Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.
Қонунҳо “Дар бораи истеҳсолоти иҷро”, “Дар бораи мараторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ”, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”, “Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардида, тартиби маҷбурии иҷрои санадҳои судӣ, дигар санадҳои мақомоти давлатӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иҷрочиёни мақомоти иҷроро муайян менамояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мараторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” ба боздошти санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ равона гардида, ба рушди соҳибкорӣ, пешрафти фаъолияти соҳибкорон ва бунёди ҷойҳои нави корӣ нигаронда шудааст.
Қонунҳои қабулгардида барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ ва беҳдошти зиндагии аҳолӣ равона шудаанд.
Қонунҳо дар матбуот интишор карда мешаванд.