Иддае аз сокинон мегӯянд, ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда аз сӯи ниҳодҳо ба таври зарурӣ кумак дарёфт намекунанд. Онҳо мегӯянд, дар аксар вақт муроҷиат ба сохторҳои марбута низ натиҷа намедиҳад.
Сайфулло Назаров, яке аз шикояткунандагон, ки маъюб низ будааст, ба радиои “Тоҷикистон” гуфт, соли 2020 хонааш дар шаҳри Ваҳдат сӯхт ва даҳҳо ҳазор сомонӣ хисорот дид, вале бо вуҷуди шикоятҳои батакрораш ягон ниҳод як сомон ҳам надод.
Ба ҳамин монанд кам нестанд шунавандагони радиои “Тоҷикистон”, ки мегӯянд хисороти дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда ба вуҷуд омада аз сӯи ниҳоде талофӣ шавад.
Ҳамсуҳбати дигарам, сокини деҳаи Қосимободи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Ӯ мегӯяд, дар заминҷунбии шадиде, ки чанде пеш сурат гирифт, деворҳои чандин хонаҳои истиқоматии деҳаашон кафидаву корношоям шуданд, вале барои рафъи ин зарар аз ҷое кумак нагирифтаанд. Мусоҳибам ҳарчанд ба ҷое муроҷиат накардааст, вале мегӯяд, масъулин аз ин хабардор ҳастанд, аммо кӯшише сурат намегирад, то хонаҳои зарардидаи мо таъмир шавад.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола масъулини шаҳру ноҳияҳо аз кумаку дастгирӣ намудани зарардидагон аз офатҳои табиӣ гузоришҳо медиҳанд.
Подполковник Фаридун Ҷӯраев, сардори Раёсати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат ба радиои “Тоҷикистон” гуфт, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба низоми ягонаи давлатӣ дар мавриди пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, раисони ноҳияву ҷамоатҳо ҳамчун раиси комисия оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда ба ҳисоб мераванд.
Фаридун Ҷӯраев афзуд, бо супориши роҳбарияти Кумита ва шуъбаи онҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ корҳои санҷишӣ гузаронданд, вале ягон хонае, ки аз заминҷунбии охир вайрон шуда бошад, маълумот пайдо накарданд. Шояд, гуфт ӯ, баъзе хонаҳое, ки деворҳояш похсагӣ буду таҳдевори мустаҳкам надошт осеб дида бошад, вале зарари ҷиддиро комиссияи онҳо аз заминҷунбии шадиди охир муайян накард. Аммо ӯ ҳамзамон гуфт:
“Тибқи қарори Ҳукумат дар бораи таснифи ҳолатҳои фавқулодда то 50 хона, агар вайрон шуд, ҳукумати маҳаллӣ таъмиру аз навсозияшро бар уҳда мегирад”.
Аммо дар суҳбате, ки бо чанде аз масъулини ҳукуматҳои маҳаллӣ доштем, эшон дар посухҳои ғайрирасмӣ мегуфтанд, дар тақсими будҷаи ноҳия маҳз ба хотири рафъи зарари офати табиии маблағ равона намегардад. Барои ин, ба гуфтаи онҳо, дар аввали сол бояд ин хароҷотро дар тақсими маблағи будҷа шинонанд. Ин аст, ки коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон кишвари кӯҳӣ аст ва ба вуҷуд омадани ҳолатҳои нохуш ва дар натиҷа расидани зарари зиёд ба аҳолӣ ва молу амволашон ҳамасола вуҷуд дорад, ба ин хотир бояд аз будҷаи кишвар дар ин самт маблағ ҷудо шавад.
Фаридун Ҷӯраев, сардори Раёсати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи Кумитаи Ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин робита мегӯяд, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пуркунии манбаи захираҳои моддӣ барои пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ амал мекунад, аммо мушкил дар он аст, ки аксар ноҳияҳои мо худмаблағгузор нест ва онҳо бо даромади каме, ки доранд наметавонанд масъалаи маблағгузорӣ ба ин самтро ҳал кунанд. Аммо коршиносон мегӯянд, маҳз ба хотири набудани маблағи зарурӣ дар ноҳияҳо, бояд аз ҳукумати марказӣ ҳамасола баҳри рафъи ба вуҷуд омадани ҳолатҳои эҳтимолии фавқулодда мусоидат шавад.
Саидэҳсони Ҷалолиён
радиои “Тоҷикистон”