Имрӯз 8-уми июн дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови Бишкек, марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Мянмар баргузор гардид.
Дар бозии аввал тими мунтахаби Тоҷикистон тавонист бисёр бозии ҷолиб нишон дода, ғалабаи калонро ба даст биёрад. Дидори дастаҳо бо натиҷаи 4:0 бар фоидаи тими миллӣ ба поён расид. Ҳисоби вохӯриро дар дақиқаи 9-уми рақобат Шервонӣ Муҳабатшоев боз намуда, ҳисоби бозиро 1:0 намуд. Қисмати аввали бозӣ бо ин натиҷа ба поён расид. Дар дақиқаи 56-уми қисми дуюми рақобат Манучеҳр Ҷалилов аз зарбаи 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) ҳисоби бозиро 2:0 кард. Баъд аз гузаштани ду дақиқа, аниқтараш дар дақиқаи 58-ум Шервонӣ голи сеюми бозиро ба самар расонида, ба номаш дубл сабт намуд. Дар дақиқаи 84-ум бошад Эҳсони Панҷшанбе голи ниҳоиро ба самар расонид ва тими мунтахаби Тоҷикистон тавонист, ки дар бозии аввалинаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ғалабаи калонро ба даст биёрад.
Ҳамин тариқ тими мунтахаби Тоҷикистон тавонист дар бозии бисёр муҳим ғалаба ба даст оварда, се имтиёзи муҳимро дар гуруҳи “F”-и марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 соҳиб шавад.
Бояд қайд намоем, ки мунтахаби Тоҷикистон бозии дуюмашро рӯзи (11-июн) бо Сингапур мегузаронад. Бозии ҷамбастии гуруҳии тими миллӣ бо мизбони мусобиқа мунтахаби Қирғизистон (14-июн) ба нақша гирифта шудааст.
Сорбон Амонуллозода