳо ва бо кадом сабаб муборизаҳо сар зад?
465. Дар муборизаи байни Наср ва Исмоили Сомонӣ кадоме аз онҳо шикаст хурд?
466. Бухоро кадом сол ва баъди кадом воқеа аз ҷониби кӣ пойтахти давлати Сомониён гардид?
467. Ба сари қудрат омадани Исмоили Сомонӣ ба хилофат чӣ таъсир расонд?
468. Халифаи араб дар мубориза бар зидди Исмоили Сомонӣ кадом ҳокими Хуросонро истифода мебурд?
469. Исмоили Сомонӣ лашкари Амр ибни Лайсро дар куҷо ва кадом сол шикаст дод?
470. Сабабҳои асосии муваффақ шудани Исмоили Сомонӣ дар мубориза бар зидди Амр ибни Лайс дар чӣ буд?
471. «Таърихи Бухоро» чӣ гуна асар аст ва аз ҷониби кӣ навишта шудааст?
472. Исмоил пас аз кадом воқеа ҳокимияти худро дар Хуросон барқарор намуд?
473. Исмоили Сомонӣ барои мубориза бар зидди бодиянишинон чӣ гуна тадбирҳо андешид?
474. «То вақте, ки зиндаам, қалъаи Бухоро ман ҳастам». Ин сухан ба кӣ тааллуқ дорад?
475. Исмоили Сомонӣ манфиатҳои кадом табақаи аҳолии давлатро муҳофизат мекард?
476. Бо кадом сабабҳо Исмоили Сомонӣ асосгузори давлати Сомониён дониста мешавад?
477. Исмоили Сомонӣ барои таъсиси як давлати муттамарказ кадом иқдомҳоро пеш гирифт?
478. Дар аҳди Сомониён идораи давлат ба чанд қисм тақсим мешуд?
479. Дар давлати Сомониён чанд девон фаъолият мекард?
480. Вазифаи асосии девонҳо дар давраи Сомониён аз чӣ иборат буд?
481. Девонҳои замони Сомониён дар куҷо ҷойгир буданд?
482. Девони вазир кадом вазифаҳоро иҷро мекард?
483. Ба мансаби девони вазир аз кадом хонадон таъин мешуданд?
484. Қувваҳои ҳарбии Сомониён дар ихтиёри кадом девон буд?
485. Корҳои молиявии давлати Сомониён вазифаи кадом девон буд?
486. Девони амид-ул-мулк чӣ вазифаро иҷро мекард?
487. Девони соҳиб-уш-шурот чӣ масъулиятро ба зима дошт?
488. Вазифаи асосии девони соҳиб-ул-борид аз чӣ иборат буд?
489. Вазифаи девони муҳтасибро шарҳ диҳед?
490. Харҷу дахли хазинаи давлати Сомониёнро кадом девон ба уҳда дошт?
491. Дар замони салтанати Сомониён руҳониёни ислом чӣ гуна нақш доштанд?
492. Баниҷуриён ҳокимони кадом минтақа дар аҳди Сомониён буданд?
493. Баъд аз вафоти Исмоили Сомонӣ ба тахти ҳокимияти Сомониён кӣ нишаст?
494. Аҳмад ибни Исмоил кадом сол амири Сомонӣ шуд?
495. Дар давраи аввали ҳукмронии Аҳмад ибни Сомонӣ ҳокимони кадом вилоятҳо исён бардоштанд?
496. Аҳмад Ибни Исмоил аз ҷонибӣ кӣ кушта шуд?
497. Насри II -и Сомонӣ кадом сол ба тахти давлати Сомониён нишаст?
498. Вазири давлати Сомониён дар аҳди ҳукмронии Насри II кӣ буд?
499. Дар давраи ҳукмронии Наср ибни Исмоили Сомонӣ кадом исёнҳо ба амал омад?
500. Ҳаракати қарматӣ чӣ гуна ҳаракат аст ва дар замони Сомониён онро киҳо роҳбарӣ мекарданд?
501. Нахшабӣ ба воситаи кӣ ба дарбори Насри II-и Сомонӣ роҳ ёфт?
502. Нуҳ ибни Наср пас аз кадом воқеа амири Сомонӣ гардид?
503. Нахшабӣ аз ҷониби кадом амири Сомонӣ барои кадом гуноҳаш ба дор овехта шуд?
504. Нуҳ ибни Наср кадом солҳо ҳукмронӣ кардааст?
505. Нишонаҳои таназзули давлати Сомониён дар давраи ҳукмронии кадом амир падид омаданд?
506. Пас аз вафоти Нуҳ ибни Наср ба тахти давлати Сомониён кӣ нишаст?
507. Абдумалики 1 кадом солҳо амири Сомониён буд?
508. Мансур ибни Нуҳи Сомонӣ кадом солҳо ҳукмронӣ кардааст?
509. Алп-Тегин дар дарбори Сомониён чӣ вазифаро иҷро мекард ва кадом сол ба Ғазнин лашкар кашида, онро дар тасарруфи худ даровард?
510. Дар замони ҳукмронии кадом амири Сомонӣ Ғазнин дубора ба ҳокимияти Сомониён ҳамроҳ карда шуд?
511. Нуҳ ибни Мансур кадом солҳо ҳокимияти давлати Сомониёнро идора кардааст.
512. Давлати Сомониён аз ҷониби кӣ шикаст дода шуд?
513. Охирин амири Сомонӣ кӣ буд?
514. Сохти давлати Сомониён чӣ гуна буд?
515. Дар давраи Сомониён аҳволи деҳқонон чӣ гуна буд ва аҳли меҳнат бештар ба чӣ корҳо машғул буданд?
516. Дар хоҷагии замони Сомониён чӣ тағйиротҳо ба вуҷуд омад?
517. Дар давраи ҳукмронии Сомониён кадом намуди зиротакорӣ рушд кард?
518. Кадом каналҳои нави обёрӣ дар давраи Сомониён сохта шуданд?
519. Истеҳсоли маъдан ва кӯҳкории замони Сомониёнро шарҳ диҳед?
520. Дар замони Сомониён барои истихроҷи маъдан чӣ корҳоро анҷом медоданд?
521. Маркази истеҳсоли коғаз дар замони Сомониён кадом шаҳр буд?
522. Кадоме аз олимони замони Сомониён дар Ғарб бо номи Гебер машҳур аст?
523. Муҳаммад ибни Мусо Ал-Хоразмӣ кадом солҳо ҳаёт ба сар бурдааст?
524. Мақбараи Исмоили Сомонӣ кай ва дар куҷо сохта шудааст?
525. Китобхонаи машҳури Сомониён чӣ ном дошт?
526. Олимони энсиклопедисти аҳди Сомониёнро номбар кунед?
527. Дар замони Сомониён чӣ гуна шиша истеҳсол мегардид?
528. Кадом намудҳои касбу ҳунар дар аҳди Сомониён вуҷуд дошт?
529. Матоъҳои замони Сомониён аз чӣ сохта мешуданд?
530. Газвори пахтагии ведарӣ дар давраи Сомониён чӣ гуна мақом дошт?
531. Бинокорӣ ва меъморӣ дар замони Сомониён дар кадом сатҳ карор дошт?
532. Масолеҳи бинокории аҳди Сомониён аз чӣ буд?
533. Сиккаҳои замони Сомониёнро чӣ ном мебурданд?
534. Тиҷорат дар замони Сомониён.
535. Дар замони Сомониён чӣ гуна сиккаҳо зарб мешуданд?
536. Дар замони Сомониён кадом андозҳо ҷорӣ буданд?
537. Дар замони Сомониён кадом шаклҳои заминдорӣ мавҷуд буд?
538. Дар давраи Сомониён киро деҳқон мегуфтанд?
539. Хонадони Утбӣ киҳо буданд?
540. Абуалии Синҷурӣ дар Хуросон соли 992 бар зидди кӣ исён бардошт?
541. Барои чӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакиро қофиласолори адабиёти тоҷику форс мегӯянд?
542. Фирдавсӣ шоири замони ҳукмронии кадом сулолаҳо аст?
543. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар аҳди кадом амири Сомонӣ ба дарбор даъват карда шуд?
544. Абӯнасри Форобӣ донишманди кадом давра аст?
545. Намояндагони маъруфи илму адаби замони Сомониён киҳо буданд?
546. Асари маъруфи Ибни Сино кадом аст?
547. Абулқосим Фирдавсӣ бо кадом мақсад «Шоҳнома»-ро таълиф кард?
548. Забони адабии тоҷикӣ дар давраи ҳукмронии Сомониён чӣ мақом дошт?
549. Таърихи замони Сомониён дар кадом сарчашмаҳои таърихии хаттӣ инъикос ёфтааст.
550. Ҷайҳонӣ вазири кадом шоҳ буд?
551. Балъамӣ кадом китобро тарҷума ва ихтисор кардааст?
552. Алии Синҷурӣ кӣ буд?
553. Афшинҳо ҳокимони кадом вилояти таърихӣ буданд?
554. Раванди ташаккули халқи тоҷик ҳамчун этноси воҳид кай ба анҷом расид?
555. Кадом омилҳои асосӣ боиси барҳам хӯрдани давлати Сомониён шуданд?
556. Мунтасири Сомонӣ кӣ буд ва чӣ корнамоиҳо кард?
557. Маҳмуди Ғазнавӣ чӣ тавр як қисми зиёди заминҳои давлати Сомониёнро бе ҷанг аз худ кард?
558. Қарахониён кадом сол давлати Сомониёнро забт карданд?
559. Дар бораи сулолаи Зиёриён чӣ медонед?
560. Табаристон куҷост?
561. Сарнавишти минбаъдии давлати Зиёриён бо чӣ анҷомид?
562. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ чанд маротиба ба Ҳиндустон лашкар кашид?
563. Кадом намояндаи давлати Ғазнавиён соли 1040 дар муҳорибаи Дандонакон (наздикии Марв) аз Салҷуқиҳо шикаст хӯрд?
564. Давлати Ғазнавиён кай аз ҷониби кӣ аз байн бурда шуд?
565. Ғур куҷост ва ғуриҳо кӣ буданд?
566. Султонҳои Ғур чӣ корнамоиҳо кардаанд?
567. Солҳои мавҷудияти давлати Ғуриён кадом аст?
568. Султонҳои Ғур бар зидди кадом сулолаҳои турк мубориза бурда, Хуросонро озод кардаанд?
569. Мавҷудияти давлати Салҷуқиён кадом солҳоро дар бар мегирад?
570. Салҷуқиён кадом шаҳрро қароргоҳи худ интихоб карданд?
571. Асосгузори давлати Салҷуқиён кӣ буд?
572. Низомулмулк кӣ буд ва чӣ корнамоиҳо кардааст?
573. Асари маъруфи Низомулмулк, ки дар тамоми ҷаҳон шинохта шудааст, чӣ ном дорад ва ба кадом мавзуъ бахшида шудааст?
574. Шиҳобуддин Суҳравардӣ кист?
575. Охирин намояндаи сулолаи Салҷуқиён кай аз ҷониби кӣ шикаст хӯрд?
576. Кадом ҳокими Хоразм номи Хоразмшоҳи бузургро гирифт?
577. Соли 1212 ба муқобили Муҳаммад и Хоразмшоҳ дар куҷо шӯриш шуда гузашт?
578. Мақбараи Работи Малик кай дар куҷо сохта шудааст?
579. Абулфазли Байҳақӣ (995-1077) дар дарбори кадом давлат вазифаи дабирӣ ва баъдтар сафоратро ба ӯҳда дошт?
580. Истилои муғулҳо кай шуруъ шуд ва сабабу баҳонааш чӣ буд?
581. Темурмалик кӣ буд?
582. Муҳимтарин корнамоии Темурмалик чӣ буд?
583. Сабаби ақибнишинии Темурмалик дар чӣ буд?
584. Темурмалик чӣ гуна кушта шуд?
585. Темурмалик дар таърихи миллати тоҷик чӣ ҷойгоҳ ва нақше дорад?
586. Кадом орифи тоҷик дар Хоразм ба муқобили лашкари Чингизхон ҷангидааст?
587. Чингиз ба писараш дар бораи тоҷикон чӣ гуфт?
588. Дар кадом муҳориба лашкари муғулҳо қариб пурра нобуд карда шуд?
589. Сокинони кадом шаҳри Хуросон то нафари охирин бо муғулҳо ҷангианд?
590. Кадом шаҳри Хуросон аз ҷониби муғулҳо дар навбати охир забт шудааст?
591. Дар замони муғулҳо кадом намуди заминдорӣ ҷорӣ гардид?
592. Аҳмади Хуҷандӣ барои миллати тоҷик чӣ хиёнат кард?
593. Кадом қувваҳои Чингизхон барои забти Утрор равона шуданд?
594. Маънои Суюрғол чист?
595. Садри Бухоро Муҳаммад ибни Аҳмадро барои сахтиву мумсикиаш чӣ ном монда буданд?
596. Маҳмуди Торобӣ ва Шамсиддин Маҳбубӣ ба кадом шӯриш сарварӣ намуданд?
597. Ангезаи шӯриши Маҳмуди Торобӣ дар чӣ ифода меёфт?
598. Сабабҳои шикаст ва натиҷаҳои шӯриши Маҳмуди Торобӣ?
599. Истилои муғул барои тоҷикон чӣ пайомаде ба бор овард?
600. Рашидаддин Фазлуллоҳ кӣ буд?
601. Абубакри Наршахӣ кист ва аз ӯ кадом асари таърихӣ боқӣ мондааст?
602. Дар замони ҳукмронии муғулҳо чанд намуди заминдорӣ мавҷуд буд?
603. Аз ҳама андози вазнин дар замони муғулҳо кадом намуди андоз буд?
604. Кадом намояндаи муғул дини исломро дини давлатии тамоми давлати Чағатоӣ эълон намуд?
605. Ярлиқу пайза ва андозҳои баъди Чингизхонро кӣ аз байн бардошт?
606. Академик Бобоҷон Ғафуров дар «Тоҷикон» ба истилои муғул ва оқибати он ба мардуми тоҷик чӣ гуна баҳо додааст»?
607. Дар «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров ақидаи ғайриилмии кадом олимонро доир ба истилои муғул зери танқид мегирад?
608. Кадом ҳодисаҳоро муҳаққиқон дар давраи истилои муғул ҳамчун «Генотсиди тоҷикон» тасвир кардаанд?
609. Доир ба қатли омми тоҷикон дар давраи истилои муғул кадом сарчашмаҳои таърихӣ ва таҳқиқотҳои илмӣ маълумоти комил манзур менамоянд?
610. Ин байтро шарҳ диҳед: Ҳар ҷо, ки расад суми аспи Қатаған, Не мурда кафан ёбаду не зинда ватан.
611. Улуси Чағатой чӣ маъно дорад?
612. Давлати Ҳулогӯиён –Элхониён куҷоро фаро мегирифт ва чӣ қадар вақт мавҷуд буд?
613. Мавҷудияти 500 солаи Хилофати Араб кадом сол аз тарафи кадом хони муғул аз байн рафт?
614. Қалъаи Аламут, ки беш аз 150 сол маркази исмоилиён буд, кай аз тарафи кӣ барҳам дода шуд?
615. Дар бораи сулолаи Куртҳои Ҳирот чӣ медонед?
616. Кадом ҳокими Куртҳои Ҳирот давлати мустақили тоҷиконро таъсис дод ва ҳудуди онро густариш дод?
617. Кадом омилҳо сабаби заъфи қудрати Куртҳо гардиданд?
618. Нақши муҳимми давлатдории Куртҳои Ҳирот дар таърихи тоҷикон дар чӣ ифода меёбад?
619. «Сарбадор» чӣ маънӣ дорад?
620. Мавлонозода кӣ буд?
621. Ҷунбиши сарбадорони Самарқанд чӣ гуна шикаст хӯрд?
622. Дар бораи давлати Сарбадорон маълумот диҳед
623. Кадом ҳодиса баҳонаи ошӯб ва дар заминаи он таъсиси давлати Сарбадорон гардид?
624. Бунёдгузори давлати Сарбадорон кӣ буд?
625. Дар таъсиси давлати Сарбадорон боз киҳо саҳм доштанд?
626. Сабабҳои заъиф шудани давлати Сарбадорон чӣ буд?
627. Кадом ҳокими Сарбадорон Эронро комилан аз ҳукмронии муғулҳо озод кард?
628. Чаро давлати Сарбадорон барҳам хӯрд?
629. Дар асрҳои миёна аз қавмҳои ғайри мусулмон кадом намуди андоз ситонида мешуд?
630. Музаффариён киҳо буданд?
631. Давраи ҳукмронии Темурланг ва Темуриён кадом солҳоро дар бар мегирад?
632. Темурланг кадом шӯришро пахш намуда Самақандро ба даст гирифт?
633. Темур чӣ кас буд ва аз худ чӣ нақше гузошт?
634. Бобоҷон Ғафуров дар китоби чандуми «Тоҷикон» доир ба Темуриён маълумот медиҳад?
635. Темур чӣ гуна ба муқобили хоразмиён мубориза бурд?
636. Доир ба ваҳшигариҳои Темурланг, пеш аз ҳама, калламанорасозиҳои ӯ чӣ медонед?
637. Пас аз марги Темур вазъи империяи ӯ чӣ гуна буд?
638. Солҳои 1380-1393 Темурланг куҷоро фатҳ намуд?
639. Муҳорибаи байни муғулҳо ва қувваҳои якҷояи Темур ва амир Ҳусайн кай ва дар кадом мавзеъ ба амал омадааст?
640. Темур кадом шаҳрро хароб карда (баъди забти 5-ум) супориш медиҳад, ки дар ҷояш ҷав коранд?
641. Соли 1381 Темур кадом давлатҳоро барҳам дод?
642. Забони илму адабиёт ва коргузорӣ дар давлати Темуриён кадом забон буд?
643. Машҳуртарин муаррихони замони Темуриёнро номбар намоед.
644. Кадоме аз муссавирон (рассомон)-и тоҷик дар Ғарб бо тахаллуси Рафаэли Шарқ машҳур шуд?
645. Кадоме аз набераҳои Темур дар Ҳирот китобхонаи бузург таъсис додааст?
646. Кадом исёнҳои маҳаллии тоҷиконро ба муқобили хонадони Темуриён медонед?
647. Кадом ёдгориҳои муҳташами меъмории асри XV то имрӯз боқӣ мондаанд?
648. Дар нимаи дуюми асри XIV ва асри XV кадом шаҳрҳои Варазрӯд рӯ ба тараққӣ ниҳоданд?
649. Машҳуртарин намояндагони санъати наққошӣ ва мииётурии халқи тоҷики асри XV киҳо мебошанд?
650. Намояндагони машҳури илму адаби тоҷик асри XV-ро номбар кунед?
651. Намояндагони шинохтаи ҷаҳонии адабиёти тоҷику форси асрҳои XIV-XV киҳо буданд ва дар бораашон муфассал маълумот диҳед?
652. Соли 1501 дар кадом шаҳр ба муқобили Шайбонихон шӯриш сар зад?
653. Пойтахти Хоразм -шаҳри Урганч кадом сол аз тарафи Шайбонихон забт гардид?
654. 20 майи соли 1507 ашрофону обрӯмандони Ҳирот дар куҷо ҷамъ омада, ба лашкари Шайбониён таслим шуданд?
655. Дар асоси шартномаи сулҳ сокинони Ҳирот ба Шайбонихон чӣ қадар маблағ товони ҷанг доданд?
656. Асосгузори сулолаи узбакони Дашти Қипчоқ дар Мовароуннаҳр кӣ ба шумор меравад?
657. Урганҷ чанд моҳ дар муҳосираи Шайбонихон қарор дошт?
658. Дар қатли оми соли 1512 дар шаҳри Насаф (Қаршӣ), ки аз тарафи лашкари Сафавиҳо анҷом ёфт, кадом шоири асри XVI кушта шуд?
659. Дар замони салтанати кадом намояндаи сулолаи Шайбониён дар Мовароуннаҳр дуҳокимиятӣ ба вучуд буд?
660. Рентаи замини феодалии давраи Шайбониён дар кадом шакл вуҷуд дошт?
661. Солҳои 1583-1598 кадоме аз намояндаи сулолаи Шайбониён дар Мовароуннаҳр ҳукмронӣ мекард?
662. Ёдгориҳои таърихии водии Ҳисорро, ки ба давраи Шайбониён мансубанд, номбар кунед?
663. Бузургтарин мусаввири тоҷик, ки дар нимаи дуюми асри XV ва аввали асри XVI зиндагӣ ва эҷод намудааст, кӣ буд?
664. Дар даврони Шайбониён андози солонаи замин чанд фоизи ҳосили киштро ташкил менамуд?
665. Солҳои ҳукмронии намояндагони сулолаи Шайбониёнро дар Мовароуннаҳр муайян кунед?
666. Абдуллоҳхони II кадом сол Балхро ба тасарруфи худ даровард?
667. Кай ҳукмронии сулолаи Темуриён дар Мовароуннаҳру Хуросон ба охир расид ва ҷои онро хонадони Шайбонӣ гирифт?
668. Дар байни солҳои 1499-1510 Мовароуннаҳру Хуросон дучори ҳамлаву тохтутозҳо ва забткориҳои кадом аҷнабиён гардиданд?
669. Дар асрҳои XVI-XVIII чанд намуди хироҷ буд?
670. Ду асари саргузаштӣ ва таърихию бадеии асри XVI-ро номбар кунед?
671. Заминҳои туҳфашударо дар асри XVI -XVII чӣ меномиданд?
672. Шайбонихон дар кадом ҷанг ва кай ба қатл расид?
673. Кучкунчихон кадом солҳо ҳукмронӣ кардааст?
674. Бобур кадом сол ва бо кумаки кӣ шаҳри Самарқандро гирифт?
675. Баъди бори сеюм дар соли 1512 ба тахти Самарқанд нишастани Бобур бо кадом сабабҳо мардуми Мовароуннаҳр аз ӯ рӯй тофтанд?
676. Ба мадади Бобур дар мубориза бар зидди узбакон кадоме аз сарлашкарони Исмоили Сафавӣ соли 1512 ба Мовароуннаҳр лашкар кашид?
677. Баъд аз шикаст дар ҷанги назди Ғиждувон дар моҳи ноябри соли 1512 Бобур ба куҷо паноҳ бурд?
678. Шайбонихон бо чанд қабила ба Мовароуннаҳр ҳуҷум кард?
679. Баъди шикасти узбакони Шайбонӣ дар ҷанги Марв кадом дарё сарҳад байни давлати Сафавиён ва Шайбониён пазируфта шуд?
680. Ислоҳоти пулии Шайбонихон кадом сол гузаронида шуд?
681. Дар давраи ҳукмронии Шайбониён дар мамлакат кадом шаклҳои заминдорӣ вуҷуд доштанд?
682. Абдуллоҳхони II Шайбонӣ кадом иншоотҳоро сохтааст ?
683. Соли 1525 аз тарафи кадом намояндаи хонадони Шайбониён ислоҳоти пулӣ гузаронда шуд?
684. Кадом сол Шайбонихон Самарқандро дубора ба даст овард?
685. Яке аз намоёнтарин мусаввирони мактаби нави миниётурнигории асри XVI кӣ буд?
686. Кадом сол Абдуллоҳхони II Бадахшонро забт кард?
687. Асарҳои таърихнависони форс-тоҷикро, ки дар охири асри XV – ибтидои асри XVI таълиф шуданд, номбар кунед?
688. Заминҳои вақфе, ки даромади он пурра ба эҳтиёҷи масҷиду мадраса харҷ мешуданд, ба кадом гурӯҳи заминдории вақф дохил мешуданд?
689. Дар замони ҳокимияти кадоме аз намояндагони сулолаи Шайбониён пойтахт ба Бухоро кӯчид?
690. Кадом хонадони маъруф заминҳои зиёди Мовароуннаҳрро дар асри XVI дар ихтиёр доштанд?
691. Андози танобонаро дар асри XVI аз чӣ мегирифтанд?
692. Дар асри XVI Мовароуннаҳр бо кадом давлат робитаи бештари тиҷоратӣ дошт?
693. Намунаи беҳтарини меъмории асри XVI дар Бухоро кадом аст?
694. Устодони машҳури минётури асри XVI киҳо буданд?
695. Намунаи ҳунари меъмории асри XVI дар Уротеппа кадом аст?
696. Машҳуртарин ҳофизони асри XVI киҳо буданд?
697. Камолиддини Биноӣ роҷеъ ба таърих кадом асарҳояшро таълиф намудааст?
698. Асари барҷастаи Хондамир кадом аст?
699. Камолиддини Биноӣ роҷеъ ба мусиқӣ кадом оҳангҳоро навиштааст?
700. Яке аз шоирон ва муаррихони барҷастаи дарбори Абдуллоҳхони II Шайбонӣ кӣ буд ?
701. Асари «Таърихи Абулхайрхонӣ»-ро кӣ навиштааст?
702. «Ҳумоюннома» аз тарафи кӣ таълиф ёфтааст?
703. Баъди заволи давлати Шайбониён Балх аз тарафи кӣ тасарруф карда шуд?
704. Охирин намояндаи сулолаи Шайбониён кӣ буд?
705. Кадом сол Муҳаммадраҳимбий атолиқ ба Ҳисор лашкар кашид?
706. Ризоқулихон бо дастаи чандҳазорнафара аз Амударё гузашта Ғузорро ишғол намуд ва ба сӯйи Қаршӣ равон шуд?
707. Лашкаркашии Нодиршоҳ ба Бухоро кадом сол воқеъ гардида буд?
708. Нодиршоҳ баъд аз тасарруфи Бухоро ба куҷо лашкар кашид?
709. Ҷараёни ба таври зиндагии муқимӣ гузаштани қабилаҳои ӯзбак дар сарзамини тоҷикон кай вусъати оммавӣ гирифт?
710. Дар давраи ҳуҷуми Нодиршоҳи Афшор Осиёи Миёна дар кадом вазъият қарор дошт?
711. Сохтмони мадрасаҳои бошукӯҳи регистони Самарқанд Шердор ва Тиллокорӣ ба кадом давра мансубанд?
712. Оид ба салтанати Аштархониён то соли 1704 дар кадом сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти муфассал дода шудааст?
713. Абдулазизхон кадом солҳо ҳукмронӣ кардааст?
714. Солҳои 1680-1702 кадом намояндаи сулолаи Ҷониён дар сари кудрат буд?
715. Кадом сол Убайдуллоҳхони Аштархонӣ ислоҳоти пулӣ гузаронд?
716. Дар замони Абдулазизхон дар куҷо шӯриш рух дод?
717. Давраи пурзӯршавии ҳокимияти хон бо номи кадом намояндаи сулолаи Аштархониён алоқаманд аст?
718. «Баҳру-л- асрор фи маноқибу-л-ахёр» ба қалами кадоме аз муаррихони нимаи дуюми асри XVII-ибтидои асри XVIII тааллуқ дорад?
719. Ҳукмронии охирин намояндаи сулолаи Аштархониён Абулфайзхон кадом солҳоро дар бар мегирад?
720. Дар нимаи якуми асри XVIII кай ва дар кадом шаҳрҳои калони Осиёи Миёна шӯришҳои мардумӣ рух додаанд?
721. Дар асри XVII коғаз ба ҷуз аз Самарқанд боз дар кадом шаҳрҳо истеҳсол мешуд?
722. Дар давлати Ҷониён (Аштархониён) ду шаҳри марказӣ, яъне ду пойтахт вуҷуд дошт, онҳо чӣ ном доштанд?
723. Дар замони ҳукмронии охирин намояндаи сулолаи Ҷониён (Аштархониён) Абдулфайзхон (1711-1747) авзои дохилии мамлакат чӣ тавр буд?
724. Кадом сол дар Тошканд шӯриши халқӣ сар зад?
725. Дар давоми ҳафт сол (1723-1730) ба харобазор табдил ёфтани Миёнколот, қаҳтиву гуруснагӣ ва парокандагии сокинони водии Зарафшон дар кадом сарчашмаи таърихии асри XVIII зикр гардидааст?
726. Ҳукмронии сулолаи Аштархониён (Ҷониён) кадом солҳоро дар бар мегирад?
727. Дар қарни XVII корвонҳои тоҷирон аз Осиёи Миёна ба кадом давлатҳо мунтазам рафтуомад доштанд?
728. Дар замони ҳукмронии Имомқулихон (1611-1642) шаҳрҳои Уротеппа ва Хуҷанд аз тарафи кӣ идора мешуд?
729. Шимоли Афғонистони кунунӣ, соҳили чапи дарёи Ому – Қундуз, Файзобод, Балх, Шибирғон ва Бадахшон, соҳили рости ин дарё Тирмиз, Кӯлоб ва Қубодиён дар асрҳои XVII ва нимаи авали XVIII ба ҳудуди кадом давлат дохил мешуданд?
730. Биноҳои боҳашамати дар деҳаи Навгилеми ноҳияи Исфара, мақбараи Хоҷа Ҳотами Асъам дар ноҳияи Файзобод, мадрасаи Мирраҷаб Додхоҳ дар Конибодом, дарвозаи арки Ҳисор дар давраи кадом намояндаи сулолаи Аштархониён (Ҷониён) сохта шудаанд?
731. Дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII бузургтарин моликони замин киҳо буданд?
732. Хаттотони маъруфи асрҳои XVII-XVIII киҳо буданд?
733. Солҳои ҳукмронии сулолаи Манғитияро дар аморати Бухоро муайян кунед?
734. Дар Бухоро кадом сол шӯриши мардумӣ сар зад, ки дар он зиёда аз ҳазор кас кушта шуд?
735. Кадом шоири тоҷик аз тарафи амир Насруллоҳ ба қатл расид?
736. Солҳои 1800-1826 кадом намояндаи сулолаи Манғития хукмрони мекард?
737. Дар замони ҳукмронии амир Шоҳмурод дар мадрасаҳои Бухоро чӣ қадар донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шуданд?
738. Дар таърихи сулолаи манғит аҳди салтанати кадом амир давраи устувор гардидани аморат ба шумор меравад?
739. Дар замони ҳукмронии кадоме аз намояндагони хонадони манғит ва кай хонии Бухоро ба «Аморати Бухоро» табдили ном кард?
740. Солҳои 1826-1860 кӣ дар сари ҳокимияти аморати Бухоро буд?
741. Заминҳои туҳфашударо дар асри XVIII-XIX чӣ меномиданд?
742. Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ дар аморати Бухоро кӣ ба ҳисоб мерафт?
743. Кадом сол аз тарафи амир Насруллоҳ хони Хӯқанд Муҳаммадалихон бо аҳли оилааш ба қатл расонида шуд?
744. Дар Бухоро хизмати политсия ва низоми шабгардиро кӣ анҷом медод?
745. Кадоме аз амирони манғития бо лақаби Масъум дар байни халқ машҳур буд?
746. Амир Шоҳмурод(1785-1800) дар асоси талаби шариат гузаштани корҳои тиҷоратӣ кадом вазифаро таъсис намуд, ки дар бозор назорат мекард?
747. Дар давраи хукмронии сулолаи амирони манғития тамоми корҳои хоҷагӣ ва маъмурии аморат, аз ҷумла ҷамъ намудани андоз ба зиммаи кадоме аз мансабдорони дарбор гузошта шуда буд?
748. Оид ба ҳукмронии амирони манғитӣ то амир Насруллоҳ кадом сарчашмаи таърихӣ маълумот медиҳад
749. Суханони зеринро кадом амири Бухоро гуфтааст, «…аз ҳар таноб ба маблаги як тилло танобона гиред. Агар соҳиби он ба додани як тилло розӣ нашавад, он гоҳ ба тариқи мол сеяки ҳосилро ситонед».
750. Дар Бухоро «атолиқ» чӣ гуна мансаб ба шумор мерафт?
751. Дар давраи хукмронии кадом амири Бухоро Осиёи Миёна ба Русия ҳамроҳ гардид?
752. Кадом сол амир Насруллоҳ бори аввал ба Хуқанд лашкар кашид?
753. «Мунтахабу-т-таворих» ба қалами кӣ тааллуқ дорад?
754. Асари этнографии «Саёҳат ба Туркистон ва Хева» аз тарафи кӣ навишта шудааст?
755. Кадом солҳо хонигарии Хуқанд арзи вучуд дошт?
756. Солҳои 1820-1821 бо сардории кӣ миссияи дипломатӣ ба аморати Бухоро фиристода шуд?
757. Шӯриши тоифаи нимкӯчии хитой-қипчоқҳо кай, дар куҷо ва бо кадом сабаб ба амал омад?
758. Кадом сол Флорио Беневинӣ ҳамчун сафир ба Бухоро омад?
759. Заминҳои кӯҳистони Тоҷикистони кунунӣ кай ва аз тарафи кадом хон забт карда шуданд?
760. Ду асари пурарзиши саргузаштӣ ва таърихию бадеии асри XVIII-XIX-ро номбар кунед?
761. Заминҳои ушрӣ ба кӣ тааллуқ дошт?
762. Дар доираи адабии Хуқанд кадом шоирон ҷараёни озодбаёнӣ дар адабиётро пайравӣ намуданд?
763. Муаллифи»Таворихи манзума» кист?
764. Кадом солҳо Уротеппа дар зери тасарруфи аморати Бухоро буд?
765. Барои обёрӣ намудани заминҳо ва киштзор кадом намуди андоз ситонида мешуд?
766. Сабаби асосии ҷангҳои хонигариҳо барои Уротеппа дар таҳқиқоти кадом муаррих зикр гардидааст?
767. «Тавсифи давлати хонии Бухоро» ба калами кӣ тааллуқ дорад?
768. Кадом солҳо тоҷирони англис бо мақсади касод намудани молҳои Русия бо нархи арзон тамоми бозорҳои аморати Бухоро аз худ карда буданд?
769. Кадом солҳо давраи дуюми муборизаи тулонӣ байни аморати Бухоро ва хонии Хуқанд барои Хуҷанду Уротеппа давом ёфт?
770. Дар «Таърихи муҳоҷирон»-и Дилшоди Барно аз чанд нафар шоиру шоираҳои доираи адабии хонии Хуқанд дар аҳди салтанати Умархон ёдоварӣ шудааст?
771. «Таърихи Шоҳрухӣ» ба қалами кадоме аз адибони асри XIX хонии Хуқанд тааллуқ дорад?
772. Кадом султони Аштархониён аз лашкари Нодиршоҳи Афшор дар назди Қаршӣ шикаст хӯрд, ки дар натиҷа аз лашкари садҳазорнафараи ӯ танҳо сӣ ҳазор боқӣ монд?
773. Дониёлбий кадом солҳо Қаршӣ, Шаҳрисабз ва Ҳисорро ба худ тобеъ намуд?
774. Амир чӣ маъно дорад?
775. Амир Насруллоҳ (1826-1860) кай ислоҳоти ҳарбӣ гузаронид?
776. Амонпулӣ кай ситонида мешуд?
777. Муҳаммадраҳимбий кай ба Уротеппа лашкар кашид?
778. Солҳои 50-уми асри XIX дар Панҷакент кадом мадраса сохта шудааст?
779. Дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои Русияи подшоҳӣ дар Осиёи Миёна кадом давлатҳо вуҷуд доштанд?
780. Вилояти Фарғона кай таъсис ёфт?
781. 11 октябри соли 1866 аз тарафи қушунҳои подшоҳии рус муҳосираи кадом шаҳр оғоз ёфт?
782. Соли 1885 коргарони Осиёи Миёна дар куҷо шӯриш бардоштанд?
783. Округи Зарафашон кай ба вилояти Самарқанд табдил ёфт?
784. Помир кай ба вилояти Фарғона ҳамроҳ гардид?
785. Агенти сиёсии императории Русия дар аморати Бухоро кай кушода шуд?
786. Бори дуюм ҳуҷуми русҳо ба Тошканд кай сар шуд?
787. Муҳосираи Хуҷанд аз тарафи русҳо кай оғоз гардид?
788. Оид ба сарҳади нуфуз дар қисмати ҷануб байни Англия ва Русия кай шартнома ба имзо расид?
789. Муҳосираи Уротеппа кай оғоз ёфт?
790. Қалъаи Ниёзбек кай аз тарафи русҳо забт гардид?
791. 22 августи соли 1875 дар назди кадом қалъа муҳорибаи калон байни қушунҳои подшоҳӣ ва шӯришгарони хӯқандӣ ба вуқуъ омад?
792. Кай Тошканд ба таври расмӣ ба Русия ҳамроҳ гардид?
793. Кадом сол шартномаи тиҷоратӣ байни амири Бухоро ва намояндагони Русияи подшоҳӣ ба имзо расид?
794. Кадом олимон ба ҳайати эъзомияи Искандаркӯл ҳамроҳ гардида буданд?
795. Туркистон кай дар ҳайати губернатории Оренбург ҳамчун вилоят таъсис ёфт?
796. Генерал губернатории Туркистон кай барҳам дода шуд?
797. Кай аввалин маротиба амир Музаффар аз тарафи қушунҳои рус ба шикаст дучор шуд?
798. Исёни Абдумалик тӯра кай сар зад?
799. Моҳи майи соли 1866 байни қушунҳои амири Бухоро ва ҳукумати подшоҳӣ дар кадом мавзеъ муҳориба ба вуҷуд омад?
800. Байни аморати Бухоро ва ҳукумати подшоҳӣ кай «Шартномаи дӯстӣ» ба имзо расид?
801. Уротеппа кай аз тарафи русҳо забт гардид?
802. Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон аз тарафи ҳукумати подшоҳӣ кай қабул гардид?
803. Муҳорибаи назди Зирабулоқ кай ба амал омад?
804. Эъзомияи Искандаркӯл кай ба амалиёт оғоз намуд?
805. Охирин Генерал губернатори Туркистон кӣ буд?
806. 28 сентябри соли 1873 байни Аморати Бухоро ва ҳукумати Русияи подшоҳӣ чӣ гуна шартнома ба имзо расид?
807. Муҳорибаи назди қалъаи Маҳрам кай ба вуқуъ омад?
808. Кадом сол Хуҷанд аз тарафи русҳо забт гардид?
809. Дар асоси шартномаи кадом сол аморати Бухоро ба вассали Русия мубаддал шуд?
810. Осиёи Миёна кай пурра ба ҳайати Русияи подшоҳӣ дохил карда шуд?
811. Дар аморати Бухоро заминҳои амлокӣ ва вақфӣ чанд фоизи замини умумиро ташкил медод?
812. Ба Бухорои Шарқӣ кадом минтақаҳои имрӯзаи Тоҷикистон дохил мешуд?
813. Амир Музаффар соли 1870 дар Ҳисор чӣ қадар одамро ба тариқи ваҳшиёна ба қатл расонид?
814. Сабаби ҳуҷуми амир Музаффар ба Бухорои Шарқӣ дар чӣ буд?
815. Кадом сол аз тарафи амири Афғонистон Абдураҳмонхон Вахон, Шуғнон ва Рӯшон забт гардид?
816. Сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшон ба ҳайати кадом вилоятҳои кишвари Туркистон дохил мешуданд?
817. Аморати Бухоро аз ҷиҳати маъмурӣ ба чанд бекигарӣ тақсим мешуд?
818. 25 июни соли 1916 аз тарафи Николайи II чӣ гуна фармон баромад?
819. 4 июли соли 1916 дар кадоме аз шаҳрҳои Осиёи Миёна шӯриши халқӣ сар зад?
820. Қушбегӣ чӣ гуна вазифа буд ва чӣ корҳоро анҷом медод?
821. Бо сардории Дукчӣ эшон кадом сол дар Андиҷон шӯриш сар зад?
822. Ҷамъияти «Тарбияи атфол» кай ва дар куҷо таъсис ёфт?
823. Китобхонаи оммавӣ дар Тошканд кадом сол кушода шуд?
824. Рӯзномаи «Туркистанский ведомости» кай аввалин маротиба аз чоп баромад?
825. «Мактаби Мунзим» кай аз тарафи ҳукумати амирӣ баста шуд?
826. Аввалин мактаби русӣ-маҳаллӣ дар Тошканд кай кушода шуд?
827. Байни Русия ва Англия шартнома оид ба сарҳади нуфуз дар ҷануб кай ба имзо расид?
828. Муфтӣ чӣ гуна вазифа буд?
829. 10 сентябри соли 1895 оид ба «масъалаи Помир ва ҳалли он» байни кадом давлатҳо шартнома ба имзо расид?
830. Нахустин мактаби усули нав — ҷадиди форсӣ-тоҷикӣ дар Самарқанд кай ва аз тарафи кӣ бунёд гардид?
831. Фоҷиаи хунрезии байни шиаву суннӣ дар Бухоро кай рух дод?
832. Аз тарафи ҳукумати амирии Бухоро кадом сол лоиҳаи ислоҳот эълон гардид?
833. Аз тарафи М.А.Мунзим ва С.Айнӣ дар Бухоро мактаби усули нав бо номи «мактаби Мунзим» кай кушода шуд?
834. Солҳои 1877-1878 эъзомияи илмии Фарғона-Помирро кӣ сардорӣ мекард?
835. Кадом сол шӯриши калон дар водии Вахон ва Шуғнон ба муқобили афғонҳо сар зад?
836. Аскарони гарнизони Хуҷанд кай шӯриш бардоштанд?
837. Эъзомия бо сардории Ионов кай ба Шуғнон расид?
838. Ба ҳайати эъзомияи Қаротегину Бадахшон кадом олимон шомил буданд?
839. Шӯриш дар ротаи понтонии Хуҷанд кай сар зад?
840. Дар арафаи инқилоби Октябр дар аморати Бухоро чанд заводи пахтатозакунӣ фаъолият мекард?
841. «Масъалаи Помир» чиҳоро дар бар мегирифт?
842. Қозикалон чӣ гуна вазифа буд?
843. Кадом сол дар Рушон бо сардории Саид Акбаршоҳ ба муқобили афғонҳо шӯриш бардошта шуд?
844. Иноқи бузург чӣ гуна вазифа буд?
845. Муҳаррир ва ношири рӯзномаи «Самарқанд» (1913-1914) ва маҷаллаи «Ойина» (1913-1915) кӣ буд?
846. Аз тарафи ҷадидони Бухоро соли 1906 кадом рӯзнома интишор ёфт?
847. Кай ва мувофиқи кадом шартнома қисми соҳили чапи дарёи Панҷ Дарвоз ба тобеияти ҳукумати Афғонистон гузашт?
848. Дар ибтидои асри XX дар кадом ноҳияҳои Тоҷикистони имрӯза истеҳсоли ангишт ва нефт ба роҳ монда шуд?
849. Водиҳои Фарғона, Зарафшон, Олой ва Қизилқум аз тарафи кадом табиатшинос ва сайёҳи рус тадқиқ карда шуд?
850. Ҳукумати подшоҳӣ бо кадом мақсад дар Осиёи Миёна сиёсати муҳоҷиркуниро пеш гирифт?
851. Ҷадидҳо ифодакунандагони кадом мақсадҳо буданд?
852. Сабаб ва баҳонаи шӯриши соли 1916 дар Хуҷанд дар чӣ буд?
853. Хонигарии Хуқанд расман кай барҳам дода шуд ва ба ҷои он кадом вилоят ташкил меёбад?
854. Аввалин заводи пахтатозакунӣ дар собиқ Бухорои Шарқӣ кай ва дар куҷо сохта шуд?
855. «Наводиру-л-вақоеъ» дар муддати чанд сол аз тарафи Аҳмади Дониш навишта шудааст?
856. Асосгузори ҳаракати маорифпарварӣ дар Осиёи Миёна кӣ буд ва ӯ кадом асари бузургро таълиф намудааст?
857. Намояндагони ҳаракати маорифпарварии тоҷикро номбар кунед?
858. Аввалин мактаби русӣ-маҳаллӣ дар куҷо ва кай ташкил шуд?
859. Нахустин рӯзномаи тоҷикӣ чӣ ном дошт ва кай нашр шуд?
860. Дар бораи вазъи зиндагӣ ва беҳуқуқии мардуми тоҷик дар ибтидои асри XX дар асарҳои кадом нависанда маълумоти мушаххас дода шудааст?
861. Садриддин Айнӣ бо кадом асарҳояш ҳамчун олими таърихшинос маъруф аст?
862. Мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш кадом солҳо ба пойтахти Русия шаҳри Перебург сафар кардааст?
863. Кадом шаҳрҳои аморати Бухоро ҳамчун маркази калонтарини тиҷоратии асри XIX ба ҳисоб мерафт?
864. Сабабҳои аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна дар чист?
865. Ҷамъияти махфии ҷадидони Бухоро чӣ ном дошт ва кай ташкил ёфт?
866. Дар арафаи ҳуҷуми қӯшуни Русия кадом давлатҳои Осиёи Миёна байни ҳам меҷангиданд?
867. Кай ва кадом соҳибкори рус тавассути истифодаи дастгоҳи «Крипнер» дар Хуҷанд фабрикаи пиллакашӣ кушод?
868. Соли 1892 бо ташаббуси кадом соҳибкори рус дар деҳаи Куруки волости Унҷӣ заводи хурди пахтатозакунӣ сохта шуд, ки аз 12 коргар иборат буд?
869. Аз тарафи тоҷири тошкандӣ И. Абдураҳмонов кай дар Хуҷанд заводи пахтатозакунӣ сохта шудааст ва аз чанд коргар иборат буд?
870. Аввалин китоби алифбои форсӣ-тоҷикии мактабҳои усули нав «Роҳбари савод» ба қалами кӣ тааллуқ дорад?
871. Сокинони Уротеппа ва тоҷирони он аз хизмати кадом истгоҳи роҳи оҳан истифода мебурданд?
872. Кӯчманчиён кадом намуди андозро месупориданд?
873. Аморати Бухоро дар нимаи дуюми асри XIX ба чанд туман ва вилоятҳо тақсим мешуд?
874. Андози хаспулӣ барои чӣ ситонида мешуд?
875. М.А. Мунзим барои шогирдони мактаби худ дар Бухоро аввалин маротиба кадом дастурамали дарсиро тартиб дод?
876. Дар саноати Осиёи Миёна кадом соҳаҳо мақоми махсусро ишғол мекард?
877. Шӯриши Қаландаршо кай ва дар куҷо ба амал омад?
878. Генерал губернатории Туркистон кай ташкил ёфт ва аз чанд вилоят иборат буд?
879. Кай Шӯрои вакилони коргару деҳқонони Хуҷанду Уротеппа ташкил карда шуд?
880. Шикасти навбатии сарбозони амири Бухоро дар кадом муҳориба тақдири Самарқандро ҳал намуд?
881. Амир Музаффар чӣ миқдор маблағ товони ҷанг ба Русия дод?
882. Шӯриши Восеъ кай ва дар куҷо сар зад?
883. Кадом ҳодиса омили сар задани шӯриш бо сарварии Восеъ шуд?
884. Чаро шӯриши Восеъ шикаст хӯрд ва он дар таърихи тоҷикон чӣ аҳаммият дошт?
885. Кадом нависандаи тоҷик доир ба Восеъ асари бадеӣ навиштааст?
886. То барқарор шудани сохти шуравӣ тоҷикон дар ҳайати кадом давлатҳо сукунат доштанд?
887. Заволи Аморати Бухоро чӣ гуна сурат гирифт?
888. ҶШХ Бухоро ва ҶШС Туркистон чӣ гуна ҷумҳурӣ ва ба ҳайати кадом давлати ягона шомил буданд?
889. Ҳудуди Бухорои Шарқиро муайян кунед?
890. Комиссияи Фавқулодаи Диктаторӣ чӣ гуна ташкилот буд?
891. Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ кай таъсис ёфт?
892. Тақсимоти миллӣ-марзии Осиёи Миёна кай ва чӣ гуна сурат гирифт?
893. Кай ва дар кадом асос Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт?
894. Анҷумани 1 муассисони Шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон кай баргузор гардид ва дар рӯзи аввал ин анҷуман кадом эъломия қабул карда шуд?
895. Кадом солҳо Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи инқилобӣ идора карда мешуд?
896. Пантуркизм чист ва барои миллати тоҷик чӣ нокомиҳо овард?
897. Аввалин Анҷумани муассисони ҶМШС Тоҷикистон кай барпо гашт ва чӣ аҳаммият дошт?
898. Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ кай ва дар куҷо нашр шуд?
899. Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ кай таъсис ёфт ва кадом сол ба ҳайати Тоҷикистон шомил шуд?
900. Аввалин роҳбарони Тоҷикистон киҳо буданд ва дар таъсиси Тоҷикистон чӣ гуна саҳм гирифтанд?
901. “Намунаи адабиёти тоҷик” чӣ гуна асар аст ва муаллифи он кист?
902. Абулқосим Лоҳутӣ кӣ буд?
903. Поягузории рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар солҳои 1924-1929 чӣ гуна сурат гирифт?
904. Округи Хуҷанд кай ба Тоҷикистон ҳамроҳ карда шуд ва кадом ноҳияҳоро дар бар мегирифт?
905. Ба ҷумҳурии мустақили иттифоқӣ табдил ёфтани Тоҷикистон кай ва дар кадом шароит ба вуқуъ пайваст?
906. Анҷумани 3-юми Шуроҳои Тоҷикистон кай барпо гашт ва дар тақдири таърихии миллати тоҷик чӣ гуна нақш дорад?
907. Кадом сол ба Тоҷикистон роҳи оҳан омад?
908. Индустрикунонии Тоҷикистон кай сурат гирифт ва дар доираи ин лоиҳа дар Тоҷикистон кадом иншоотҳои саноатӣ сохта шуданд?
909. Коллективонии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон кадом солҳо амалӣ шуд ва дар доираи он чӣ гуна хоҷагиҳо таъсис ёфтанд?
910. Обёрии водии Вахш кадом солҳо амалӣ шуд?
911. Инқилоби маданӣ чист ва дар доираи он дар Тоҷикистон чӣ гуна дигаргуниҳо ба вуқуъ пайвастанд?
912. Ивази алифбо дар Тоҷикистон чанд маротиба ва кадом солҳо гузаронида шуд ва чӣ гуна оқибатҳо ба миён овард?
913. Аввалин конститутсияи Тоҷикистон кай қабул шуд?
914. Дар ҶШС Тоҷикистон кадом солҳо конститутсия қабул шуда буд?
915. Абдураҳим Ҳоҷибоев кӣ буд?
916. Дар бораи Чинор Имомов маълумот диҳед.
917. Нақши Садриддин Айнӣ дар таъсиси Тоҷикистон дар чӣ зоҳир шуда буд?
918. Дар бораи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум маълумот диҳед?
919. Дар бораи Шириншоҳ Шоҳтемур маълумот диҳед?
920. Абдуқодир Муҳиддинов дар таъсиси ҶШС Тоҷикистон чӣ гуна нақш дошт?
921. Мафҳуми «маҳви бесаводӣ» чӣ маъно дорад ва кай амалӣ шуд?
922. Босмачигарӣ чист ва мубориза бо ин ҳаракат дар Тоҷикистон чӣ гуна сурат гирифт?
923. Парчам ва Нишонҳои Тоҷикистони Шуравӣ кадом солҳо қабул ва тағйир дода шуданд?
924. Дар бораи таъқиботи сиёсии солҳои 30-юм чӣ медонед?
925. Тоҷикистон кадом сол ба ҳуруфоти кириллӣ гузашт?
926. Солҳои 30-юми асри гузашта дар Тоҷикистон кадом корхонаҳои саноатӣ сохта шуданд?
927. Аввалин НОБ дар Тоҷикистон кай ва дар куҷо сохта шуд?
928. Хусусиятҳои ҳаёти фарҳангии Тоҷикистонро дар солҳои 1920-1930-ум ифода кунед?
929. Осорхонаи таърихиву кишваршиносии ба номи К. Беҳзод кадом сол ба кор шуруъ намуда буд?
930. Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ кадом сол ба кор шуруъ кард?
931. Асарҳои таърихии С. Айниро номбар кунед ва мазмуни онҳоро баён кунед.
932. Шаҳри Душанбе кадом сол пойтахти Тоҷикистон эълон шуд?
933. Шаҳри Душанбе кадом солҳо Сталинобод ном дошт?
934. Аввалин мактаби олӣ дар Тоҷикистон кай таъсис ёфт?
935. Роҳи мошингарди Сталинобод – Хоруғ кай ва дар кадом муҳлат сохта шуд?
936. Канали калони Ҳисор кадом солҳо бунёд ёфта буд?
937. Ҷанги Бузурги ватанӣ (ҶБВ) кай оғоз ёфт?
938. Аввалин «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» аз Тоҷикистон кӣ буд?
939. Тоҷикистон ба ҷабҳаи ҶБВ чанд нафар ҷанговар фиристод?
940. Чанд нафар аз Тоҷикистон унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» ва соҳиби ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» гаштанд?
941. Корномаҳои тоҷиконро дар ҶБВ номбар кунед?
942. Саҳми тоҷикон дар озодкунии Аврупо аз фашизм дар чӣ зоҳир гашт?
943. Тоҷикон дар кадом муҳорибаҳо қаҳрамонӣ нишон доданд?
944. Тоҷикистон ба фронт чӣ гуна маҳсулот мефиристод?
945. Ёрии Тоҷикистон ба ҷабҳаи ҶБВ дар кадом иқдомҳо ифода ёфта буд?
946. Қаҳрамонии тоҷикон дар ақибгоҳи ҶБВ дар чӣ ифода меёфт?
947. Ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон дар солҳои ҶБВ чӣ гуна буд?
948. Бобоҷон Ғафуров кадом солҳо сарварии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравиро ба уҳда дошт?
949. Асарҳои дар солҳои ҷанг навиштаи Бобоҷон Ғафуровро номбар кунед?
950. Солҳои ҶБВ дар Тоҷикистон кадом корхонаҳо сохта шуданд?
951. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон кай таъсис ёфт?
952. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кадом сол таъсис ёфт?
953. Нахустин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кӣ буд?
954. Турсун Улҷабоев кӣ буд?
955. Дастовардҳои саноати Тоҷикистон дар солҳои 1950-1960-умро номбар кунед.
956. Соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дар солҳои 1950-1960 чӣ дастоварде дошт?
957. Пешарафти фарҳанги Тоҷикистон дар солҳои 1950-1960 бо кадом дастовардҳо муаррифӣ менамоед?
958. Оё ёдгориҳои машҳури таърихӣ-меъмории Тоҷикистонро номбар карда метавонед?
959. Комплекси агросаноатии ҳудудӣ-истеҳсолии ҷануби Тоҷикистон чӣ гуна лоиҳа буд ва дар доираи он кадом иншоотҳо сохта шуданд?
960. Дар замони шуравӣ кадом неругоҳҳои обӣ сохта шуданд?
961. НОБ-и Норак кай мавриди истифода қарор гирифт?
962. Дар бораи Ҷаббор Расулов чӣ маълумот доред?
963. Мирзо Турсунзода барои кадом хизматҳояш ба унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” сазовор шуд?
964. Саҳми Муҳаммад Осимӣ дар рушди илми тоҷик чӣ гуна аст?
965. Дар бораи шоиру нависандагони машҳури шӯравии Тоҷикистон маълумот диҳед.
966. Дар бораи рассомон ва композиторони машҳури Тоҷикистони шӯравӣ маълумот диҳед?
967. Варзишгарон-чемпионҳои ҷаҳонро аз Тоҷикистон номбар кунед?
968. Дар бораи вилоятҳои ҶШС Тоҷикистон ва мавқеи ҷуғрофии онҳо маълумот диҳед?
969. Корхонаи арзизи шаҳри Турсунзода кай ба кор оғоз кард?
970. Заводи электрохимиявии Ёвон кадом сол ба кор шуруъ кард ва чӣ гуна маҳсулот истеҳсол мекард?
971. Дашти Дилварзин куҷост ва кадом солҳо обёрӣ шуд?
972. Кадом минтақаҳои Тоҷикистон дар замони шуравӣ бо роҳи мелиоративӣ ва ирригатсионӣ обёрӣ шуданд?
973. Дар Тоҷикистон дар замони шуравӣ кадом шаҳрҳо бунёд шуданд?
974. Ёдгории Саразми бостонӣ кадом сол кашф шудааст?
975. Раҳмон Набиев кадом солҳо Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон буд?
976. Қаҳҳор Маҳкамов кадом сол Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон интихоб шуд?
977. Кадом солҳо қушунҳои мусаллаҳи шуравӣ дар Афғонистон қарор доштанд?
978. Бозсозии шуравӣ кадом солҳоро дар бар гирифта буд ва чӣ ҳадаф дошт?
979. Аввалин ҳизбу созмонҳои демократии Тоҷикистонро номбар кунед.
980. Сабаб ва оқибатҳои воқеаҳои февралии соли 1990 дар Душанбе рухдодаро шарҳ диҳед.
981. Кадом сол дар Тоҷикистон хусусигардонии корхонаҳо шуруъ шуд?
982. Қонуни забон кай ва бо кадом мақсад қабул шуд?
983. Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС кадом сол қабул шуда буд?
984. Табаддулоти давлатӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ кай ба вуқуъ пайваст ва бо чӣ анҷомид?
985. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ба даст омад?
986. Соҳибистиқлолӣ чист?
987. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст омадани истиқлолият кадом ҳизбу созмонҳо вуҷуд доштанд?
988. Ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ дар воқеоти сиёсии солҳои 90-уми асри XX чӣ нақш доштанд?
989. Заминаҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон кадомҳоянд?
990. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон кай оғоз ёфт?
991. Марҳалаи шиддатноки ҷанги шаҳрвандӣ кай ва дар куҷо сурат гирифт?
992. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ва дар куҷо сурат гирифт?
993. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон чӣ нақш дошт?
994. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ аҳаммияти таърихӣ дорад?
995. Сабабҳои дохилии сар задани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон кадомҳоянд?
996. Омилҳои хориҷии сар задани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон кадомҳоянд?
997. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон аз кадом марҳалаҳо иборат аст?
998. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 чӣ оқибат дошт?
999. Гурезаҳои иҷборӣ кай ва чӣ тавр ба Ватан баргардонида шуданд?
1000. Масъалаҳои иҷтимоии гурезаҳо чӣ тавр ҳал карда шуданд?
1001. Сарвари давлат – Эмомалӣ Раҳмон дар раванди баргардонидани гурезаҳо чӣ нақш дорад?
1002. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1992-1997) дар кадом асарҳои муҳаққиқони ватанӣ инъикос гардидааст?
1003. Масоили ҷанги шаҳрвандӣ ва сулҳи тоҷикон аз ҷониби кадом муҳаққиқони хориҷӣ тадқиқ шудааст?
1004. Музокироти байни тоҷикон кай оғоз ёфт ва аз чанд давр иборат аст?
1005. Кай “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” ба имзо расид?
1006. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон чӣ нақш дорад?
1007. Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) кай таъсис ёфт?
1008. Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) аз чанд зеркомиссияҳо иборат буд?
1009. Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) дар татбиқи “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” чӣ нақш дошт?
1010. Комиссияи оштии миллӣ дар таҳкими сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон чӣ нақш дошт?
1011. Сабақҳои таърихӣ ва аҳаммияти байналмилалии сулҳи тоҷикон аз чӣ иборат аст?
1012. Раванди музокироти байни тоҷикон дар кадом осори муҳаққиқони ватанӣ инъикос ёфтааст?
1013. Фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) дар кадом осори муҳаққиқони ватанӣ инъикос ёфтааст?
1014. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул карда шуд?
1015. Низоми бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон кай ташаккул ёфт?
1016. Парлумони доимоамалкунандаи дупалатагии касбӣ кай таъсис ёфт?
1017. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом солҳо тағйироту иловаҳо ворид карда шуд?
1018. Дар кадом асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон воқеоти сиёсии солҳои 90-уми асри XX инъикос ёфтаанд?
1019. Воқеоти сиёсии солҳои 90-уми асри XX аз ҷониби кадом муҳаққиқони ватанӣ тадқиқ гардидаанд?
1020. Ваҳдати миллӣ чист?
1021. Ҳадафҳои стратегии давлат кадомҳоянд?
1022. Вазъи сиёсии Тоҷикистон дар Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна инъикос ёфтаанд?
1023. Давраи азнавбарқароркунии баъдиҷангии хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом солҳо буд?
1024. Дар даврони истиқлол дар соҳаи саноат ва энергетика чӣ дигаргуниҳо ба амал омад?
1025. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳибкорӣ кай рушд кард?
1026. Хоҷагиҳои деҳқонӣ дар замони истиқлолият кай ташаккул ва рушд ёфтанд?
1027. Кадом маҷмӯаҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд доранд?
1028. Дар соҳаи аграрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ва чӣ гуна ислоҳот гузаронида шуд?
1029. Дар соҳаи нақлиёт ва сохтмони роҳҳо дар даврони истиқлол чӣ дигаргуниҳо ба амал омад?
1030. Дар соҳаи алоқа дар даврони истиқлол чӣ дигаргуниҳо ба амал омад?
1031. Маблағгузории хориҷӣ (инвестится) дар Тоҷикистон кай ҷалб карда шуд?
1032. Кадом корхонаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтанд?
1033. Дар соҳаи андоз ва андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ дигаргуниҳо ба амал омад?
1034. Дар низоми бонкии Ҷумҳури Тоҷикистон чӣ дигаргуниҳо ба амал омад?
1035. Бонки миллии Тоҷикистон кай таъсис ёфт?
1036. Дар Тоҷикистон кай асъори миллӣ ҷорӣ гардид?
1037. Бонкҳои тиҷоратӣ кай таъсис ёфтанд?
1038. Бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон кадомҳоянд ва чӣ гуна фаъолият мекунанд?
1039. Низоми қарзӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ чӣ зарурат дорад?
1040. Сиёсати қарзии бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна ба роҳ монда мешавад?
1041. Сабабҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар чист ва бештар ба кадом давлатҳо сурат мегирад?
1042. Заминаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ кадомҳоянд?
1043. Ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар осори кадом муҳаққиқони ватанӣ инъикос ёфтааст?
1044. Авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол кадомҳоянд?
1045. Асосгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон кист?
1046. «Сиёсати дарҳои боз» кай қабул карда шуд?
1047. Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) кай равобит барқарор намуд?
1048. Тоҷикистон бо Федератсияи Россия кай равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд?
1049. Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Федератсияи Россия дар осори кадом муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ инъикос ёфтааст?
1050. Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ кай равобит барқарор намуд?
1051. Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва минтақавӣ чӣ гуна сурат мегиранд?
1052. Тоҷикистон кай ба Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ворид гардид?
1053. Ҳамкории Тоҷикистон бо ташкилоти махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар чӣ таҷассум меёбад?
1054. Тоҷикистон кай бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ҳамкориро оғоз кард?
1055. 73. Тоҷикистон аз кадом давра бо Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳамкорӣ дорад?
1056. Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аз ҷониби кадом муҳаққиқони ватанӣ тадқиқ гардидаанд?
1057. Тоҷикистон дар роҳандозии сиёсати минтақавии хеш бештар бо кадом давлатҳо ҳамкорӣ дорад?
1058. Тоҷикистон бо кишварҳои тоҷикзабони дунё кай равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намудааст?
1059. Дар кадом асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо ҷаҳони ислом инъикос ёфтаанд?
1060. Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон кай ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд?
1061. Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон кай ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд?
1062. Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон кай ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд?
1063. Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркманистон кай ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд?
1064. Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҳиндустон дар чӣ зоҳир мегардад?
1065. Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Покистон дар чӣ зоҳир мегардад?
1066. Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия дар чӣ зоҳир мегардад?
1067. Равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо чӣ гуна сурат мегирад?
1068. Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар чӣ зоҳир мегардад?
1069. Асосҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инъикос гардидаанд?
1070. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар осори кадом муҳаққиқони ватанӣ инъикос гардидааст?
1071. Дар соҳаи фарҳанг дар даврони истиқлол чӣ дигаргуниҳо ба амал омаданд?
1072. Дар соҳаи маориф дар солҳои Истиқлоли давлатӣ чӣ дигаргуниҳо ба амал омаданд?
1073. Намояндагони машҳури адабиёт ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол киҳоянд?
1074. Дар муассисаҳои маданӣ-маърифатии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ чӣ дигаргуниҳо ба амал омаданд?
1075. Дар солҳои истиқлол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом осорхонаҳо фаъолият мекунанд?
1076. Ҳамкориҳои Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг ва маориф бо кишварҳои хориҷӣ дар чӣ зоҳир мегарданд?
1077. Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) чӣ гуна сурат мегиранд?
1078. Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон кай ҳамкориҳои фарҳангӣ барқарор намуд?
1079. Дар соҳаи тандурустӣ чӣ тағйирот ба амал омад?
1080. Варзиш дар даврони истиқлол чӣ мавқеъ дорад?
1081. Фарҳанги миллӣ чист?
1082. Ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар намоед?
1083. Кадом сол – Соли тамаддуни ориёӣ эълон шуда буд?
1084. Муаллифи китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» кист ва атрофи чӣ баҳс мекунад?
1085. Муаллифи асари сегонаи «Тоҷикон: таърихи фоҷиаи миллӣ» кадом муаррихи тоҷик аст?
1086. Кай Анҷумани муассисони Бунёди забони тоҷикӣ баргузор гардид ва Ойинномаи он қабул гардид?
1087. Нақши тоҷикон дар ташаккул ва рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ чӣ гуна аст?
1088. Кадом сол 1100-солагии Давлати Сомониён ҷашн гирифта шуд?
1089. Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чӣ гуна тасвир менамоед?
1090. Кадом ҷашнҳои миллии тоҷикон дар замони истиқлол аз нав эҳё шуданд?
1091. Дар замони Истиқлол ба хотири арҷгузорӣ ба таърихи рангини халқи тоҷик кадом ҷашнҳо баргузор шуданд?
1092. Кадом ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии халқи тоҷик ба феҳристи фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидаанд?
Замимаи 5
ба Амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «___» ________ соли 2022, №АП-___
РӮЙХАТИ
китобҳои тавсияшаванда барои озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115 — солагии академик Бобоҷон Ғафуров
- Абдуллоев, С. А. Исмоили Сомонӣ [Матн] / С.А.Абдуллоев. – Хуҷанд, 1998. – 460 с.
- Абулҳаев, Р.А. Таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон (солҳои 1924 — 1941) [Матн]: Қисми 1/Р. А. Абулхаев. — Душанбе: Ирфон, 2003. — 268с.
- Абулхаев, Р. А. Таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон (соли 1946 — 1960) [Матн] : Қисми дуввум/Р. А. Абулхаев. — Душанбе: РТСУ, 2005. — 250с.
- Абулхаев, Р. А. Таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон (соли 1961 — 2000) [Матн] : Қисми севвум/Р. А. Абулхаев. — Душанбе: РТСУ, 2008. – 335 с.
- Берунӣ, А. Осор-ул-боқия [Матн] / А. Берунӣ; ба чоп тайёркунандагон А. Девонақулов, М. Исо. О. Ҳамид, М. Бақо; муҳаррирони масъул М. Диноршоев, А. Деванқулов. – Душанбе: Ирфон, 1990. – 432 с.
- Айнӣ, С. Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ ул-вақоеъ» [Матн] / С.Айнӣ – Душанбе: Ирфон, 1985. – 335 с.
- Айнӣ, С. Ёддоштҳо. Куллиёт [Матн] / С.Айнӣ – Душанбе: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1962. – Ҷ. 6. – 274 с.
- Айнӣ, С. Ёддоштҳо. Куллиёт [Матн] / С.Айнӣ – Душанбе: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1963. – Ҷ. 7. – 413 с.
- Айнӣ, С. Исёни Муқаннаъ[Матн]: Очерки таърихӣ-таҳқиқотӣ/С. Айнӣ. — Душанбе: Маориф, 1978. – 166 с.
- Айнӣ, С. Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик[Матн]: Очерки адабӣ-таърихӣ [Матн] / С.Айнӣ – Душанбе: Маориф. – 168 с.
- Айнӣ, С. Намунаи адабиёти тоҷик [Матн] / С.Айнӣ. — Душанбе: Адиб, 2010. – 448 с.
- Айнӣ, С. Таърихи амирони манғитияи Бухоро[Матн] // Куллиёт. Иборат аз 22 ҷилд / Мураттибон К. Айнӣ, С. Муллоҷон — Душанбе: Дониш, 2021. – Ҷ. 7. — 696 с.
- Айнӣ, С. Таърихи инқилоби Бухоро[Матн]/С. Айнӣ. –Душанбе: Адиб, 1987. – 240 с.
- Айнӣ, С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро[Матн]/С. Айнӣ. – Душанбе, 2005. – 210 c.
- Айнӣ, С. Маънии калимаи «тоҷик» [Матн] // Андар шинохти тоҷикон. Мураттиб Н.Убайдуллоев. – Душанбе: ДДОТ ба номи С.Айнӣ, 2016. — С. 19-60.
- Амиршоҳӣ, Н. Давлати Куртҳои Ҳирот (1245-1381) [Матн] / Н.Амиршоҳӣ. – Душанбе, 1996. – 152 с.
- Андреев, М.С. Этнографияи тоҷикон[Матн]//Андар шинохти тоҷикон. Мураттиб Н.Убайдуллоев. – Душанбе: ДДОТ ба номи С.Айнӣ, 2016. – С. 35-72.
- Бартолд, В.В. Тоҷикон[Матн]: Очерки таърихӣ // Андар шинохти тоҷикон. Мураттиб Н.Убайдуллоев. – Душанбе: ДДОТ ба номи С.Айнӣ, 2016. — С. 5-34.
- Бертелс, Е.Э. Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ [Матн] / Е.Э. Бертелс. – Душанбе: ЭР-граф, 2015. – 584 с.
- Викер, А.В. Цари Персии. Тираны и мудрецы Древнего Востока [Текст] / А.В.Викер. – М., 2016. – 352 с.
- Гафуров, Б. История таджикского народа в кратком изложении[Текст]: С древнейших времен до Великой Октябрской Социалистической революции 1917г./Б. Гафуров. – М.: Госиздательство Политической литературы, 1949. – 544 с.
- Гафуров, Б. Наше дело правое, враг будет разбит [Текст] / Б.Гафуров. – Сталинабад: Таджикгосиздат, 1942.
- Гафуров, Б. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история [Текст] / Б.Гафуров. – М.: Наука, 1972. – 664 с.
- Гафуров, Б. Падение Бухарского эмирата[Текст]: к 20-летию Советской революции в Бухаре (1920-1940 гг.) / Б.Гафуров, Н. Н. Прохоров. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1940.
- Ғафуров Б. Тоҷикон ва талошҳои таърихии онҳо барои озодии ватан[Матн]: Очеркҳо аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон/ Б.Ғафуров. – Душанбе: Адиб, 2012. – 256 с.
- Гафуров Б. Александр Македонский и Восток [Текст] / Б.Гафуров, Д. И. Цибукилис. – М.: Наука, 1980. – 456 с. с ил. и карт.
- Ғаффаров, У. Равшангари таърих [Матн]: Ба 80-солагии зодрӯзи Б.Ғафуров бахшида мешавад) [Матн] / У.Ғаффаров. – Душанбе: Ирфон, 1990. – 106 с.
- Ғафуров, Б. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав [Матн] / Б.Ғафуров. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. –976 с.
- Ғафуров, Б. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна. Китоби якум [Матн] / Б.Ғафуров. – Душанбе: Ирфон, 1998. — с
- Ғафуров, Б. Тоҷикон. Охирҳои асри миёна ва давраи нав. Китоби дуюм [Матн] / Б.Ғафуров. – Душанбе: Ирфон, 1998. – 870 с.
- Ғафуров, Б. Таърихи мухтасари халқи тоҷик [Матн] / Б.Ғ.Ғафуров. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1947. – 387 c.
- Ғафуров, Б. Ба муқобили фаранҷӣ ва урфу одатҳои динӣ [Матн] / Б.Ғафуров. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1940.
- Ғоибов, Ғ. Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз [Матн] / Ғ.Ғоибов. – Душанбе, 2006. – 906 с.
- Ғоибов, Ғ. Таърихи Ҳисори Шодмон, Чағониён ва Душанбе [Матн] / Ғ.Ғоибов. – Душанбе, 1999. — 235 с.
- Давлатдории тоҷикон дар асрҳои IX –XIV[Матн].: Пораҳо аз «Равзату-с-сафо» ва дигар кутуб/Мураттиб ва муҳаққиқ Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ. – Душанбе: Амри илм, 1999. – 1008 с.
- Давлатшоҳ, М. Нусратулло Махсум[Матн]: Силсилаи Қаҳрамони Тоҷикистон/М. Давлатшоҳ, Ф. Абдурашитов. – Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. — 148 с.
- Доварӣ, Ғ.Ҷ. Таҳлили забонӣ ва таърихии вожаи «тожик» бар мабнои осори кашфшуда [Матн] / Ғ.Ҷ.Доварӣ. – Душанбе, 2016; Душанбе: Меҳроҷ-граф, 2021. – 200 с.
- Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон [Матн] / Муҳаррири масъул Б. Абдураҳмонов. – Душанбе: ЭР-Граф, 2016. — 655 с.
- Донишномаи Сомониён[Матн]: Дар ду ҷилд. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2008 -2009. – 410 с.
- Достонҳои Шоҳнома[Матн]: Китоби дуюм. – Душанбе, 1976. – 267 с.
- Достонҳои Шоҳнома[Матн]: Китоби якум. – Душанбе, 1976. – 262 c.
- Дяконов, М.М. Маданияти қадими тоҷикон [Матн] / М.М.Дяконов // Андар шинохти тоҷикон. Мураттиб Н.Убайдуллоев. –Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2016. – С.73-221.
- Исоқов, А. Саразм оғози тамаддуни тоҷикон [Матн]/ А.Исоқов. – Душанбе: Дониш, 2018. — 280 с.
- История таджикского народа[Текст]: Древнейшая и древняя история / А.М.Гафров [и др.]; под общ. ред. Академик Р.Масов – Душанбе: Дониш, 1998. – Т. 1. — 724 c.
- История таджикского народа [Текст]: Эпоха формирования таджикского народа / А.М.Гафуров [и др.]; под общ. ред. Академик Р.Масов. – Душанбе. – Душанбе, 1999. — Т.2. — 792 с.
- История таджикского народа[Текст]: XI-XV века / А.М.Гафров [и др.]; под общ. ред. Академик Р.Масов. – Душанбе. – Душанбе, 2013. – Т.3. — 580 с.
- История таджикского народа[Текст]: Позднее средневековье и новое время (XVI в.-1917г.) / А.М.Гафров [и др.]; под общ. ред. Академик Р.Масов. – Душанбе, 2010. – Т. 4. — 1124 с.
- История таджикского народа[Текст]: Новейш ая история (1917-1941 гг.) / А.М.Гафров [и др.]; под общ. ред. Академик Р.Масов. – Душанбе, 2004. – Т. 5. — 752 с.
- История таджикского народа[Текст]: Новейшая история (1941-2010 гг.) / А.М.Гафров [и др.]; под общ. ред. Академик Р.Масов. – Душанбе, 2011. – Т. 6. — 688 с.
- Мавлоно Абдулкаломи Озод. Куруши Кабир-Зулқарнайн [Матн]: Пажӯҳиши илмӣ, бостоншиносӣ, тафсирӣ / О.А.Мавлоно. –Душанбе: Адиб, 2019. – 240 с.
- Масов, Р. Таджики: витеснение и ассимиляции [Текст] / Р.Масов. – Душанбе, 2003. – 175 с.
- Масов, Р. Таджики: история национальной трагедии [Текст] / Р.Масов. – Душанбе, 2008. – 535 с.
- Масов, Р. Таърихи тоҷикон бо мӯҳри «комилан сиррӣ» [Матн] / Р.Масов. – Душанбе, 1996. – 206 с.
- Мухторов, А. Сомониён: замон ва макон [Матн] / А.Мухторов. – Хуҷанд, 1999. — 288 с.
- Мухторов, А. Ҳисор. Очерки таърихӣ [Матн] / А.Мухторов. – Душанбе, 1995. – 185 с.
- Мухторов, А. М. Таърихи халқи тоҷик [Матн]/ А.М.Мухторов А.З.Раҳматуллоев. – Москва, 2002. – 384 с.
- Назаров, Ҳ.Н. Авомили сууд ва суқути далати Сомониён [Матн] / Ҳ.Н.Назаров. – Душанбе: Ирфон, 1999. – 138 с.
- Назаров, Ҳ. Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон [Матн] / Ҳ. Назаров. – Душанбе: Дониш, 1998. – 656 с.
- Назаров, Ҳ. Нақши эрониён – тоҷикон дар таърих ва фарҳанги ҷаҳон [Матн] / Ҳ.Назаров. – Душанбе, 2005. – 492 с.
- Наршахӣ, Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар. Таърихи Бухоро [Матн] / Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар Наршахӣ. – Душанбе: Пайванд, 2012. – 736 с.
- Негматов, Н.Н. Таджикский феномен: история и теория [Текст] / Н.Н.Негматов. – Душанбе, 1997. – 423 с.
- Неъматов, Н. Давлати Сомониён. Тоҷикон дар асрҳои IX-X [Матн] / Н.Негматов. — Душанбе: Ирфон, 1989. – 304 c.
- Неъматов, Н.Н. Тоҷикон. Тоҷикистони таърихӣ. Тоҷикистони муосир[Матн] / Н.Негматов. – Душанбе, 1996. – 48 с.
- Низомов, А. Таърих ва назарияи Шашмақом [Матн] / А. Низомов. – Душанбе: Ирфон, 2003. – 334 с.
- Ноҷӣ, М. Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён [Матн] / М.Ноҷӣ. – Душанбе, 2011. – 1295 с.
- Ориёиҳо кистанд ва ватани онҳо куҷост [Матн]/ Таҳияи Қ. Расулиён. – Душанбе, 2004. – 120 с.
- Очеркҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол [Матн]. –Душанбе, Дониш, 2016. – 463 с.
- Пирумшо, Ҳ., Аламшо Қ. Шириншоҳ Шоҳтемур[Матн]: Силсилаи Қаҳрамони Тоҷикистон/ Ҳ.Пирумшо, Қ.Аламшо. – Душанбе: ДДОТ ба номи С.Айнӣ, 2018. — 214 с.
- Пирумшо, Ҳ. Ахтари илму сиёсат [Матн] / Ҳ. Пирумшо. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. – 384 с.
- Пирумшо, Ҳ. Бобоҷон Ғафуров[Матн]: Силсилаи Қаҳрамони Тоҷикистон/ Ҳ.Пирумшоев. – Душанбе: ДДОТ ба номи С.Айнӣ, 2018. – 251 с.
- Пирумшоев, Ҳ. Давлати Сомониён дар тарозуи таърихнигорӣ. [Матн] / Ҳ.Пирумшоев. – Душанбе: Дониш, 2020. – 440 с.
- Пирумшоев, Ҳ. Таърихи Дарвоз [Матн]: аз қадим то замони муосир / Ҳ. Пирумшоев; муҳаррири масъул Х. Шарифов. – Душанбе: Ирфон, 2008. — 703 с.
- Пянков, И.В. Осиёи Миёна дар номаҳои бостон [Матн] / И.В.Пянков. – Душанбе, 1991. – 64 с.
- Радий, Ф. Садриддин Айнӣ. Шарҳи ҳол дар асоси ҳуҷҷатҳо, хотираҳо, мактубҳо ва навишаи худи ӯ [Матн]: Силсилаи Қаҳрамони Тоҷикистон/ Ф. Радий, Ҳошим Раҳим. – Душанбе: ДДОТ ба номи С.Айнӣ, 2018.-355 с.
- Ранов, В.А. Бегущие по скалам: Наскальные рисунки Памира [Текст] / В.А. Ранов. – Душанбе: Дониш, 2016. – 412 с.
- Ранов, В.А. Душанбе – город древний. Отв. ред. Масов Р. М [Текст] / В.А.Ранов, В.С.Соловьев. – Душанбе: Дониш, 1993. – 177 с. –
- Эмомалӣ Раҳмон. Давлатдории тоҷикон: аз Сомониён то оғози асри XXI [Матн]: Суханронӣ бахшида ба ҷашни Истиқлол ва 1100-солагии Давлати Сомониён, 8 сентябри соли 1999) [Матн] / Э.Раҳмон – Душанбе, 1999. – 310 с.
- Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат — ҳастии миллат. Китоби 1 [Матн] / Э.Раҳмон. – Душанбе, 2015. – 516 с.
- Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат-ҳастии миллат. Китоби 2 [Матн] / Э.Раҳмон. – Душанбе, 2020. – 486 с.
- Эмомалӣ Раҳмон. Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо [Матн] / Э.Раҳмон. – Душанбе: Шарқи озод, 2009. – 320 с.
- Эмомалӣ Раҳмон. Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам [Матн] / Э.Раҳмон. – Душанбе: Шарқи озод, 2009. — 368 с.
- Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо [Матн] / Э.Раҳмон. – Душанбе: Ирфон, 2006. – 372 с.
- Эмомалӣ Раҳмон. Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ[Матн]: Андешаҳо дар остонаи ҷашни Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ [Матн] / Э.Раҳмон. –Душанбе: Ирфон, 2007. – 372 с.
- Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих[Матн]: Аз Ориён то Сомониён. Иборат аз чаҳор китоб [Матн] / Э.Раҳмон. – Душанбе: Ирфон. – 228 с.
- Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор [Матн] / Э. Раҳмон. – Душанбе: Эр-Граф, 2016. – 364 с.
- Нафисӣ, С. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ [Матн] / С. Нафисӣ. – Душанбе, 2008. – 942 с.
- Саидзода, А. Мовароуннаҳр дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII [Матн]:таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ) / А.Саидзода. – Душанбе: Дониш, 2020. – 492 с.
- Сайфуллоев, А. Мирзо Турсунзода[Матн]:Силсилаи Қаҳрамони Тоҷикистон / А.Сайфуллоев. – Душанбе: ДДОТ ба номи С.Айнӣ, 2018.-258 с.
- Салимӣ, Н. Эмомалӣ Раҳмон[Матн]: Силсилаи Қаҳрамони Тоҷикистон / Н.Салимӣ, А.Шарифзода. – Душанбе: ДДОТ ба номи С.Айнӣ, 2018. – 225 с.
- Салимӣ, Н. Адабиёти давраи Сомониён [Матн]: наср / Н. Салимӣ. – Душанбе: Дониш, 2021. – 276 с.
- Сечкина, Л.П. Таджикистан в годы Великой Отечественной войны (1941 – 1945гг.) [Текст] / Л.П.Сечкина. – Душанбе: Дониш», 1989. – 244 с.
- Сомониён ва эҳёи тамаддуни форсии тоҷикӣ [Матн]. – Душанбе, 1998.- 534 с.
- Сомониён дар оинаи таърих[Матн]: Иборат аз ду ҷилд / Фароҳамоварандагон Н.Салимӣ, Н.Зоҳидӣ ва диг. – Душанбе: Дониш, 2019. – 567 с.
- Табарӣ, Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир. Таъриху-р-русули ва-л-мулук (Таърихи Табарӣ) [Матн]: Муқаддима ва тавзеҳоти М.Умаров ва Ф.Бобоев (Таърихи Табарӣ). [Матн] – Теҳрон: Ал-Ҳудо, 2001. – Ҷ. 1. — 817 с.
- Табарӣ, Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир. Таъриху-р-русули ва-л-мулук (Таърихи Табарӣ) [Матн]: Муқаддима ва тавзеҳоти М.Умаров ва Ф.Бобоев. [Матн] / Муҳаммад Ҷ.Т. – Теҳрон: «Ал-Ҳудо», 2001. – 1632 с.
- Таджики в источниках и трудах исследователей [Текст]: материалы по истории таджиков// Составители С. Бостонгухар и Н. Убайдуллоев. Кн.1. – Душанбе: Истеъдод, 2018. – 282 с.
- Тоҷик, тоҷдор, тоҷвар [Матн] / Гирдоваранда М.Шукурзода. – Душанбе: Адиб, 1990. – 128 с.
- Тоҷикон дар сарчашмаҳои таърихӣ ва осори муҳаққиқон. [Матн] / Мураттибон С.Бостонгуҳар ва Н.Убайдуллоев. Китоби 2. – Душанбе, 2018. – 295 c.
- Турсунов, Н. Таърихи тоҷикон [Матн] / Н.Турсунов. – Хуҷанд, 2001. – 788 с.
- Тусӣ, Низомулмулк. Сиёсатнома[Матн] /Н. Тусӣ. — Душанбе: Адиб, 1989. – 200 с
- Улуғзода, С. Восеъ[Матн]: роман / С.Улуғзода. – Душанбе: Адиб, 2020. – 368 с.
- Улуғзода, С. Ривояти суғдӣ [Матн]: повест/ С.Улуғзода. – Душанбе, 2017. – 220 с.
- Улуғзода, С. Фирдавсӣ[Матн]6 роман / С.Улуғзода. – Душанбе, 1991. – 279 c.
- Кайковус, У. Қобуснома[Матн]/ Таҳия, пешгуфтор ва тавзеҳоти Мирзо Муллоаҳмад ва Меҳрӣ Шарофова. – Душанбе, Маориф, 2016. — 240 с.
- Фидои миллат [Матн]: Ба ифтихори 120-солагии зодрӯзи Нусратулло Махсум. Маҷмӯи мақолаҳо. – Душанбе, 2001.-219 с.
- Фрай, Р.Н. Бухара в Средние века [Текст]: На стыке персидских традиций и исламской культуры /Р.Н. Фрай. — М.: Центрполиграф, 2016. – 224 с.
- Фрай, Р.Н. Мероси Осиёи Марказӣ[Матн]: Аз замонҳои бостон то истилои турк / Р.Н. Фрай. – Душанбе: «Суруш», 2000. – 273 с.
- Фредерик С. С. Маърифати гумшуда[Матн]: Асри тиллоии Осиёи Марказӣ аз истилои араб то Темурланг/ С.С.Фредерик. – Душанбе: ЭР-граф, 2016. – 692 с.
- Хаников, Н.В. Андешаҳо роҷеъ ба таҳқиқи мардуми Эрон. [Матн] / Н.В.Хаников. – Душанбе, 1992. – 160 с.
- Ҳақиқати таърих[Матн]: Доғҳои сиёҳи таърихи Тоҷикистон. Маҷмӯи мақолаҳо. – Душанбе, 1990. -145 с.
- Ҳотамов, Н.Б. Таърихи халқи тоҷик [Матн]: Аз солҳои 60-уми асри 19 тосоли 1924 / Н.Б.Ҳотамов. – Душанбе, 2001. – 395 с.
- Ҳотамов, Н.Б. Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ (солҳои 1941 – 1950) [Матн] / Н.Б.Ҳотамов. – Душанбе, 2010.-124 с.
- Шакурӣ, М. Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон[Матн] / М. Шакурӣ – Душанбе: «Адиб». 2010. – 348 с.
- Шакурӣ, М. Равшангари бузург [Матн] / М. Шакурӣ. – Душанбе, 2006. – 338 с.
- Шакурӣ, М. Фитнаи инқилоб дар Бухоро [Матн] /М. Шакурӣ. – Душанбе, 2010. – 139 с.
- Шакурӣ, М. Хуросон аст ин ҷо[Матн] / М. Шакурӣ –Душанбе, 1997. – 290 с.
- Шишов, А. Тоҷикон [Матн] / А.Шишов. – Душанбе: Андалеб-Р, 2015. – 464 с.
- Шукурзода, М. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно [Матн] / М.Шукурзода. – Душанбе: Деваштич, 2007. – 478 с.
- Шукуров, М.Р. Таърихи халқи тоҷик [Матн] / М.Р.Шукуров, А.З.Раҳматуллоев, М.Р.Шукуров. – Душанбе, 1975. – 338 с.
- Шукуров, М.Р. Револютсияи маданӣ дар Тоҷикистон. [Матн] / М.Р.Шукуров – Сталинобод, 1957. – 256 с.
- Этногенез ва таърихи этникии халқи тоҷик. – Душанбе Дониш, 2021. – 987 c.
- Якубов, Ю. Давлати Каёниён [Матн] / Ю. Якубов. – Душанбе: Эр-Граф, 2012. – 544 с.
- Яъқубшоҳ Ю. Тоҷикон [Матн] / Ю. Яъқубшоҳ. – Душанбе, 1994. – 190 с.