Бахшида ба 25-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ ин лаҳзаҳо дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ – варзишӣ баргузор гардида истодааст.
Айни ҳол дар қисмати аввали чорабинӣ ҳунармандони маъруфи кишвар сурудҳои ватандӯстона иҷро намуда истодаанд.
Пас аз қисмати фарҳангии чорабинӣ гуштии миллӣ баргузор мегардад, ки дар он паҳлавонони номдори кишвар бо ҳам рақобат менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст.
Нуралӣ Карим
радиои “Тоҷикистон”