Агентии иттилоотии Trend дар такя ба маълумоти Агентии амнияти озуқавории Озарбойҷон хабар додааст, ки дар асоси шикоятҳои расида кормандони Агентии Амнияти Озуқаворӣ (АПБ) дар яке нуқтаи савдои шаҳри Боку як миқдор обҳои ошомидании муҳлати истеъмолашон гузаштаи ширкатҳои тоҷикистонии “Оби зулол”, “Сиёма” ва “Ҳавотаг”-ро ошкор ва мусодира карданд.
Дар ин иншоот, 15 800 дона зарф оби “Оби Зулол” (0,5 литра), 8 989 дона оби газдор ва бегази “Сиёма” (0,5 литр), 1000 “Ҳавотаг” (1,25 литр) оби тиҷоратӣ, ки бидуни риояи ҳарорат нигоҳ дошта шудаанд, ошкор карда шуд. Гуфта мешавад, ин обҳои тиҷоратии истеҳсоли Тоҷикистон ба соҳибкорони озар дахл доштанд.
Ширкатҳои “Оби зулол”, “Сиёма” ва “Ҳавотаг” аз бонуфузтарин ширкатҳои коркарди обҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд, ки ба хориҷи кишвар ҳам обҳои ошомидании кишварро содирот мекунанд.