Қисмати расмии Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» анҷом ёфт.
Оид ба натиҷаҳои ҷамъбастии Конфронси зикршуда Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Чжэнмин дар «Кохи Сомон»-и бустонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хабарнигорони дохилӣ ва хориҷиии муқими Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор намуданд. Дар ин нишаст Сарвазири кишвар зикр кард, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон рӯзҳои 6-9 июни соли 2022 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» баргузор гардид. Дар Конфронси мазкур зиёда аз 2500 нафар меҳмонон аз 170 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла аз 75 кишвар бо ҳайатҳои расмӣ, ва намояндагони беш аз 100 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд, институтҳои тадқиқотӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва олимон ширкат намуданд. Инчунин 500 нафари дигар аз кишварҳои гуногун ба таври маҷозӣ дар Конфронси мазкур баромад намуданд.
Ҳамчунин Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иброз дошт, ки дар ҷаласаҳои пленарии Конфронси Душанбе 12 панел дар мавзӯъҳои оби нӯшокӣ ва санитария, мудирияти захираҳои обӣ (IWRM), самаранокӣ ва маҳсулнокии об, сифати об ва экосистемаҳо, афзоиши иқтидор, аз ҷумла беҳтар намудани дониш ва таҳсилот, коммуникатсияи марбут ба об, тарғиб ва иртиботот, ҳамкориҳо дар соҳаи об, масоили вобаста ба об, озуқаворӣ, энергия ва муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва паст кардани хатари офатҳои табиӣ, устувории об дар шаҳрҳо ва шаҳракҳо, маблағгузорӣ ва инфрасохтори устувор, масъалаҳои об барои қишри осебпазири мардум, инчунин муҳоҷирон ва паноҳандагон баргузор гардиданд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар чаҳорчубаи Конфронс панҷ форум дар сатҳи баланд, нуҳ панели мавзуӣ, се панели интерактивӣ ва ёздаҳ чорабиниҳои тарафайн гузаронида шуд.
Сипас дар ин нишаст муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Чжэнмин сухан карда зикр кард, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба ҳадафҳои гузошташуда мувафақ гардид. Лю Чжэнмин барои дар сатҳи баланд гузаронидани чунин чорабинии байналмилалӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд. Номбурда чунин гуфт, ки Конфронси Душанбе ҷиҳати фаъолсозӣ ва таҳкими талошҳо барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи захираҳои об шароити зарурӣ ва саривақтӣ фароҳам овард. Гуфта шуд, ки дар ҷаласаҳои мазкур муовинони сарвазирҳои Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ба таври онлайнӣ ва ҳузурӣ, вазирону коршиносони соҳа аз дигар давлатҳои даъватшуда, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, созмонҳои илмиву тадқиқотӣ ва таҳлилӣ бо маърӯзаҳо баромад карданд.
Агарчӣ Конфронси Душанбе расман анҷом ёфта бошад ҳам, барномаҳои дигар идома меёбанд. Аз ҷумла, дар назар аст, ки барои меҳмонони Конфронси Душанбе сайёҳати шаҳри Ҳисор, дараи Варзоб, ва тамошои обанбори Норак НБО-и Роғун ташкил карда мешавад.
Аз натиҷаи Конфронси мазкур Эъломияи Душанбе 2022 қабул карда шуд.
Машраби Холмаҳмад
радиои «Тоҷикистон»