РОМИТ МАЪРУФТАР МЕГАРДАД!

                            

       Соли 1959 дар болооби дарёи Кофарниҳон мамнуъгоҳи дуюми Тоҷикистон — «Ромит» бо масоҳати 16139 гектар ташкил шуда буд. Мамнуъгоҳи Ромит дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат ҷойгир аст ва мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013 таҳти раками 346    ба мамнўъгоҳи табиии давлатии “Ромит” мақоми резервати биосферӣ дода шуд, яъне барои зиндагии одамон дар ҳудуди он иҷозат дода шуд.   

Мавриди зикр аст, ки алҳол дар кишварамон майдони ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,1 миллион гектарро ташкил медиҳад, ки ин 22% ҳудуди кишварро дар бар мегирад.

         Мо бо директори Резервати биосферии «Ромит» Хамоиддин Маҳмудов хамсухбат шуда, аз вазъи имрузаи ин мавзеъ, олами хайвоноту набототаш пурсон шудем.

Навовариҳо дар солҳои охир дар ин мавзеъ чи гуна ҳастанд?

 Айни замон мо кўшиш ба харҷ дода истодаем, то ки Резервати биосферии «Ромит»-ро барои рушди сайёҳӣ мувофиқ намоем. Зеро сол ба сол таваҷҷуҳи сайёхони дохиливу хориҷӣ ба ин мавзеъ бештар мешавад. Дар ин самт Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ  як қатор барномаҳоро роҳандозӣ менамояд. Аз ҷумла дар оғози моҳи равон роҳбарону намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо захираҳои бойи табиӣ ва олами набототу ҳайвонот ба ин ҷо омаданд. Барои меҳмонон барномаи пурмазмун ва намоишгоҳ ташкил карда шуда, аз ошноӣ бо фаъолияти маъмурияти резерват, осорхона, имкониятхои технологӣ, нонпазии суннатӣ ва нозу неъматҳои миллии тоҷикӣ таассуроти нек бардоштанд. Инчунин, барои меҳмонон аспсаворӣ, тенниси рӯи миз ва дигар машғулиятҳои фароғатӣ ташкил карда шуд. Бояд гуфт, ки ба баъзе меҳмонон муяссар гардид, ки гавазни бухороиро бо чашми худ бубинанд. Барои рушди сайёҳӣ мо хатсайрҳои аспсаворӣ, куҳгардӣ, дарёнавардӣ ташкил намудаем. Яъне ин ҳама таассурот имкон медиҳад, то Резервати биосферии «Ромит» дар хориҷи кишвар муаррифӣ гардад.

Набояд фаромуш кард, ки як сайёҳ, ё як нафар меҳмони хориҷӣ метавонад даххо нафарро ба ин ҷо биёрад. Ва баръакс як нафар метавонад агар таассуроти на он қадар нек бардошта бошад, аз сафар онҳоро боз дорад. Аз ин рў мо бо аҳли ҳамкорон барои муҳайё сохтани шароит барои сайёҳон, бедор намудани завқи онҳо ба дустдории табиат тадбирҳои зиёдеро меандешем. Ҳамчунин барои баланд бардоштани маърифати экологии сокинони ин мавзеъ машғулиятҳои омўзиширо мегузаронем.

Дар Резервати биосферии «Ромит» аҳолӣ низ умр ба сар мебарад, ки ин ҷиҳати фарқкунанда аз дигар мавзеъҳо ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр?

Бале. Ҳарчанд мақсадҳои асосии таъсис додани мамнуъгоҳи Ромит ин омӯзиш ва нигоҳдории олами наботот ва ҳайвоноти нодири кишвар маҳсуб меёфт, имрӯз ҷиҳати фарқкунанда он аст, ки дар иҷрои ин вазифа аҳолӣ ба мо кўмак мерасонад. Яъне инсону табиат бо ҳам наздиктар мешаванд ва ба ҳамдигар кўмак мекунанд. Зиёда аз 300 хоҷагӣ дар ҳудуди ин резервант айни замон зиндагӣ доранд.

Барои бештар намудани саршумори олами ҳайвонот кадом корҳоро ба анҷом расонидед?

Барои зиёд намудани саршумори гавазни бухороӣ ва паҳн намудани он ба дигар мавзеъҳои кишвар, барои зиёд намудани кабки дарӣ парваришгоҳҳои махсус ташкил кардаем, ки ин барои расидан ба ҳадафҳоямон кўмак мерасонад. Таи чанд соли охир 5 сар гавазни бухороиро ба 33 сар расонидем ва соли ҷорӣ боз зиёдтар шуданд. Дар оянда ният дорем парвариши бузи пармашохро ба роҳ монем, зеро шароити ин ҷо барои ин мусоид аст. Аллакай иҷозатнома гирифтем, зеро солҳои пеш то ба 36 сар расида буд ва  бо сабабҳои маълум дар солҳои 90-ум ба нобудшавӣ расиданд. Рўзҳои наздик мо дар ин самт ҳудуди махсусро ҷудо намуда, парваришро ба роҳ хоҳем монд.

Экология ин ҷузъи ҷудонашавандаи иқтисоди миллист. Дар ҳудуди Резервати биосферии «Ромит» гиёҳҳои хурданбобе ҳастанд, ки аз сабаби бисёр истифода бурдан кам шудаанд ва мо бо сокинони маҳаллӣ барои зиёд намудани онҳо дар мавзеъҳои гуногун тухми гиёҳҳоро кишт мекунем.

Дар ҳудуди резервати биосферии «Ромит» ба шикори ҷонварон рухсат дода  мешавад ё на?

Дар ҳудудҳои табии Резерват ҳама гуна шикор қатъиян манъ мебошад ва ҷазо барои вайронкунандагони он басо сангин мебошад. На хориҷиён ва на сокинони маҳаллӣ иҷозати шикорро дар ин ҳудуд надоранд. Дар ҳолати ғайриқонунӣ ба анҷом расонидани ин амал дар асоси санаду меъёрҳои ҳуқуқии соҳа санаду протокол тартиб дода шуда, чораҳо дида мешаванд. Ёдовар мешавам, барои хориҷиён ва барои сокинони кишвар бо силоҳ ё асбоби шикорӣ ба ҳудуди мамнуъгоҳ ворид шудан манъ аст. Набояд ҳатто овози тир дар ин ҷо шунида шавад.

Барои сухбат ташаккур!    

          Суҳбаторо Шоистаи Аҳмад