Ғолибони гӯштини миллӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ муайян гардиданд

Ба ифтихори 25-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе оид ба гуштии миллӣ баргузор гардид.

Паҳлавонони умедбахши кишвар ҷиҳати иштироки фаъолона дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба “Наврӯзгоҳ”-и пойтатахт ҷамъ омада, рӯзи Ваҳдати миллиро сазовор таҷлил намуданд.

Дар нишастгоҳҳои “Наврӯзгоҳ” ҳаводорони зиёде барои тамошои ин чорабинии муҳими варзишӣ ташриф оварда, то соати 02:00 ҷамбаст гардидани мусобиқаро мунтазир монданд.

Дар мусобиқаи мазкур 8-даста — Хатлон 1, Хатлон 2, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии тобеи марказ, ВМКБ, минтақаи Рашт ва дастаи Федератсияи миллии гуштигирии Тоҷикистон барои ба даст овардани нишонҳои фахрӣ рақобат намуданд. Ин чорабинии муҳими варзишӣ аз рӯи панҷ вазн (65кг, 75кг, 85кг, 95кг ва +95кг) миёни мардон ва як вазн (60кг) миёни бонувон баргузор карда шуд.

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ Гӯштингирӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ:

Миёни бонувон:

Вазни (60кг)

1. Ҷонона Назарова

2. Фазилат Гулбоева

3. Аҳлия Муъминова

3.Руҳафзун Бекназарова

Миёни мардон:

Вазни то 65кг

1. Мулораҷаб Халифаев

2. Эмомалии Нуралӣ

3. Абдуллои Ориф

4. Баҳром Сӯфиев

Вазни то 75кг

1. Масъуди Аҳмадзод

2. Ҳайдари Саидкабирзода

3. Тошев Муҳаммадиқбол

4. Муҳаммадраҳим Сарахонов

Вазни то 85кг

1. Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода

2. Ҳақназар Назаров

3. Муҷиб Меҳробҷонзода

3. Ҳамроз Раҷабов

Вазни то 95кг 

1. Ҷаҳонгир Маҷидов

2. Комроншоҳи Устопириён

3. Мақсадулло Зоидов

3. Ҳомидов Ҷамшед

Вазни ба изофаи 95кг

1. Темур Раҳимов

2. Шарифҷон Назриев

3. Дадахон Курбоналиев

3. Бобоҷон Бобоев.

Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон медалу ифтихорнома ҳамчунин шоҳҷоиза автомашина ва ба ҷоизадорон туҳфаҳои пулӣ тақдим гардид.

Сорбон Амонуллозода

радиои “Тоҷикистон”