Ҳалокати ду ноболиғ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

3-юми июли соли 2022, тахминан соати 00:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Нозимов Маҳмадулло Маҳмадраҷабович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти ноҳияи Ҳамадонӣ, дар роҳи калони мошингарди деҳаи Гулобод, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ноболиғ Мирзоев Абдурауф Муслиҳиддинович, соли таваллудаш 2012, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода, менависад, ки дар натиҷа хурдсол Мирзоев А.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ 3-юми июли соли 2022, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҳимбеков Фариддун Азизбекович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ, дар роҳи мошингарди, деҳаи Хоҷағалтон, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ноболиғ Насриддинов Абубакр Қудбиддинович, соли таваллудаш 2012, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа хурдсол Насриддинов А.Қ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рўи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.