Тибқи арзёбии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милиали Мутаҳид вазъи ҷаҳон тайи ду соли охир боз ҳам мураккабтар гардида дар мавсими солҳои 2022 – 2023 истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон кам мешавад. Дар ин давра истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон нисбат ба соли гузашта 16 миллион тонна, аз ҷумла гандум 6 миллион тонна ва биринҷ 1,3 миллион тонна коҳиш меёбад.
Дар ин маврид Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ дар назди роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара, 18 июни соли 2022, таъкид намуда, аз сокиони мамлакат даъват карданд, ки онҳо ба истифодаи самараноки обу замин, аз умла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев мегўяд, ки танҳо оқилона ва самаранок истифода бурдани замин имкон медиҳад, ки мо буҳронӣ ғизоиро бемамониат паси сар намоем. Иқлими кишвари мо барои кишти такрорӣ низ мусоид аст, бояд аз он самаранок истифода кард. Дар ҳамин ҳол коршинос иброз медорад, ки олимони Иниститути ботаника физиология ва генетикаи растанӣ навъи гандумеро аз таҷриба гузарониданд, ки метавон онро дар кишти такрорӣ истифода кард. Ба қавли доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев «агар ин навъи гандум то ба 15 июл кошта шавад, ҳосили дилхоҳ ба даст меояд».
Дар вақти гузаронидани кишти такрорӣ бояд кишоварз ба технологияи коркарди замин, яъне маҷмўи тадбиру усулҳои парвариши зироат ва рўёндани ҳосили баланд риоя кунад.
Коршиносони соҳаи кишоварзӣ собит намуданд, ки ҳангоми кишти такрорӣ кишти омехтаи зироат барои оқилона ва самаранок истифода бурдани замин мусоидат мекунад. Доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев мегўяд, ки кишти омехтаи картошка бо лубиёгиҳо ба марди деҳқон имкон медиҳад, кишоварз дар баробари дар як вақт ба даст овардани ду ҳосил, инчунин қабати ҳосилхези заминро низ бо нуриҳои табиӣ ғанӣ гардонад.
Шароити ҷаҳони муосир моро, хусусан кишоварзонро водор месозад, ки ҳар ваҷаб замини гуҳаррезро самаранок истифода намоянд, ҷиҳати ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот дар кишти такрорӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд ва аз таҷрибаи олимони соҳа самаранок истифода кунанд, зеро кишти такрорӣ яке аз роҳҳои аслии таъмини амнияти озуқаворӣ дар шароити печида ва мураккаби имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонист.
Муродулло Раҳимов
барномаи «Ҳаёти деҳот»