Кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо роҳандозии як амалиёти муваффақ чор нафареро, ки қариб буд дар дарёи Сир ғарқ шаванд, наҷот доданд. Дар ин бора сомонаи расмии КҲФ хабар додааст.
Ин манюаъ дар тафсилоти хабар менависад, ки ҳодиса рӯзи 11-уми июн, тахминан соати 14:40 дақиқа рух додааст. Чор нафар сокинони кӯчаи Холмуродови ноҳияи Ҷабор Расулов ҳангоми шиноварӣ дар ҷои манъшуда барои оббозӣ дар мавзеъи истироҳатии Наврузгоҳи дарёи Сир аз надонистани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудаанд.
Гуфта мешавад, амалиёти саривақтии наҷотдиҳандагони Кумита дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, ки дар соҳилҳои дарё навбатдории шабонарӯзиро ба роҳ мондаанд, сабаби наҷоти саривақтии онҳо шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамаи онҳо узви як хонадон будаанд, ки яке 37 – сола буд ва се нафари дигар аз 10 то 13 сол доштанд.