“Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар бораи ҳайвоноти нодир ва табиати нотакрори диёри зебоманзари Тоҷикистон филми мустанад таҳия ва рӯйи навор меоварад. Дар ин бора аз “Тоҷикфилм” хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, таҳияи филм оғоз гардида, дар он олами флора ва фауна, манзараҳои зебо ва табиати нотакрори кишвар ба навор гирифта мешавад.
Гуфта мешавад, ҳадаф аз таҳияи филми мустанад ифшои розҳои нуҳуфтаи табиати афсункори Тоҷикистон ва олами набототу ҳайвонот ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳону ҷаҳонгардон арзёбӣ мегардад.
Манбаъ афзуд, гурӯҳи эҷодию техникии “Тоҷикфилм” ба хотири аз наздик шиносоӣ пайдо намудану наворбардорӣ аз тарзи зисту зиндагонии ин ҳайвони камшумул ба минтақаи Даштиҷум сафари корӣ анҷом додаанд.
Кӯҳҳои сарбафалаккашида, манзараҳои дилфиреб ва дараву макони хушобу ҳавои ин гӯшаи диёрро рӯйи сафҳаи дурбинҳои наворбардорӣ мунаққаш сохтанд, ки дар пардаи синамо басо ҷолибу дилангез таҷассум хоҳад гашт.
Филм бо се забон таҳия гардида, барои тамоми алоқамандони синамо пешбинӣ мешавад.