Шурӯъ аз 20 июни соли равон ҳаракати қатораи мусофирбарии Душанбе – Тошканд – Душанбе ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора ба радиои “Тоҷикистон”аз КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” хабар доданд.
Тавре қаблан, хабар дода будем, ҳаракати қатораҳои мусофиркашонӣ дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Самарқанд-Тошканд-Душанбе дар асоси мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон ба даст омада буд.
Гуфта мешавад, қатора ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе аз вокзали шаҳри Душанбе соати 18:37 ба роҳ мебарояд.
Самти ҳаракати қатора аз шаҳрҳои Сариосиё, Деҳнав, Қунғургон, Қаршӣ, Самарқанд ва Ҷиззах мегузарад.
Мусофирон имконияти дар ин истгоҳҳо савор шудан ва поин шуданро доранд.
Шаҳрвандон метавонанд аз хазинаҳои чиптафурӯшии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” билет дастрас намоянд.