Бошгоҳи «Истиқлол» дар Лигаи олӣ бозии 300-умашро ба анҷом расонид

Бозии даври 11-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Истиқлол» барои бошгоҳи шаҳри Душанбе 300-умин бозӣ дар дивизиони олии чемпионати кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин рақобат «Истиқлол» тавонист «Регар-ТадАЗ»-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода, ғалабаи 236-умашро дар Лигаи олӣ ба қайд гирад.

Дар айни ҳол қаҳрамони чандинкаратаи мамлакат 300-вохӯриро дар Лигаи олӣ паси сар кардааст:

Дар 300-бозии баргузор намудааш дастаи «Истиқлол» 236-ғалаба, 45-мусовӣ ва 19-бохтро пушти сар кардааст. Дар ин муддат бошгоҳи шаҳри Душанбе ба дарвозаи рақибон 889-гол ба самар расонида, 181-голро ба дарвозааш сар додааст.

Бояд қайд намуд, ки «Истиқлол» нахустин бозии худро дар лигаи олии чемпионати Тоҷикистон 4-уми апрели соли 2009 муқобили «Равшан»-Кӯлоб баргузор карда буд. Дар ин рақобат «Истиқлол» тавонист бо ҳисоби 2:0 пирӯзӣ ба даст биёрад.