Дар майдони “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе рӯзи 27 июн ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад.
Тавре Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад, чорабинии мазкур рӯзи соати 18:00 оғоз гардида, қабл аз оғози он намоиши ҳунарҳои мардумӣ сурат мегирад.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дар чор ноҳияи пойтахт барномаҳои фароғатӣ доир мегардад.
Гуфта мешавад, дар ин рӯз дар театрҳои шаҳри Душанбе намоишу барномаҳои фарҳангӣ манзури сокинону меҳмонони пойтахт гардонида мешавад.
Қобили зикр аст, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ҳамчун оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик ба шумор меравад.