Дар шаҳри Душанбе Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор мегардад.
Хабаргузории “Ховар” аз қавли сардори раёсати муассисаҳои томактабӣ ва таълимии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар додааст, ки чорабинии мазкур аз 1 то 7 июл мегузарад.
Гуфта мешавад, масъули баргузории олимпиада Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мебошад.
Қарор аст, дар Олимпиадаи байналмилалӣ 27 дастаи олимпии наврасон иштирок менамоянд, ки иборат аз 158 нафар хонанда ва 28 мураббӣ аз беш аз 10 кишвари ҷаҳон мебошад.
Илова бар иштирокчиёни тоҷик хонандагон аз Қирғизистон, Ӯзбекистон, Белорус, Афғонистон, Туркманистон ва Русия меоянд.
Ҳамчунин хонандагон аз Озарбойҷон, Муғулистон, Ҳиндустон, Шрӣ-Ланка, Чин, Сурия ва Куба иборат аз 20 даста, ки 134 нафаранд ба таври фосилавӣ ширкат меварзанд.
Ёдовар мешавем, ки «ISI Junior-2022» ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бахшида шудааст.
Он ба рушди тафаккури техникӣ, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ба омӯзиши амиқи фанҳои математика, дақиқ ва табиӣ нигаронида шудааст.
Қобили зикр аст, ки як сол қабл аз 1-ум то 10-уми июли соли 2021 чунин олимпиада дар Русия баргузор шуда буд, ки дар он иштирокчиёни тоҷик дар шакли фосилавӣ ҷойҳои 2-юм ва 3-юмро гирифтанд.