Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо ноиби президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба сиёсат ва шарикӣ Марк Боуман мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки дар асоси Ёддошти тафоҳуми баимзорасида миёни Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва вазоратҳои нақлиёт, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба хотири таъмини баробарии гендерӣ дар қонунгузории нақлиёт ва меҳнат як қатор масъалаҳо, аз ҷумла мусоидат ба шуғл ва тақвияти малакаҳои занону духтарон дар соҳаи нақлиёт баррасӣ шуда истодаанд.
“Дар фарҷом тарафҳо оид ба тақвияти ҳамкории минбаъда ва самаранок татбиқ намудани лоиҳаи мазкур ба мувофиқа расиданд”, – омадааст дар хабарнома.