Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе, ки имрӯз ифтитоҳ намудем, яке аз бузургтарин маҷмааҳои варзишии мамлакат ба ҳисоб меравад. Маҷмааи имрӯза беҳтарин туҳфа барои ҷавонону варзишгарон ва дӯстдорони варзиш ба ифтихори ҷашни фархундаи 30-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Дар ҷараёни бунёди ин маҷмаа беш аз 300 нафар сокинони пойтахт ба корҳои сохтмону васлгарӣ ҷалб гардидаанд ва тавре мебинем, корҳои сохтмон бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.
Бинобар ин, ба роҳбарияти пойтахт, лоиҳакашону сохтмончиён, мутасаддиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди чунин иншооти бузург саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоям.
Ин матлабро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ ба муносибати ба истифода додани маҷмааи варзиш дар шаҳри Душанбе баён намуданд.
Президенти мамлакат хотирнишон намуданд, ки сармоягузорӣ ба рушди ҷавонону варзишгарон ва фароҳам овардани шароити беҳтарин барои онҳо — сармоягузорӣ ба ояндаи ободи Ватан ва пешрафти миллат мебошад.
«Бовар дорам, ки иншооти нави варзиш дар пойтахти мамлакат ба маркази дӯстдоштаи на танҳо ҷавонони шаҳри Душанбе, балки тамоми варзишгарону ҷавонони кишвар табдил меёбад ва ҳамчун макони баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ барои ноил шудани варзишгарони мо ба дастовардҳои нави варзишӣ мусоидат мекунад», — изҳори итминон карданд Пешвои миллат.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки маҷмаа ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ мебошад ва дар он имконияти баргузор намудани на танҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муҳайё гардидааст.
Қобили зикр аст, ки дар маҷмаа 200 нафар мутахассисони сатҳи касбии баланд, яъне шаҳрвандони кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Бояд гуфт, ки лоиҳаи маҷмаа бо Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ мувофиқа гардида, тамоми пешниҳоду тавсияҳои ин ташкилоти ҷаҳонӣ ба эътибор гирифта шудаанд.