Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон 24 то 26-уми июн мусобиқаи “UlaanBaаtar Grand Slam-2022” баргузор мегардад.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се ҷудокор – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни -73 кг) ва Амирҷони Насимҷон дар вазни -90 кг намояндагӣ мекунанд.
Барои ҷудокорони сайёра “UlaanBaаtar Grand Slam-2022” нахустин мусобиқа барои ҷамъ кардани холҳои олимпӣ барои роҳ ёфтан ба Бозиҳои Олимпии Париж-2024 маҳсуб мешавад. Иштироки ҷудокорони бомаҳорату беҳтарини кишварҳои қора дар ин мусобиқа дар назар аст.
Қувваозмоиҳо аз рӯи 14 вазн: 7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон сурат мегирад.
Сорбон Амонуллозода
радиои “Тоҷикистон”